Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи президентии Тоҷикистонро баргузоршуда эълон карданд

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон ба поён расид ва натиҷаҳои аввали онро соати даҳи рӯзи 12-уми октябр эълон мекунанд. Ин интихоботи шашуми раёсатҷумҳурӣ дар 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва як моҳ пештар аз вақти маъмулӣ баргузор шуд.

  • Кумисюни марказии интихобот гуфт, 4 миллиону 900 ҳазору 545 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи овоздиҳӣ бархӯрдоранд. Ба иттилои расмӣ, дар нӯҳ соати раъйдиҳӣ тақрибан севуним миллион нафар овоз додаанд.
  • Дар Тоҷикистон 3375 нуқтаи интихоботӣ ва дар хориҷа 39 қитъаи овоздиҳӣ ташкил шудааст.
  • Интихоботро 145 нозири байналмилалӣ аз панҷ давлат, шаш созмони байналмилалӣ ва ҳашт сафорати муқими Душанбе назорат кардаанд. Дар миёни нозирон, аз ҷумла 7 намояндаи дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як сохтори вобаста ба САҲА ҳастанд.
  • Барои иштирок дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон 5 нафар номзад ҳастанд:

Абдуллоев Мироҷ аз Ҳизби коммунист (бори аввал)

Ғаффорзода Абдуҳалим аз Ҳизби сотсиалист (бори севум)

Латифзода Рустам аз Ҳизби аграрӣ (бори аввал)

Раҳматзода Рустам аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (бори аввал)

Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқии демократӣ (бори панҷум).

  • Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.
  • Ҳизби сотсиал-демократ, ки дар ҳоли ҳозир ягона нерӯи мухолиф дар дохили Тоҷикистон дониста мешавад, интихоботи президентиро таҳрим кардааст.
  • "Гурӯҳи 24", як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ҳукуматро барои роҳ надодан ба номзадҳои мустақил ба интихоботи 11-уми октябр сахт танқид карда ва бо ишора "ба ҷиддӣ набудани номзадҳо" гуфтааст, натиҷаи интихобот аллакай маълум аст.

  • Паймони миллӣ, гуруҳи иборат аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ қарор доранд, низ интихоботи раёсати ҷумҳуриро "ғайриқонунӣ" хонда ва аз созмонҳои байналмилалӣ хостааст, натиҷаҳои онро эътироф накунанд. Мақомот ҳамвора ба қонунӣ будани интихобот ва шоиста будани номзадҳо таъкид доранд.

Абдуҳалим Ғаффорзода ба натиҷаҳои интихобот хушбин аст

Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон, субҳи якшанбе дар нуқтаи интихоботии рақами 11 дар шаҳри Душанбе раъй дод. Вай гуфт, ба натиҷаҳои интихобот хушбин аст ва бовар дорад, «пирӯз мешавад». Аммо коршиносон Ғаффорзодаро номзади ҷиддӣ дар интихобот намешуморанд ва мегӯянд, номзадии ӯ барои рақобатӣ вонамуд кардани интихобот пешниҳод шудааст. Раҳбари 69-солаи Ҳизби сотсиалистӣ дар интихоботҳои президентии соли 2006 ва 2013 низ номзад буд ва раъйи хеле кам ба даст овардааст. Дар ҷое, ки Ғаффорзода раъй дод, масъулони маркази раъйдиҳӣ гуфтанд, дар шароити пандемияи COVID-19 чораҳои беҳдоштиро андешидаанд. Сокиноне, ки барои раъйдиҳӣ омаданд, аз интихобот интизориҳои гуногун доранд. Дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзадҳои панҷ ҳизб ширкат доранд. Ҳеҷ яке аз интихоботҳои гузашта ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шаффофу демократӣ сурат нагирифтаанд.

Гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ аз қитъаи раъйдиҳӣ

Ройдиҳӣ дар қитъаи овоздиҳӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:35 0:00

"Имрӯз ба интихобот рафтед?" Ҷавоби сокинонро дар инҷо бинед:

Имрӯз ба интихобот рафтед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

Ҳангоми раъйдиҳии рӯзи 11-уми октябр хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хуҷанд бо ду модаре суҳбат кард, ки гуфтанд, азбаски фарзандонашон кор доштанд, ба ҷойи онҳо раъй доданд. Гузоришро худатон бубинед ва назаратонро бигуед.

"Гуфтанд, ки мо кор дорем, ба ҷойи мо овоз деҳ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG