Баҳманёр Аминӣ, яке аз хушномтарин адибони муосири Тоҷикистон шаби гузашта дар сини 66-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гуфт, ки то ду рӯзи пеш саломатии Баҳманёр хуб буд, аммо дар ин авохир аз дарди меъда шикоят дошт. Дар ҳамин ҳол, наздиконаш гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд ӯ аз сактаи қалбӣ даргузаштааст.
Ҷасади ин нависандаи шинохтаро аз Душанбе ба зодгоҳаш деҳаи Ғаззаи поёни Панҷакент интиқол доданд ва маросими ҷанозаи ӯ фардо баргузор мешавад.
Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Хатмкардаи риштаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳоло Донишгоҳи миллӣ буд.
Хабарнигори рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” буд. Солҳои 1983 -1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷим кор кардааст. Баъди бозгашт ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ба кор даромад. Сипас то соли 1992 мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба зодгоҳаш - Панҷакент рафт. Соли 2002 ба Душанбе даъват шуд ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - “Садои Шарқ” - таъин гардид.
Баҳманёр бо сабки хос ва мавзуъҳои тозае вориди адабиёт шуд ва як водии тахайюлии Сармадро бунёд кард, қаҳрамононаш аз ҳикоя ба ҳикоя ва сипас ба роман кучида, зиндагии худро давом доданд.
"Ишқи сайёд" ,"Аспи обӣ", "Зарринаи Зарнигор" маҷмӯи ҳикояҳо ва қиссаҳои нависанда буда, "Сармаддеҳ" ва "Шоҳаншоҳ" романҳои Баҳманёр мебошанд. Вале романи севумаш "Ғӯтях" ё "Айсберг" бо дасти худи нависанда нобуд шуд.
Барандаи ҷоизаи ба номи устод Айнӣ буд.
Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд: ду писару ду духтар.