Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Рӯзи хубе кардааст"
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президент рӯзи 11-уми октябр дар яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Душанбе раъй дод. Ӯ бо хабарнигорон суҳбат накард ва фақат дар бораи ширкати мардум дар интихобот пурсид.
Бахтиёр Худоёрзода: "Интихобот дар Тоҷикистон баргузоршуда аст"
Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон эълон кард, ки то соати 15 беш аз 70 дарсади раъйдиҳандагон (3 миллиону 495 ҳазору 215 нафар) дар интихоботи президентӣ овоз додаанд. Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИРТ гуфт, ин ба он маъност, ки интихобот баргузоршуда аст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон аз нагирифтани даъватнома барои иштирок дар интихобот шикоят доранд. Инчунин, дар бораи вуҷуди тақаллуб дар ҷараёни овоздиҳӣ ва иштироки ками сокинон дар баъзе аз қитъаҳои раъйдиҳӣ гузоришҳо мерасанд.
Фаромуз Иргашов: Ба шаффофият дар интихобот бовар надорам
Фаромуз Иргашов, ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғ, ки мехост мустақилона ба интихоботи президентӣ номзад шавад, вале аз идомаи мубориза даст кашид, гуфт, ба шаффофияти ин маъракаи сиёсӣ бовар надорад. Ӯ рӯзи 11-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Аз пайи кори хоҷагӣ ҳастем, имрӯз истироҳат аст. Ба интихобот нарафтам, чун ба шаффофияти интихобот тамоман бовар надорам. Беҳтар аст, аз пайи кори шахсии худ шавам. Имрӯз рӯзи истироҳат аст. Аз рӯйи мушоҳидаи ман, бештар намояндагони ҳокимият ба раъйдиҳӣ рафтанд, Мардуми одӣ ҳам буданд.”
Садоро дар инҷо шунавед:
Интихобот дар Кӯлоб чӣ гуна гузашт?
Шаҳри Кӯлоб рӯзи интихобот камодам ба назар мерасид. Дар як маркази раъйдиҳӣ навбати дароз буд. Киҳо буданд? Дар инҷо бубинед: