Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 чизи донистанӣ дар бораи ҷанг ва сулҳи тоҷикон. ВИДЕО 


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон пас аз имзои созишномаи сулҳ дар Маскав
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон пас аз имзои созишномаи сулҳ дар Маскав

Иди “Ваҳдати миллӣ”, ки аз соли 1997 ҳамасола рӯзи 27-уми июн таҷлил мешуд, имсол бинобар хатари сирояти коронавирус дастаҷамъӣ ҷашн гирифта нашуд. Панҷ чизи донистанӣ аз ин рӯзро бихонед ва тамошо кунед.

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи ҷанг ва сулҳи тоҷикон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00
  1. 27-уми июни соли 1997 Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифони тоҷик дар Маскав созишномаи сулҳро имзо карданд. Ин созиш ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт.
  2. Бар пояи ин санад курсиҳои ҳокимият бо таносуби 70 бар 30 тақсим шуданд. Иттиҳоди мухолифони тоҷик аз Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва созмони “Лаъли Бадахшон” иборат буд. Русия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон Покистон Қирғизистон ва Туркманистон кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон буданд.
  3. Иҷрои шартҳои сулҳ аз соли 1997 то 2000-ро дар бар мегирифт. Ҳанӯз то поёни он аз саҳми 30 дарсадаи мухолифон дар ҳукумат мақоме намонд. Соли 2015 ҲНИ- ҳизби мамнӯъ ва террористӣ эълон шуд. Беш аз 200 узви ҳизб зиндонӣ ва қисме аз кишвар фирор карданд.
  4. Расонаҳои давлатӣ президент Эмомалӣ Раҳмонро поягузори сулҳ меноманд. Мухолифон мегӯянд, як ҷониб ба танҳоӣ наметавонист сулҳ кунад. Дар Тоҷикистон 27-уми июн ҳамчун рӯзи Ваҳдат таҷлил мешавад ва рӯзи истироҳат аст. Мухолифон мегӯянд баъди манъи фаъолияти ҲНИ ин ид моҳияти худро аз даст дод.
  5. Дар 5 соли ҷангӣ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бино бар омори расмӣ 150 ҳазор кас кушта, 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Бинобар ҳисобҳои расмӣ ҷанг ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар зиён расонд ва рушди мамлакатро як даҳсола ба ақиб андохт.
XS
SM
MD
LG