Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо 2020/21. Кадом дастаҳо муқобили ҳам қарор мегиранд?


Ҷараёни қуръакашӣ. Швейтсария, 1 октябр, 2020.
Ҷараёни қуръакашӣ. Швейтсария, 1 октябр, 2020.

Шоми панҷшанбеи 1-уми октябр дар шаҳри Нйони Швейтсария, дар Хонаи футболи Аврупо, қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими 2020/21 баргузор шуд. Шарафи қуръакашӣ ба собиқ бозигарони «Челси» -и Лондон Дидйе Дрогба ва Флоран Малуда супорида шуд.

Тақвими марҳилаи гурӯҳӣ баъдтар эълон мешавад. Бозиҳои даври аввал 20-уми октябр барпо мегарданд, марҳилаи гурӯҳӣ 9-уми декабр хотима меёбад. Финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2020/21 рӯзи 29-уми май дар Истамбул, дар Варзишгоҳи олимпӣ, баргузор мешавад.

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2020/21

  • Гурӯҳи А: «Бавария» (Олмон), «Атлетико» (Испания), «Ред Булл Залсбург» (Австрия), «Локомотив» (Русия).
  • Гурӯҳи В: «Реал» (Испания), «Шахтёр» (Украина), «Интер» (Италия), «Боруссия» Менхенгладбах (Олмон).
  • Гурӯҳи С: «Порту» (Португалия), «Манчестер Сити» (Англия), «Олимпиакос» (Юнон), «Марсел» (Фаронса).
  • Гурӯҳи D: «Ливерпул» (Англия), «Аякс» (Нидерланд), «Аталанта» (Италия), «Мидтюлланн» (Дания).
  • Гурӯҳи Е: «Севиля» (Испания), «Челси» (Англия), «Краснодар» (Русия), «Ренн» (Фаронса).
  • Гурӯҳи F: «Зенит» (Русия), «Боруссия» Дортмунд (Олмон), «Латсио» (Италия), «Брюгге» (Белгия).
  • Гурӯҳи G: «Ювентус» (Италия), «Барселона» (Испания), «Динамо» Киев (Украина), «Ференсварош» (Маҷористон).
  • Гурӯҳи Н: «Пари Сен-Жермен» (Фаронса), «Манчестер Юнайтед» (Англия), «РБ Лейпсиг» (Олмон), «Истанбул Башакшехир» (Туркия).
XS
SM
MD
LG