Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзи Президент" чӣ гуна пайдо шуд? Хотираҳои як хабарнигор


Раҳмон Набиев дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб. Соли 1992
Раҳмон Набиев дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб. Соли 1992

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори мустақил

Бознашр аз блоги муаллиф

Раҳмон Набиев, нахустин раиси ҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон, дар он шабу рӯзҳо ҳамроҳ бо гурӯҳи депутатҳои ҷиноҳи демократии Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Дар шумори Аслиддини Соҳибназар, Тоҳири Абдуҷаббор, Бозор Собир, Ғоибназар Паллаев, Шариф Ёқубов, Ҳайдаршо Акбаров, Сафаралӣ Кенҷаев, Даврон Ашӯров, Сайфиддин Тӯраев, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Далер Шораҳматуллоев, Шириншо Шафоатов ва чанд нафари дигар, ки шуморашон аз 70 бештар буд.

Дарде, ки ҷону тани мардумро мекоҳонд, ин буд, ки Қаҳҳор Маҳкамов бо вуҷуди куштори 25 нафар дар баҳманмоҳи 1990 курсии Котиби аввали Ҳизби коммунистро бо Президенти Тоҷикистон иваз кард ва худ истеъфо доду аммо нарафт. Набиев ин рафтори Маҳкамовро накӯҳиш мекард ва мегуфт, ки сад тахту тоҷ ба як қатра хуни инсон намеарзад.

Дар ҳамон мусоҳибаи “Шаби ялдо” ҳам худобиёмурз бо сароҳат эълон кард, ки агар ҷойи Маҳкамов буд, ҳатман истеъфо медод. Вале баъдан ин ҳарфи гуфтааш барояш дардисарҳое ба бор овард. Дар қасри машҳури Арбоб.

АЗ “ШАБИ ЯЛДО” ТО “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ”

Он вақт на диктофон буд, на мисли ҳозир телефонҳое, ки бишавад сабт кард. Бо як ручкаву чанд варақи сафед нишастаам дар рӯбарӯи Раҳмон Набиев дар утоқи кориаш дар Ҷамъияти ҳифзи табиати Тоҷикистон, бинои ҳозираи Вазорати фарҳанг.

Хеле қисса кард, ҳарфи дилашро зад. Ба Мақсудҷон (шодравон Мақсуд Ҳусейн, хабарнигори “Тоҷикистони Советӣ”) занг зад. Омад. Гуфт, ки акс бигирад. Ва гуфт, ки қабл аз нашр ба наздаш оварам, то бубинад. Ҳамин тавр ҳам кардам.

Гуфт, бояд якҷо бо Сафаралӣ Кенҷаев ва Ҷӯрабек Муродов матнро бубинем. Гуфтам, ки Кенҷаев узви ҳайати машваратии нашрия аст. Хуллас, баъд аз онки мутмаин шуд, чопи матлаб барояш мушкил пеш намеоварад, розӣ шуд.

“Шаби ялдо” дар шумораи аввали “Чароғи рӯз” чоп шуд ва сарусадое барпо кард, ки то бас гуфтан. Набиев розӣ буд. Куртаи сафеду шими сиёҳ дар бар ба пешвозам баромад ва чанд дона газетаро ба дасташ додам. Сахт хурсанд буд. Гуфт, дар “Селхоз” (Институти хоҷагии қишлоқ) хелеҳо хондаанд. Янгаатон гуфт, ки ҳоло хомшӯрбо кардааст ва мунтазири шумо. (Ҳамсари Набиев Майсара Саъдуллоевна Набиева декани факултети иқтисодии ҳамин донишгоҳ буд)

Ман маъзарат хостам ва ба манзили зисти эшон нарафтам. Шарм кардам. Аммо аз ҳақ набигзарем, ки ҳамин “Шаби ялдо” буд, ки боис шуд шумораи аввали “Чароғи рӯз” чоп шавад. Инҷо маҷоли тафсили ин тарафи кор нест ва фақат ҳаминро бигӯям, ки одамҳои Набиев барои чопи газета мусоидат карданд.

“Шаби ялдо”-ро Бобохон Алиевич Маҳмадов, раиси Кумитаи табъу нашр, на танҳо мутолаа, балки бо қалами худаш ислоҳҳое ҳам дароварда буд...

Баъдан замони интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши редаксия наздаш омадам барои мусоҳиба. Ситоди интихоботиаш дар ҳамон Идора буд. Дар утоқи кориаш Имомназар Келдиев, Давлат Даврон ва Тағоймуроди Маҳмадмурод (собиқ раиси КГБ дар ВМКБ) нишаста буданд. Аз ину он тараф сӯҳбат кардем. Чун гуфтанд, мунтазир бошам ҳамин ҳоло дар роҳ аст ва мерасад.

Раҳмон Набиев омад ва вориди утоқи кориаш шуд. Дар як они воҳид утоқи корӣ ва долону саҳни бино пури одам шуд. Аз дар даромад бо ду нафар, ки якеашон Кенҷаев буд, дастӣ салом кард ва вақте ба мизи кориаш нигоҳ карду маро дид, дигар мустақим омад ва оғӯш кушод. Кӯдаквор хурсанд шуд. Гуфт, мо утоқи дигар мегузарем. Сӯҳбат кардем ва гуфтам барои шумора мусоҳиба мекунем. Азбаски матбуоти мустақил алайҳаш ҷабҳа гирифта буд, хеле нороҳат буд.

“Ман чӣ коре бад кардам”, ки муқобили ман ин ҳама суханҳои носазо? Ин замон буд, ки касе даромаду нишаст. Набиев пурсид, ки шумо кӣ ҳастед? Он шахс худро Ҳабиб Сулаймонӣ номид. Набиев аз ӯ хост, дертар биёяд. Ӯро берун кард. Ин замон буд, ки Абдуллоҷонов даромад. Мехост, бо Набиев танҳо бошад, ки Набиев рӯи хуш надод. Рост истод. Саволомез сӯяш нигоҳ кард. Абдуллоҷонов ба гап даромад: “Раҳмон Набиевич, ҳар касе дар бораи мелкомбинати Орҷоникидзеобод ба шумо хабар оварда бошад, бовар накунед. Мо ҳамакаса шуморо ҷонибдорӣ мекунем”.

Набиев зиёд гап назад. Як даҳон гуфт, ки “Абдумалик, худатон ӯй (фикр) кунед”. Абдуллоҷонов пуштнокӣ ва ду-се бор дастҳо пеши бар таъзим кард ва бо миёни хам берун баромад. Ин вақт буд, ки Мақсудҷон Ҳусейн омад. Набиев хурсанд шуд. Боз дар боз шуду Ҳабиб Сулаймонӣ дубора даромад ва гуфт, ки барои “Ҷавонони Тоҷикистон” мусоҳиба мекунаду розӣ бошем, бишинад.

Маълум буд, ки аъзои Ситод ғаш карданд, дар дилашон алов ғалтид ва дар изтироб афтоданд, ки Набиевро бо ман, хабарнигори “Чароғи рӯз”, танҳо гузоштанд. Аммо он замон як ҷавони 23-24 сола будам, аслан аз ин ҳарфҳо дарак надоштам, вале пай бурдам, ки мушавваш шуданд.

Раҳмон Набиев илтимосомез мегуфт, ки “ба Додоҷон гӯед, ки ин хел накунад. Ман чӣ кори баде барояш кардам? Гӯед, наздам ояд. Ман мӯсафед. Якҷо нишаста будам, шумоҳо маро ба майдон овардед. Чаро ҳоло намеоед? Ман ҳукуматро мегирам, президент мешавам. Аммо бароям он қадар ин вазифа муҳим нест. Мехостам баъзеҳоро бинам, ки чӣ тавр бо ман салому алейк мекунанд? Ман Ваҳҳоб Воҳидовро одам кардам, аммо бародарам мурд, ҳатто фотиҳа наомад. Абдураҳмон Дадабоев як раҳ аз пешам мегузашт. Ва гуфт, ки ман ҳукуматро мегирам, Тоҳирро ҳам меораму Шодмонро ҳам (Манзураш Шодмон Юсуф ва Тоҳири Абдуҷаббор буд). Ҳамаашро ба ҳамин мардум медиҳам. Шояд як сол ҳастам, ё ду сол ҳастам...”

Дар охир гуфт, аз шумо як хоҳиш дорам: "Як бор аз назди Мирзо Бобоев, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Воҳидов ва Додобоев гузаред ва фаҳмед, ки дар бораи ман чӣ фикр доранд?"

МУСОҲИБАИ ДУВУМ, ВАЛЕ НАШРНАШУДА

Ба суолҳо дарҳаму барҳам посух дод, баъд дилгир шуд ва гуфт вобаста ба шароити интихобот “як чиз худатон навишта оед”. Мақсудҷон гуфта, ба тарафи Мақсуд Ҳусейн баргашту гуфт, “бо Абдуқаюм ҳамроҳ нависед”.

Ин мусоҳиба чоп нашуд, зеро сардабир Салими Аюбзод аз он розӣ набуд ва гуфт, то интихобот ду рӯзи дигар мондааст ва дар ин муддат бо номзадҳои дигар гуфтугӯ омода кардан номумкин аст. Сарлавҳаи ин навиштаи номатбуъ “Бо замона ҳисоби ман пок аст” буд, ки аз як байти бузурги миллат Лоиқ гирифта шудааст. Ва он ишораҳое дошт. Зеро вақте Кремл Набиевро иттиҳом заду аз кор гирифт, яке аз айбҳои ӯ ба Лоиқ бидуни навбат манзили зист доданаш буд.

Узви ситоди Набиев, устоди рӯзноманигорон Иброҳим Усмонов дар китобаш “Сулҳнома” аз он мусоҳиба ёдовар шуда навиштаанд, ки Қаюмзод аз Набиев суол кардааст, ки агар раиси ҷумҳур шавед, аз рӯи Қонуни Асосӣ амал мекунед ва ё Қуръон? Аммо ман чунин саволро на он вақт ва на имрӯз намедодам ва надодаам. Савол ин буд, ки ба ҳангоми адои савганд Қуръон ҳам дар канори Қонуни асосӣ меистад, ё хайр? Зеро он вақт ҳамин гуна сару садоҳое ҳам буд, ки Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳурии Туркманистон даст рӯи Конститутсия ва Қуръон гузошта, савганд хӯрдааст...

Бори охир Раҳмон Набиевро дар толори қасри Арбоб дар Иҷлосияи 16-умии Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд дидам.

Оши оштӣ. Соли 1992
Оши оштӣ. Соли 1992

Бигзоред, инҷо аз аввалаш ва як каме бештар бигӯям. Барои онки намояндаи Фронти Халқӣ, минҳайси тарафи ғолиби ҷанг, роҳбарии давлатро бигирад, вуҷуди Раҳмон Набиев, раиси ҷумҳурии мунтахаби мардумӣ ва коршоямии ӯ халал мерасонд ва имкон намедод, магар инки худаш ба таври расмӣ истеъфои худро эълон кунад ва Шӯрои Олӣ онро бипазирад. Зеро истеъфои Набиев дар сентябри соли 1992 дар фурудгоҳ маҷбурӣ буд ва метавонист, ки онро рад ва даъвои мансаб кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Фронти халқӣ барои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ - барқарории Набиев ба мақоми раиси ҷумҳурӣ ва Сафаралӣ Кенҷаев ба мақоми раиси Шӯрои олӣ - мубориза ва ҷанг мекард. Дар ҳар ҳол, то ҳамин иҷлосия ҳадафи худро Фронти халқӣ ҳамин тавр мегуфт.

Аз шумори депутатҳои Шӯрои олӣ барои ба иҷлосия овардани Президенти мунтахаб як гурӯҳи корӣ ташкил доданд. Ёдам ҳаст, ман ва ҳамкорам Мирзои Салимпур, хабарнигори маъруфи тоҷик ҳам шомили он гурӯҳ шудем. Алиҷон Солибоев, раиси Кумитаи давлатии амният розӣ шуд, ки мо ҳам биравем, вале вақте ба назди автобус омадем, чизеро фикр карданду моро аз пас гардониданд.

Қиссаи овардани Набиев ба ин иҷлосия дароз аст. Бори аввал дар раъси Ҳабибулло Табаров ба манзили ӯ рафтанд, вале муваффақ нашуданд. Бори дувум бо роҳбарии Абдумаҷид Достиев рафтанд ва ӯ омад. Ин манзара ҳеҷ аз ёдам намеравад.

Дар даҳлези васеи қасри Арбоб бо чанд нафар машғули сӯҳбат буд. Ин вақт Исмати авулӣ - аз ҷавонони Душанбе, ҳамон нафаре, ки дар фурудгоҳ водор кард, хатти истеъфояшро нависад, омад ва аз пушт дасташро рӯи китфи Набиев гузошт. Ӯ пас гашт ва Исматро диду як такони сахт хӯрд ва ранг аз рухаш парид, қариб буд ба замин меафтод, сахт тарсид. Намедонам чи гуфтанду гирифтанд, чун каме дуртар будам.

Боз ҳама вориди маҷлисгоҳ шуданд ва ба Набиев сухан доданд, то истеъфояшро эълон кунад. Зеро ҳарду ҳайати эъзомии вакилони ба манзилаш рафта мушаххас ва мӯъҷаз барояш гуфтанд, ки “шумо дар ҷанг канори кӯлобиҳо наистодед. Акнун мо ҳукуматро намедиҳем” ва шумо бояд истеъфо бидиҳед, то машруияти ҳукумат ва интиқоли қонунии қудрат фароҳам шавад.

Набиев хеле тӯлонӣ суҳбат кард вале аз эълони истеъфо дараке набуд. Тамом кард ва омаду нишаст. Толорро ях зад, чун Набиев эълон накард.

Навор аз бойгонии Радиои Озодист. Гуфтумонҳои 28 сол пеш дар Иҷлосияи 16-ум:

Иҷлосияи Хуҷанд: Чеҳраҳо ва баҳсҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:21 0:00
Линки мустақим

БЕХГӮШИҲОИ ПАСИ МИКРОФОН

Шодравон Акбари Саттор, хабарнигори “Садои мардум” низ дар он иҷлосия ҳузур дошт ва онҳо стенограммаи мукаммали ҷаласаро омода мекарданд. Онҳо дар гӯшҳояшон “наушник” доштанд ва тамоми садои микрофон ва давру бари он дар минбарро баҳузур мешуниданд. Он бегоҳ бароямон қисса кард, ки садои Эмомалӣ Раҳмонов меомад, ки мегуфт муҳтарам Раҳмон Набиев вақт рафта истодааст, кӯтоҳ кунед ва истеъфоро эълон кунед. Аммо Набиев худро ба нофаҳмӣ мезад.

Эмомалӣ Раҳмон (Раҳмонов), соли 1992
Эмомалӣ Раҳмон (Раҳмонов), соли 1992

Раҳмонов чанд навбат такрор кард. Ҳатто як навбат гуфт, ки хӯрокҳо хунук шуда истодааст. Ҳама чиз фароҳам шудааст, зиёфат омода аст...

Ниҳоят, Набиев истеъфояшро баъди бори саввум болои минбар баромадан эълон кард ва бо ҳамон дар 63-солагӣ аз ҳокимият рафт. Раиси ҷумҳуре, ки аз тарафи халқ бо касби беш аз 58% баранда шуда буд, таҳти фишор ва барои онки натавонист дар даст силоҳ бигирад ва дар канори муборизони барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ вориди ҷанг бишавад, аз мақом даст кашид.

Шӯрои Олӣ ба ӯ импичмент эълон накарда буд. Танҳо барои онки ба ғолибони ҷанг зимомро бидиҳад, даст ба иқдоме зад, ки салоҳият надошт. То ҳамин имрӯз варақ ва ё коғази аризаи истеъфои Набиевро касе надидааст ва он аслан вуҷуд надошт.

Ба ӯ, ки тамоми шароити нигаҳдорӣ ва имтиёзҳои раиси ҷумҳуриро ваъда карда буданд, 5 рубл нафақа таъйин мекунанд. Вай ба таври мармуз дар манзили зисташ дар 11-уми апрели соли 1993 аз ҷаҳон даргузашт. Мақомот иллати фавти ӯро “инфаркт” гуфтанд. Аммо ҳамсараш баъдҳо парда аз роз бардошт ва гуфт, ки ӯро буғӣ карда куштаанд.

Санади иллати марги ӯро (справка о смерти) ҳам касе надидааст. Муоинаи ҷасади ӯ аз тарафи вазири тандурустии ҳамонвақта Аъламхон Аҳмадов сурат гирифта ва дар маросими дафни ӯ Эмомалӣ Раҳмонов, раиси Шӯрои олӣ ширкат мекунад. Раёсати комиссиюни давлатии дафнро Абдумалик Абдуллоҷонов, раиси Шӯрои вазирон бар ӯҳда дошт.

Ҷасади Ромиш, писари бузурги Раҳмон Набиевро ҳам дар ҳамин манзили зисти падарӣ ва бо алоими марги маҷбурӣ дар соли 1997 пайдо карданд. Писари дувуми Набиев – Рустам чанд муддат ба сифати намояндаи “Газпром” дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, аммо ӯ ҳам ночор мешавад тамоми тиҷораташро раҳо ва тарки Тоҷикистон кунад.

Ба навиштаи матбуот, танҳо духтари Набиев - Мунаввара дар “Ориёнбонк” ба ҳайси иқтисодчӣ фаъолият мекард, аммо бо омадани Ҳасан Асадуллозода дар соли 2002 ҷойи корашро аз даст медиҳад. Ва Майсара, ҳамсари Набиев ҳам, ки аз Русия барои гузарони рӯзгораш нафақа дуруст карда буд, дар як сӯхтор дар манзили зисташ дар кӯчаи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд дар 27-уми декабри соли 2017 ба ҳалокат мерасад. Ходимони идораи оташнишонӣ ҷасади беҷони ӯро дар манзил пайдо мекунанд. Ҳамин тавр, хонаи ӯ ҳам сӯхт ва ё сӯзонида шуд, номаълум мондааст.

Раҳмон Набиев аз минбари иҷлосияи 16-и Шӯрои Олӣ дар қасри Арбоб вақте истеъфояшро чору ночор эълон мекард, тахминан чунин гуфта буд: - Агар бо истеъфои ман ҷанги бародаркуш хотима ёбад ва дар кишвар пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад ва сулҳу оштӣ бозгардад, ман омодаам, ки истеъфо диҳам... Аммо... на истеъфо, на марги мармузаш ва на қатли фарзанди бузургаш ва на ҳамон иҷлосияи таърихӣ пеши ҷангро гирифта натавонист...

Бо ин вуҷуд дар Тоҷикистон Рӯзи Президент аст.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG