Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти даҳҳо сар чорво дар Туркманистон аз бемории номаълум


Дар вилояти Марии Туркманистон фавти шумораи зиёди чорво бар асари бемории номаълум мушоҳида мешавад.

Мақомоти маҳаллӣ ин қазияро шарҳ намедиҳанд, вале бархе аз кормандони хадамоти байторӣ мегӯянд, шояд говҳоро маводе заҳролуд сохтааст, ки зидди коронавирус аз осмон пошида шуд.

"Имрӯзҳо дар тамоми деҳаҳои Байрамалӣ, Туркманалӣ, Векилбозор, Ёлётен, Қарақум, Сакарча ва Оғузхони Марӣ фавти шумораи зиёди чорво аз бемории номаълум мушоҳида мешавад. Дар ин ноҳия ҳар дувумин сокин чорво дорад. Шумораи дақиқи говҳои фавтида мавҷуд нест. Вале сокинон мегӯянд, танҳо дар Қарақум ҳудуди 200 сар гов фавтидааст. Дар деҳаҳои дигар низ вазъ чунин аст", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 30 сентябр.

Сокинони маҳаллӣ ва кормандони хадамоти байторӣ мегӯянд, фавти чорво бар асари ин борӣ бори нахуст ду моҳ пеш мушоҳида шуда, давоми ду ҳафтаи ахир беморӣ авҷ гирифтааст.

Сокинон гуфтанд, барои кумак ба мақомоти маҳаллӣ чандин бор аст, муроҷиат мекунанд, вале бенатиҷа аст.

Ба гуфтаи байторон, эҳтимол дорад, ба фавти дастаҷамъии говҳо маводи зиддиуфуние сабаб шудаааст, ки аз осмон пошида буданд. "Онҳо аз осмон хлорро хеле зиёд пошиданд. Ҳамаи он ба рӯи алафҳо ҷойгир шуд ва говҳо баъд аз хурдани ин алафҳо бемор шуданд", - гуфт як байтори маҳаллӣ.

XS
SM
MD
LG