Овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон шуруъ шуд ва то соати ҳашти шом идома хоҳад кард. Ин интихоботи панҷуми раёсатҷумҳурӣ дар 29 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст ва як моҳ пештар аз вақти маъмулӣ баргузор мешавад. Ба он асосан намояндагони ҳизбҳои наздик ба ҳукумат роҳ ёфта, мухолифон дар он ҳузур надоранд ва онро бойкот кардаанд.
Нозирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба интихоботҳои гузашта дар Тоҷикистон баҳои мусбат додаанд, аммо нозирони созмону кишварҳои ғарбӣ ин интихоботҳоро шаффофу демократӣ ва одилона эътироф накардаанд.
- Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, 4 миллиону 900 ҳазору 545 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи овоздиҳӣ бархӯрдоранд ва метавонанд, ба пойи сандуқҳои раъй бираванд. Бахше аз ин афрод дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русияву Қазоқистон қарор доранд.
- Дар Тоҷикистон 3375 нуқтаи интихоботӣ ва дар хориҷа 39 қитъаи овоздиҳӣ ташкил шудааст.
- Интихоботро 145 нозири байналмилалӣ аз панҷ давлат, шаш созмони байналмилалӣ ва ҳашт сафорати муқими Душанбе назорат мекунанд. Дар миёни нозирон, аз ҷумла 7 намояндаи дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR), як сохтори вобаста ба САҲА низ ҳастанд.
Барои иштирок дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр дар Тоҷикистон 5 нафар номзад ҳастанд:
- Абдуллоев Мироҷ аз Ҳизби коммунист (бори аввал)
- Ғаффорзода Абдуҳалим аз Ҳизби сотсиалист (бори севум)
- Латифзода Рустам аз Ҳизби аграрӣ (бори аввал)
- Раҳматзода Рустам аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (бори аввал)
- Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқии демократӣ (бори панҷум).
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, яке аз довталабон буд, вале ба далели, ба гуфтаи мақомоти Кумисюни марказии интихобот, "мушкил дар санадҳо" ба марҳилаи асосии сабқат роҳ наёфт.
Ягона номзади мустақил Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-сола аз Хоруғ, бо далели ҷамъ наовардани 260 ҳазор имзо аз идомаи мубориза даст кашид.
Президент дар Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва номзади пирӯз ҳақ дорад ду бор пайиҳам дар интихобот иштирок кунад. Бар асоси тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсия ворид карда шуд, Эмомалӣ Раҳмон унвони “Пешвои миллат”-ро гирифт ва ҳақ дорад, бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ ширкат кунад.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то ҳоло бори панҷум дар ин сабқат қувва меозмояд. Вай дар чаҳор интихоботи гузашта ба рақибонаш, ки коршиносон бештари онҳоро “намоишӣ” медонанд, пирӯз шудааст.
Ҳизби сотсиал-демократ, ки дар ҳоли ҳозир ягона нерӯи мухолиф дар дохили Тоҷикистон дониста мешавад, интихоботи президентиро таҳрим карда, гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон ҳақ надорад, раиси ҳизб бошад ва раҳбарии ӯ дар Ҳизби халқии демократӣ системаи бисёрҳизбиро дар Тоҷикистон аз байн бурда ва "ҷумҳуриро ба низоми яккаҳизбӣ табдил додааст". Иддаое, ки сарон ва тарафдорони ХҲДТ ва ҳизбҳои дигар рад мекунанд.
"Гурӯҳи 24", як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ҳукуматро барои роҳ надодан ба номзадҳои мустақил ба интихоботи 11-уми октябр сахт танқид карда ва бо ишора "ба ҷиддӣ набудани номзадҳо" гуфтааст, натиҷаи интихобот аллакай маълум аст.
Паймони миллӣ, гуруҳи иборат аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар хориҷ қарор доранд, низ интихоботи раёсати ҷумҳуриро "ғайриқонунӣ" хонда ва аз созмонҳои байналмилалӣ хостааст, натиҷаҳои онро эътироф накунанд. Мақомот ҳамвора ба қонунӣ будани интихобот ва шоиста будани номзадҳо таъкид доранд.