Веб-семинар барои сардорони дастаҳои ширкаткунандаи Олимпиадаи Токио-2020 бо иштироки намояндагони Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва кумитаҳои миллии олимпӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ ширкат варзиданд. Дар рафти семинар кормандони бахшҳои Кумитаи тадорукот дар бораи кор ва омодагии ташкилот ба Бозиҳои ояндаи олимпӣ дар Токио маълумот доданд.
КБО ва Кумитаи тадорукот чунин чораҳои зидди COVID-19-ро, ки дар давоми Бозиҳо андешида мешаванд, эълон карданд:
Парвоз / вуруд ба кишвар:
Дар айни замон ворид шудан ба Ҷопон аз аксари кишварҳо карантини 14-рӯзаро талаб мекунад.
Масъалаи мутобиқгардонии варзишгарон ҳангоми карантин баррасӣ мешавад, то онҳо ба шароити нав мутобиқ шуда, тамрин карда тавонанд;
Ҳангоми расидан ба Ҷопон, далели натиҷаи манфии озмоиши COVID-19 (72 соат пеш аз парвоз анҷом дода мешавад) ва озмоиши иловагӣ дар кишвар талаб карда мешавад.
Нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ:
Баррасии як қатор чораҳо оид ба муҳофизати варзишгарон тавассути кам кардани тамос;
Баъзе маҳдудиятҳои рафтори варзишгаронро талаб кардан мумкин аст, масалан, манъи муоширати онҳо бо одамони берун аз деҳа пешбинӣ шудааст.
Ҷонибҳо эълон карданд, ки бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамкорӣ намуда, инчунин самаранокии ваксинаҳоеро, ки дар кишварҳои мухталиф таҳия мешаванд, назорат хоҳанд кард.
Президенти КБО Томас Бах таъкид кард, ки барои ҳифзи саломатии ҳамаи иштироккунандагони Олимпиада тадбирҳои назаррас андешида мешаванд ва Бозиҳои Токио барои дигар чорабиниҳои васеъ намуна хоҳанд шуд.
Бозиҳои олимпӣ дар Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи Олимпиада варзишгарон барои 339 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 33 намуди варзиш рақобат хоҳанд кард.