Пайвандони Асрориддин Розиқови 38-сола мегӯянд, ки пас аз се моҳи боздошт ӯро тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон диданд ва, ба иддаои онҳо, "ӯ зери фишор баёнот додааст".
Вай писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст.
Розиқови хурдиро моҳи июни имсол дастгир карданд. Наздиконаш мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо ӯро боре аз наздик дида натавонистанд, аммо дар нимаи дувуми моҳи сентябр дар филми, ба гуфтаи мақомот, мустанади "Хиёнат" зоҳир шудааст.
Дар ҳоле ки мақомот дар ин филм дар бораи сармоягузорӣ ба терроризм суҳбат мекарданд, Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин мегӯяд, "маълум аст, вай таҳти фишор ҳарф мезанад. Гап дар бораи маблағе аст, ки наздикони маҳбусон дар Аврупо ҷамъ оварда ва ба хонаводаи онҳо фиристодаанд. Онҳо муҳтоҷ ҳастанд."
Асрориддин Розиқов дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул будааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ӯ "бар асоси қисми дуи моддаи 307 (замимаи 3)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, диние, ки аз ҷониби суд фаъолияташ манъ карда шудааст”, муттаҳам аст.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Тоҷикистон хостааст, "Асрориддин Розиқовро фавран озод кунад" ва “дар заминаи боздошти худсарона таҳқиқот анҷом дода, масъулонро ба ҷавобгарӣ кашад”.