Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, соати 10:20 ба бинои литсейи рақами 3-и Душанбе омада, раъй дод. Раҳмон бо хабарнигорон суҳбат накард ва танҳо аз раиси нуқтаи интихоботӣ дар бораи теъдоди интихобкунандагон ва иштироки мардум дар раъйдиҳӣ пурсид. Раиси ҷумҳур бо ишора ба вазъи боду ҳаво гуфт, "рӯзи хубе аст." Пеш аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Маҷлиси миллӣ ва Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур ва раиси феълии Маҷлиси миллӣ ҳам ба раъйдиҳӣ омаданд.
Нашри махсуси Ахбори Озодӣ дар бораи интихобот
Шурӯи овоздиҳӣ дар интихоботи Тоҷикистон
Оё муҳоҷирони тоҷик дигаргунӣ мехоҳанд?
Абдуҳалим Ғаффорзода умедвор аст, "натиҷаи дилхоҳ ба даст меорад"
Ва гузоришу суҳбатҳои дигарро дар барномаи вижаи Ахбори Озодӣ бинед:
Масъулони Кумисюни марказии интихобот эълон карданд, ки то соати 12-уми рӯзи якшанбе 46,44 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд.