Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ қазияи Шерафганро "худкушӣ" номид. Бемаошӣ, қарздорӣ ва фарзияҳои дигар таҳқиқ мешаванд


Муфаттишони Додситонии нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 27-уми октябр чанде аз кормандони масъули Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо дар робита ба марги Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши амнияти фурудгоҳ бозпурсӣ кардаанд.

Бархе аз онҳо роҳбарони ин шахс ва бархеи дигар ҳамхидматону шоҳидон буданд. Дар Додситонии нақлиёт рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодисаро ҳамчун "худкушӣ" таҳқиқ доранд.

Дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, Хоҷақулов бо истифода аз силоҳи хидматӣ -- автомати "калашников" худкушӣ кардааст. Дар бораи ҳодиса ва сабабҳои он то ҳол маълумоти расмӣ нашр нашудааст.

Наздикони Шерафган Хоҷақулов гуфтанд, ӯ ба сабаби нагирифтаи маоши чандмоҳаи худ ва хатари ронда шуданаш аз хонаи иҷора даст ба худкушӣ зад. Вале дар маъмурияти фурудгоҳ гуфтанд, "ҳодиса ба масъалаи маош рабт надорад" ва музди Шерафган Хоҷақулов то охир пардохт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки кормандони зиёди фурудгоҳ мегӯянд, аз моҳҳои март ва апрел ба ин сӯ моҳона нагирифтаанд. Вале як масъули фурудгоҳ фарзияи "мушкили хонаводагӣ"-ро низ зикр намуд.

ҲОДИСА ЧӢ ГУНА РУХ ДОД?

Ба гуфтаи наздиконаш Шерафган Хоҷақулов, корманди бахши бехатарии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, рӯзи 26-уми октябр пеш аз худкушӣ ба онҳо паём додааст.

Умед Хоҷақулов, бародари Шерафган, мегӯяд, баъд аз гирифтани смс ё паёмаки бародараш фаврӣ ба ҷойи кори ӯ рафтанд. "Вай дар паёмак навишта буд, ки “омада, мурдаи маро аз фурудгоҳ баред”, -- нақл кард ӯ.

Умед Хоҷақулов афзуд, ба иттилои дарёфтии онҳо, Шерафган баъд аз пурсидани маблағи иҷораи ҳафтмоҳа ба назди кадом масъули баландпояи фурудгоҳ даромадааст, то маблағи худро бигирад.

“Роҳбари фурудгоҳ дар ҷойи кор набудааст. Гапашон мегурезад ва баъд паёмак навиштааст. Вақте ба фурудгоҳ рафтем, ҳамкоронаш гуфтанд, ки ба штаб ва аз онҷо ба беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ" бурдаанд. Дар онҷо аллакай манаҳаш баста буд”, -- нақл кард Умед Хоҷақулов.

Баъзе аз кормандони Фурудгоҳ бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Шерафган Хоҷақулов дар рӯзи сар задани ҳодиса дар постгоҳи канории фурудгоҳ, воқеъ дар наздикии маҳаллаи “Ҳазрати Мавлоно” буд.

Наздикони Хоҷақулов гуфтанд, ӯро рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Душанбе дафн карданд. Аз ӯ се фарзанд монд.

Ба қавли як манбаи Радиои Озодӣ дар сохторҳои қудратӣ, "ҳанӯз хулосаи дақиқ, ки чаро Хоҷақулов ин корро кард, ба даст наомадааст. Тафтиши аввал нишон дод, ки ӯ ба ҷуз аз пули иҷора, аз чанд нафари дигар низ қарздор будааст. Онҳо дар чанд рӯзи охир ба ӯ пайваста занг задаанд. Бо ҳар яке аз онҳо алоҳида суҳбат мешавад ва баъдан хулосаи ниҳоӣ ҳосил мешавад."

ХОҶАҚУЛОВ МАОШ ГИРИФТА БУД, Ё НЕ?

Сабабҳои дақиқи даст ба худкушӣ задани ин корманди Фурудгоҳи Душанбе пурра рӯшан нест, вале пардохт нашудани маош ва тангдастии молӣ яке аз фарзияҳо шумурда мешавад.

Дафтари матбуоти фурудгоҳ рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, маоши Шерафган Хоҷақулов пардохт шудааст ва санадҳои бонкӣ низ доранд. Вале ба дархости мо дар бораи пешниҳоди санадҳои пардохти маош масъулони фурудгоҳ посухи рӯшан надоданд.

Манбаи Радиои Озодӣ дар Додситонии нақлиёт гуфт, онҳо низ санади пардохт шудани маоши Хоҷақуловро дастрас накардаанд.

Ба камияш шаш корманди фурудгоҳ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, чанд моҳ аст, ки маош намегиранд. Бархе аз онҳо гуфтанд, аз моҳи март ва баъд аз қатъи парвозҳои доимӣ фурудгоҳ ба онҳо маош надодааст.

Як корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, аз 8 то 9 моҳ боз аксари кормандон маош нагирифтаанд.

Далели инро, ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, раҳбарияти фурудгоҳ дар маҳдуд шудани парвозҳо ва пардохт нашудани наздики 200 миллион сомонии қарз аз ҷониби ширкатҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" медонанд. Ин дар ҳолест, ки бархе аз корбарон ба он ишора мекунанд, ки ин ширкатҳо аз парвозҳои чартерӣ дар давораи пандемия даромад гирифтаанд.

Ҳамсуҳбати мо дар фурудгоҳ гуфт: "Дар асл, бар асоси қонун, агар корфармо ду моҳ маоши кормандро пардохт накунад, прокуратура бояд парванда кушояд. Ҳеч тафтиш ҳам нашудааст. Кормандонро кор фармуданд, лекин маош надоданд. Мо мебинем, ки сохтмонҳо аз буҷаи фурудгоҳ давом дорад, лекин мегӯянд, пул нест. Раҳбари фурудгоҳ барои кормандон тамоман дастрас нест."

БЕПУЛӢ ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ

Хабари худкушии корманди фурудгоҳ сабаб гашт, ки чандин нафар аз ҳамкорони ӯ ба Радиои Озодӣ муроҷиат карданд ва пурсиданд, чаро дар ҳоле ки ҳамарӯза панҷ парвоз аз Русия, ҳафтае дупарвозӣ ба Истанбул ва Дубай сурат мегирад, маъмурияти фурудгоҳ наметавонад чанд моҳ боз моҳонаи онҳоро пардохт кунад.

Мушкили пардохти маош танҳо ба бахши авиатсия маҳдуд намешавад. Дар пасманзари пандемия кормандони дигар соҳаҳо низ аз моҳҳо пардохт нашудани маошашон шикоят доранд.

Ҳарчанд қонуни кор дар Тоҷикистон барои чунин рафтор ба кордиҳанда ҷазо муқаррар кардааст, аммо то ҳол хабаре дар бораи муҷозоти корфармоён барои дер пардохтани маош нашр нашудааст.

Дар Фурудгоҳи Душанбе ҳудуди 1500 нафар фаъолият мекунанд. Маъмурияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе се моҳ қабл ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, бинобар қатъи парвозҳо ночор кормандонро ба рухсатии бемузд фиристоданд, аз ин рӯ, ба онҳо маош дода намешавад. Ҳарчанд хешовандони Шерафган Хоҷақулов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ дар рухсатӣ набуд ва барои таъмини амнияти фурудгоҳ сари кор буд.

Барои гирифтани ҷузъиёти бештар Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми октябр ба Фурудгоҳи Душанбе дархости расмӣ фиристод ва мунтазири посухи масъулон аст.

XS
SM
MD
LG