Дар чанд ҷумла
Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия чӣ гузашт? Шарҳи расмӣ баъд аз ду рӯзи ҳодиса
Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26-уми сентябр тасдиқ кард, ки як кормандашро дар дохили бинои сафорат задаанд.
Масъулони сафорат дар баёянияи расмӣ дар Фейсбук гуфтанд, ҳодиса ду рӯз пеш, ҳангоми қабули аризаҳои шаҳрвандон барои баррасӣ ва шомил кардани онҳо ба рӯйхати талабгорони бозгашт ба ватан иттифоқ уфтод.
Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, корманди сафорат ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. "Ҳамлагаронро фавран дастгир карданд ва ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла сабабҳои ҳамларо таҳқиқ доранд", -- гуфта шудааст дар баёния.
Расонаҳои Русия рӯзи 25-уми сентябр гузориш доданд, ки як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон ду корманди сафоратро дар Маскав задааст.
Оҷонси хабарии Маскав навишт, мутахассиси пешбари сафорат ва ронандаи ӯ, ки масунияти дипломатӣ надоштанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа ангушт ва бинии мутахассиси сафорат шикаста, сараш осеб дидааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш навишт, ки кормандони сафоратро барои "дағалӣ" задаанд. Сафорати Тоҷикистон ин фарзияро беасос шумуруд.
Тайи ду моҳи охир талабгорони бозгашт ба Тоҷикистон бо ҳадафи номнавис кардани худ дар назди бинои сафорат дар Маскав ҷамъ мешаванд. Онҳо аз шеваи номнавис ва дарёфти билети бозгашт ба Тоҷикистон норозиянд, ҳарчанд мақомот онро дурусту одилона хондаанд.
Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, то ин дам беш аз 45 ҳазор шаҳрванди кишвар ба ватан баргаштаанд. Ба қавли онҳо, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июли имсол барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам бо Русия ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ розӣ шуда буд ва ҳоло мунтазири посухи Маскав аст.
Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Русия аз моҳи март ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус қатъ шудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
4 созишнома дар бахши муҳоҷират. Нақшаи Тоҷикистон барои ИДМ
Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни як нишаст дар Душанбе гуфтанд, ки талош мекунанд давоми як соли роҳбарӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 4 созишнома дар бахши муҳоҷират қабул шавад. Ҷузъиёти санадҳо маълум нест, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, тасдиқи ин ҳуҷҷатҳо тӯл мекашад.
Соли 2025 раёсати созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба уҳдаи Тоҷикистон мегузарад.
Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷӣ, рӯзи 20-уми декабр гуфт, ҳадафи асосии Душанбе ин аст, ки мавқеи ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ боло равад: “Ҳадафи дигари мо мутобиқ кардани сохтор, раванд ва усулҳои кори ИДМ ба воқеиятҳои нав аст.”
Тақвияти ҳамкории кишварҳои узв дар бахшҳои саноат, энергетика, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва харидуфурӯши инсон аз барномаҳои дигари Тоҷикистон барои роҳбарии ИДМ будааст. Дар ин нишаст баъзе аз хабарнигорон пурсиданд, ИДМ як созмони заиф асту Тоҷикистон барои боло бурдани “имиҷи он” дар арсаи ҷаҳонӣ чӣ кор карда метавонад?
Аҳмад Саидмуродзода, намояндаи ВКХ-и Тоҷикистон гуфт, ба ин назар, ки ИДМ як созмони заиф аст, розӣ нест. “Тоҷикистон ИДМ-ро ҳамчун як абзори муҳим барои рушди робитаҳои анъанавии кишварҳои пасошӯравӣ медонад. Нақши ин абзор чаро аз нигоҳи мо муҳим аст? Чунки дар давраи оғози истиқлоли давлатии кишварҳои пасошӯравӣ, дар ин минтақа абзоре вуҷуд надошт, ки робитаи анъанавиро ҳифз ва рушд диҳад. Яке аз ҳадафҳое ки ИДМ ба натиҷааш расидааст, ин барқарор ва таъмин намудани муколамаи устувор ва робитаи анъанавии он кишварҳои пасошӯравӣ аст,”—шарҳ дод Аҳмад Саидмуродзода.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як созмони зери нуфузи Русия 33 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари шӯравии собиқ таъсис ёфтааст.
Озарбойҷону Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ин созмон ҳастанд. Намояндагони Украина чанд сол боз дар нишастҳои ин созмон ширкат намекунанд.
Ин кишварҳо миёни худ ихтилофҳои зиёде доранд. Аз ҷумла, ҳамлаи Русия ба Украина, ҷанг миёни Озарбойҷону Арманистон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ ва муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Вале масъалаи муҳим барои Тоҷикистон имсол шояд мавзӯи муҳоҷират бошад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ зимни нишасти хабарӣ аз намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пурсид, ки дар давраи раёсаташон дар ИДМ барои муҳоҷирон чӣ нақшаҳое доранд?
Аҳмад Саидмуродзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, гуфт, талош доранд ҷаласаҳои коршиносон барои ниҳоӣ кардани чор санад дар бахши муҳоҷират баргузор шаванд. Масъули вазорат бе овардани ҷузъиёти бештар дар бораи ин санадҳо афзуд, ин ҳуҷҷатҳо бахши муҳоҷират дар ҳудуди кишварҳои узви ИДМ-ро фаро мегирад, аммо “ниҳоӣ шудани ҳуҷҷатҳо ба душвориҳо рӯбарӯ шуда истодаанд.”
Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, соли оянда роҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе ҷамъ мешаванд. Дар шароите, ки ихтилоф байни кишварҳои узви ИДМ кам нест, рӯшан нест, ки дар давраи роҳбарии Тоҷкистон ин созмонро чӣ интизор аст.
Раисҷумҳури Гурҷистон хост, санаи нави интихоботро муайян кунанд
Раисҷумҳури Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ аз ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" хостааст, то 29-уми декабр санаи интихоботи нави порлумониро муайян кунад.
Ҳизби “Орзуи гурҷӣ”-ро наздик ба Маскав медонанд.
Зурабишвилӣ дар як суханронӣ рӯзи 22-юми декабр миллиардер Бидзина Иванишвилӣ, сарвазири собиқ ва бунёдгузори “Орзуи гурҷӣ”-ро ба қасри президент хонд, то дар бораи таъйини рӯзи интихобот гап зананд.
Ин дархост дар пасманзари эътирозҳо алайҳи натиҷаи интихоботи гузашта ва тасмими якҷонибаи ҳукумат барои ба таъхир андохтани музокираи пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт.
Интихоботи порулмонӣ дар Гурҷистон рӯзи 26-уми октябр баргузор шуд. Мақомот ҳизби “Орзуи гурҷӣ”-ро пирӯз донистанд, вале Саломе Зурабишвили ва мухолифон натиҷаҳоро напазируфтанд.
“Орзуи гурҷӣ” ҳар гуна қонуншиканиро дар интихобот рад карда, сарфи назар аз эътирозҳо аз баррасии интихоботи нав худдорӣ кард.
Вокуниши Кремл ба суханони Трамп дар бораи мулоқот бо Путин
Кремл гуфт, дар ҳоли ҳозир нақшаи мулоқоти Владимир Путин, президенти Русия, бо Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, дар даст нест.
Трамп рӯзи 22-юми декабр дар як нишаст изҳор дошт, ки "Путин гуфтааст, мехоҳад ҳарчи зудтар бо ман мулоқот кунад".
Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, рӯзи 23-юми декабр ба хабаргузории "ТАСС" гуфт, барои мулоқоти Путин бо Трамп, пеш аз савгандёдкунии ӯ дар моҳи январи 2025, "ангезаи воқеӣ вуҷуд надорад".
Маскав дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳоро бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ба саросари Украина бештар кардааст.
Мақомоти Украина мегӯянд, Русия асосан зербунёдҳои иҷтимоӣ ва энергетикиро нишон мегирад.
Пас аз пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи Амрико гуфтугӯҳо дар бораи созиши эҳтимолии сулҳ барои хатми ҷанги Русия алайҳи Украина афзоиш ёфтааст.
Надежда Антонова қаҳрамони шоҳмоти Осиё шуд
Надежда Антонова, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи шоҳмоти маъмулӣ (стандарт) соҳиби медали тило гардид.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни дӯстдорони шоҳмот, ки аз 14-ум то 23-юми декабр дар шаҳри Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шуд, намояндагони 31 кишвар ширкат карданд.
Қаблан устоди байнулмилалӣ Надежда Антонова дар ин мусобиқа дар навъи рапид (зудбозӣ) соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.
Ин варзишгари 36-сола, ки қаҳрамони бисёркаратаи шоҳмоти Тоҷикистон аст, дар ҳашт Олимпиадаи ҷаҳонӣ иштирок кардааст. Надежда дар шаҳри Душанбе дар оилаи шатранҷбозон ба дунё омадааст. Падараш Павел Антонов солҳои дароз дар мактаби варзишӣ мураббии шоҳмот буд. Модараш Лидия Антонова яке аз шатранҷбозони маъруф дар Тоҷикистон аст.
Бояд гуфт, ки дар муддати як моҳи охир шатранҷбозони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё соҳиби ду медали тилло шуданд. Ба ғайр аз Надежда Антонова, моҳи ноябри имсол Сӯҳроб Ҳамдамов дар қаҳрамонии Осиё миёни шоҳмотбозони имконияташон маҳдуд соҳиби ҷойи аввал шуда буд.
Омбудсмен гуфт, низомиёни Русия боз панҷ асири украиниро куштаанд
Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Украина гуфтааст, низомиёни Русия боз панҷ асири ҷангии украиниро ба қатл расонданд.
Дмитрий Любинетс рӯзи 22-юми декабр дар изҳороте дар Телеграм навишт, ки нерӯҳои Русия панҷ сарбози бесилоҳи украиниро пас аз таслим шуданашон аз масофаи дур тирборон карданд.
Вай ҷузъиёт надод, аммо гуфт, "дар ин бора ба Созмони Милали Муттаҳид ва Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ хабар хоҳам дод."
"Ҷинояткорони ҷангии Русия бояд ба Додгоҳи байнулмилалӣ оварда, бо ҷазои сангинтарин маҳкум карда шаванд", - афзуд Любинетс.
Русия ин ҳодисаро шарҳ надод, аммо пештар содир кардани ҷиноятҳои ҷангиро рад карда буд.
Дмитрий Любинетс дар аввали моҳи декабр гуфт, ки аз оғози ҳамлаи густурдаи Русия ба Украина (моҳи феврали соли 2022) то кунун 177 мавриди қатли асирони ҷангии украинӣ аз сӯи артиши Русия тасдиқ шудааст.
Сӯҳроб Зафарро ба зиндони Ваҳдат, Насимҷон Шарифовро ба Хуҷанд бурдаанд
Сӯҳроб Зафар (Тӯраев), раҳбари маҳкумшудаи "Гурӯҳи 24"-ро дар зиндони низомаш сахти шаҳри Ваҳдат ҷойгир кардаанд.
Дар ин бора як корманди маҳбас бе зикри номаш рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ хабар дод. "Ӯ ҳамроҳи чаҳор нафари дигар оварда шуд," – гуфт мусоҳиби мо.
Пайвандони Сӯҳроб Зафар ва намояндагони Идораи зиндонҳо ба зангҳои мо посух надоданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе ӯро рӯзи 10-уми октябр ба 30 сол зиндон маҳкум кард.
Насимҷон Шарифов, узви дигари "Гурӯҳи 24", барои адои давраи ҷазо ба маҳбаси шаҳри Хуҷанд бурда шудааст.
Бародараш, Файзалӣ Шарифов, рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз телефони маҳбас тамос гирифт. Гуфт, ки дар ҳамин ҷо аст. Кӯшиш дорем, базудӣ барояш хӯроку либос барем."
Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар шаҳри Истанбули Туркия ба таври мармуз нопадид шуданд.
Додситони кул Юсуф Раҳмон баъди қариб ним сол дар Тоҷикистон будани онҳоро тасдиқ кард. Дар ҳоле ки мақомот чӣ гуна дастгир ва аз Туркия ба Тоҷикистон овардани онҳоро нагуфтанд, "Гурӯҳи 24" қазияро "дуздӣ" номид.
Сӯҳроб Зафар аз соли 2014 дар Туркия мезист. Вай дар гузашта, аз ҷумла соли 2018, чанд дафъа дар Туркия дастгир, вале озод гардида буд. Насимҷон Шарифов аз соли 2015 дар Туркия мезист ва ба камияш се бор дастгиру раҳо шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳ дар боздоштгоҳ буд.
“Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. Раҳбаронаш дар хориҷа худро мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолияташонро қонунӣ медонанд. Ниҳодҳои Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА намояндагони онро ба маҳфилҳои худ даъват мекунанд.
Сарвазири Словакия ба дидори Путин рафт
Нахуствазири Словакия Роберт Фитсо дар як сафари аз қабл эълоннашуда ба Маскав рафта, бо президент Владимир Путин гуфтугӯ кардааст.
Дар ин бора Павел Зарубин, хабарнигори наздик ба Кремл шоми 22-юми декабр хабар дод.
Қаблан нахуствазири Словакия гуфта буд, шояд дар фурсатҳои наздик барои баррасии мавзӯи интиқоли гази Русия ба ин кишвари аврупоӣ, ба Маскав биравад. Украина мехоҳад аз 1-уми январ интиқоли гази Русияро тавассути қаламраваш ба Словакия манъ кунад.
Кремл дар бораи сафари Роберт Фитсо қаблан иттилое надода буд. Дмитрий Песков, сухангӯи Путин дар сӯҳбат бо расонаҳои русӣ дақиқ нагуфтааст, ки роҳбарони Русия ва Словакия кадом мавзуъҳоро баррасӣ мекунанд.
Песков танҳо таъкид кардааст, ки интиқоли газ яке аз мавзӯъҳои сӯҳбат аст. Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, Путин ва Фитсо танҳо сӯҳбат карданд, вале натиҷаҳои ин вохӯрӣ барои расонаҳо пешниҳод нашуд.
Маълум нест, ки Русия ва Словакия бар сари масъалаи интиқоли газ ба ягон тавофуқ даст ёфтанд ё не. Ин аввалин сафари нахуствазири Словакия баъд аз ҳамлаи бедалели Русия ба хоки Украина аст. Словакия узви паймони низомии НАТО мебошад.
Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Русия таҳрими нав ҷорӣ мекунад
Иттиҳоди Аврупо дар ростои сеюмин солгарди ҳамлаи Русия ба Укарина таҳрими нав нисбат ба ин кишвар ҷорӣ мекунад.
Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард ва дар моҳи феврали соли 2025 аз ин ҳамла се сол сипарӣ мешавад.
Нашрияи "Welt am Sonntag" бо такя ба манобеаш дар Иттиҳоди Аврупо навиштааст, ки тарҳи таҳрими нав таҳия мешавад ва ҳадаф “паёми рӯшан ба Маскав аст.”
Қарор аст, ки нисбат ба бахшҳое аз иқтисоди Русия, ки то кунун таҳрим нашуда буданд, таҳрим ҷорӣ шавад. Афроду созмонҳое ҳам, ки ба нафъи Русия ташвиқот мебаранд ва мухолифи якпорчагии Украина ҳастанд, таҳрим мешаванд.
Дар ҷанги тақрибан се солаи Русия дар Укарина аз ду тараф садҳо ҳазор нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд.
Кишварҳои аврупоӣ аз Украина пуштибонӣ мекунанд ва Русияро борҳо таҳрим кардаанд.
Дар ҳамлае дар Покистон 16 сарбозу афсар кушта шудааст
Ҷангҷӯён дар марзи Покистон бо Афғонистон дар ҳамлае 16 сарбозу афсари Хадамоти амнияти ин кишварро куштаанд.
Ҳидоятуллоҳ, сардори пулиси ноҳияи Ладдӣ дар Покистон бо бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҷангҷӯён соати 2-и шаби 21-уми декабр ба дидбонгоҳи марзӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ ҳамла карданд. Ба гуфтаи ӯ, 16 сарбозу афсар кушта ва 8 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” масъулияти ҳамларо бар душ гирифтааст.
Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки 35 корманди Хадамоти амнияти Покистонро куштааст.
Тасдиқи дурустии иддаои ин гурӯҳ мушкил аст.
Пас аз онки дар соли 2021 Толибон Афғонистонро ишғол карданд, гурӯҳи “Таҳрики Толибони Покистон” фаъолтар шудааст.
Маркази омӯзишӣ низоъ ва амният дар Покистон дар охирин ҳисоботаш гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои террористӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ 240 нафар кушта шудаанд, ки 68 нафарашон маъмурони амниятӣ ҳастанд.
10 миллион доллар ҷоиза барои пайдо кардани Ҷулонӣ бекор шуд
Амрико пешниҳоди 10 миллион доллар ҷоиза барои Аҳмад ал-Шараъ, раҳбари созмони "Ҳайат Таҳрир аш-Шом"-ро бекор кард.
Аҳмад ал-Шараъ, ки бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ шинохта мешуд, пас аз фирори Башор Асад дар 8-уми декабр ҳоло амалан раҳбари Сурия аст.
Чанд рӯз пеш намояндаҳои ИМА дар Димишқ бо ӯ суҳбат карданд ва қарори лағви ҷоиза барои хабар додан аз макони ӯ бекор шуд.
Барбара Лиф, ёвари вазири умури хориҷии ИМА, ки ҳайати амрикоиро раҳбари мекард, суҳбат бо Аҳмад ал-Шараъро “созанда” ва худи ӯро одами “воқеъбин” тавсиф кард.
Намояндаҳои Амрико бо ӯ дар бораи ояндаи Сурия ва таҳдидҳои террористӣ суҳбат карданд. Барбара Лиф гуфтааст, ки Ҷулонӣ омодаи ҳамкорӣ ҳаст.
Ҳамзамон масъалаи бекор кардани таҳримҳо нисбат ба Сурия, ки дар замони Башор Асад ҷорӣ шуда буд, дар ин суҳбат матраҳ шудааст.
"Ҳайат Таҳрир аш-Шом", ки дар гузашта бо “Ал-Қоида” робита дошт, дар феҳрасти созмонҳои террористии аксари кишварҳои дунё қарор дорад. ИМА барои хабар додан аз макони раҳбари он, Абумуҳаммад Ҷулонӣ 10 миллион доллар ваъда карда буд.
Абумуҳаммад Ҷулонӣ дар суҳбат бо расонаҳо пайвастанаш бо "Ал-Қоида"-ро "хатои ҷавонӣ" дониста, ба таъкид мегӯяд, ки Сурияро ба як кишвари озод табдил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, Сурия як кишваре хоҳад шуд, ки занон дар он озодона кору таҳсил хоҳанд кард ва ҳама қавму миллат баробар хоҳанд буд.
Дар замони ҳукумати ӯ дар Идлиб масеҳиён озод буданд ва калисои онҳо кор мекард. Шояд кору рафторҳои ахираш буд, ки назари ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ӯ то андозае тағйир кардааст.
"Ҳайат Таҳрир аш-Шом", ки аз соли 2015 шаҳри Идлиби Сурияро дар ихтиёр дошт, охири моҳи ноябр ҳамлаи густардае алайҳи нерӯҳои Башор Асадро оғоз кард. Рӯзи 8 уми декабр артиши ҳукумати Башор Асад таслим шуд ва худи ӯ аз кишвар фирор кард. "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" бо раҳбарии Абумуҳаммад Ҷулонӣ назорати Димишқро дар ихтиёр гирифтанд.
Онҳо ба ҳукуматдории беш аз 50-солаи хонаводаи Асад, ки бо зулму ситам ба мардум ном бароварда буд, поён доданд. Ҳоло намояндаҳои аксари кишварҳои дунё бо "Ҳайат Таҳрир аш-Шом" робита барқарор кардаанд ва масъалаи аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кардани онро баррасӣ доранд.
Ихроҷи 88 тоҷикистонӣ аз хоки ИМА дар чор соли гузашта
Дар давоми чор соли гузашта аз хоки ИМА 88 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ шудааст ва сабаби асосии ин ихроҷҳо қонуншиканӣ будааст.
Дар ин бора як омори муфассали Идораи муҳоҷират ва гумруки ИМА хабар додааст, ки рӯзи 20 декабр дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд. Омор марҳилаи аз октябри соли 2020 то сентябри соли 2024-ро фаро мегирад.
Дар гузориши муфассали мақомоти муҳоҷирати Амрико омори тамоми шаҳрвандони хориҷие оварда шудааст, ки дар қаламрави ин кишвар дар муддати чор соли гузашта ҳабс, боздошт ё ихроҷ шудаанд.
Дар ин муддат 825 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва аз миёни онҳо 103 нафарашон ҳабс шудаанд, омадааст дар ин санади расмӣ.
Ҷузъиёти вобаста ба навъи қонуншиканиҳои эҳтимолии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ИМА нашр намешавад.
Вале дар бораи як парвандаи боздошти гурӯҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико расонаҳои ҷаҳонӣ ҳам бо такя ба FBI – Хадамоти федеролии амнияти Амрико – хабар дода буданд.
Моҳи июн ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони иртибот ба гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" дар шаҳрҳои Лос-Анҷелос, Ню-Йорк ва Филаделфия боздошт шуданд. Чор моҳ баъд - моҳи октябр мақомоти Амрико гуфтанд, аз онҳо се нафарро ба Тоҷикистон ва Русия баргардондаанд ва боқимондаҳо дар боздошт мемонанд.
Сарнавишти баъдии онҳо маълум нест ва мақомот дар Тоҷикистон ҳам ин мавзӯъро то ҳол шарҳ надодаанд.
Ихроҷи рекордӣ аз ИМА
Дар маҷмӯъ, ба навиштаи Идораи муҳоҷират ва гумрук, аз хоки ИМА дар давоми 12 моҳи гузашта 270 ҳазор шаҳрванди 192 давлат ихроҷ шудаанд ва ин баландтарин нишондод дар солҳои охир будааст. Пеш аз болотарин нишондоди ихроҷ аз хоки ИМА дар соли 2014 ба қайд гирифта шуда буд, вақте мақомот беш аз 315 ҳазор хориҷиро аз хоки ин кишвар берун карданд.
Президенти мунтахаб Доналд Трамп таҳдид кардааст, ки мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ яке аз корҳои муҳими давраи нави раёсатҷумҳуриаш хоҳад буд. Дар давраи аввали раҳбариаш ӯ барои пешгирӣ аз убури ғайриқонунии марзи ИМА тавассути Мексика дар сарҳадро девор сохт, вале амали мақомоти Амрико мавриди интиқоду маҳкумиятҳои зиёди ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон гардид.
Маҳз қаламрави Мексика солҳои охир як роҳи маъруфи убури дастаҷамъонаи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон гардидааст. Тоҷикистониҳои зиёде, ки аз бекорӣ ва даромади ночиз дар ватанашон фирор мекунанд, талош доранд бо ҳар роҳ ба Амрико роҳ ёбанд. Омори куллии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Амрико нашр намешавад, вале бовар меравад, ки шумори онҳо даҳҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар Олмон шумори қурбониҳои ҳодисаи бозорчаи солинавӣ меафзояд
Дар шаҳри Магдебурги Олмон шоми 20 декабр мошине издиҳоми мардумро пахш кард ва дар натиҷа 4 кас кушта ва беш аз 200 кас маҷрӯҳ гардиданд.
Мақомот рӯзи шанбе гуфтанд, ки дар миёни кушташудаҳо як кӯдак ҳам будааст. Ҷароҳати 90 нафар сангин арзёбӣ мешавад.
Ҳодиса шоми ҷумъа дар бозорчаи солинавии маркази шаҳр рух дод. Мошини сиёҳранги навъи BMW тахминан 400 метр ба самти калисои марказӣ мардумро пахш карда рафтааст.
Намояндаи полис гуфт, феълан сабаби ин ҳодиса маълум нест ва ҳама фарзияҳо санҷида мешаванд. Гумонбари асосии боздоштшуда – як табиби 50-солаи зодаи Арабистони Саудӣ аст, ки ӯро дар ҷои ҳодиса дастгир карданд.
Матбуоти маҳаллӣ навиштааст, ки гумонбар аз соли 2006 бо мақсади таҳсил ба Олмон рафта соли 2016 мақоми паноҳандагӣ дарёфт кардааст. Сабаби содир шудани ҷиноят феълан маълум нест.
Матбуоти олмонӣ бар пояи таҳлили навиштаҳои ин мард дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, ин шахс зидди ифротгароии динӣ буд, нисбат ба Ислом диди танқидӣ дошт ва аз тарафдорони ислоҳот дар қонунҳои муҳоҷирати Олмон буд.
Маҷлиси намояндагони ИМА аз қатъи кори ҳукумат пешгирӣ намуд
Шоми ҷумъа, 20-уми декабр Маҷлиси намояндагони ИМА тарҳи қонунеро қабул кард, ки аз қатъи кори ҳукумат пешгирӣ мекунад.
Қаблан президенти мунтахаб Доналд Трамп тақозо карда буд, ки ба хотири боло бурдани лимит ё маҳдудияти қарзи хориҷии давлатӣ қонун қабул нашавад.
“Садои Амрико” навишт, барои қабули тарҳи қонун 366 тарафдор ва 34 вакил – мухолиф овоз доданд. Ҳамакнун ин қонунро бояд Сенат қабул карда баъд он ба имзои президент Ҷо Байден фиристода шавад.
Байден гуфт, ба хотири кори бетанаффуси ҳукумат ин санадро имзо мекунад. Тарҳи қонун тамдиди маблағгузории кори ҳукуматро то 14 март ва барои иёлоти аз офатҳои табиӣ зарардида додани 100 миллилард долларро пешбинӣ мекунад.
Айни замон, дар ин тарҳ навишта нашудааст, ки меъёри ҳадди аксари қарзи давлатӣ, ки Трамп ваъда додааст ин масъаларо то 20 январ ҳал кунад, чӣ қадар бояд бошад.
Агар кори ҳукумат қатъ мешуд, миллионҳо корманди сохторҳои ҳукуматии ИМА наметавонистанд сари вақт маоши худро дарёфт кунанд ва дар остонаи Соли нав соҳаҳои мисли туризму меҳмонхонаву ширкатҳои ҳавоӣ миллиардҳо доллар зарар медиданд.
Ҳуҷуми паҳподҳо ба шаҳри Қазон
Субҳи шанбе, 21-уми декабр ба чанд бинои истиқоматӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Русия паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кард.
Мақомоти Тотористон гуфтанд, ки ҳашт паҳподи украинӣ ба хонаҳои истиқоматӣ ва як корхонаи саноатии шаҳр ҳамла кардааст. Хабар дар бораи талафоти эҳтимолӣ нашр намешавад, вале беморхонаҳо дар шароити изтирорӣ кор мекунанд, мегӯяд Радио Свобода.
Фурудгоҳҳои шаҳрҳои Қазон, Ижевск ва Саратов муваққатан аз кор мондаанд. Мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ ва ҳам бархе марказҳои тиҷоратӣ муваққатан баста шудаанд, мардумро ташвиқ мекунанд дар паноҳгоҳҳо бошанд.
Вазорати дифои Русия гуфт, паҳподҳо чун мавҷ якбора аз чанд самти шаҳр ҳуҷум кардаанд.
Пешбарии 6 узви Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба интихобот
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар анҷумани ахир шаш узвашро барои номзадӣ ба интихоботи парлумонии кишвар, ки моҳи марти соли 2025 барпо мешавад, пешбарӣ намуд.
Дар анҷумани ҳизб, ки 21 декабр дар Душанбе барпо шуд, ба навиштаи АМИТ “Ховар”, номзадии раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғулом Ҳалимзода, муовини якуми раис - Муртазо Аҳмадзода, муовинони раис Давлатхонум Саидошурова ва Меҳринисо Раҷабова, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд Маъруф Юсупов ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Майсара Аброқуловаро ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд.
Пеш аз ин анҷуманҳои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ бо пешбарии 28 номзад ва ҳизби демократии Тоҷикистон бо пешбарии панҷ намоянда ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расиданд.
Дар Тоҷикистон баъди соли 2015 аз саҳнаи сиёсӣ берун карда шудани Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳафт ҳизби сиёсӣ ҳақи идомаи фаъолиятро дорад, вале ҳеҷ яки онҳо дар мавқеи интиқод ё мухолифати воқеъӣ қарор надоранд.
Ҳамлаи ҳавоии Русия ба Киев, зарбаи Украина ба Курск
Украина рӯзи 20-уми декабр ба вилояти Курски Русия ҳамлаи мушакии маргбор анҷом дод.
Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, дар ин ҳамла аз мушакҳои HIMARS истифода шудааст.
Тибқи иттилои шабакаи “Mash” дар Телеграм, ҳадди ақал панҷ нафар кушта ва 26 кас захмӣ гардиданд. Чанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла коллеҷи омӯзгорӣ, маркази фарҳангӣ ва мактаб дар шаҳри Рилск низ вайрон шудааст.
Аз он пеш Русия ба шаҳри Киев, пойтахти Украина, ҳуҷуми густурдаи ҳавоӣ кард. Дар ин ҳодиса як нафар кушта, як калисои таърихӣ ва чанд бино, аз ҷумла шаш сафоратхона, зарар диданд.
Сергей Попко, раиси маъмурияти низомии Киев, гуфт, ба далели ҳамлаҳои мушакии Русия дар саросари Украина бонги хатар садо дод.
“Танҳо ба самти Киев ҳашт мушак, аз ҷумла мушакҳои моваросавтии “Кинжал” ва мушакҳои дурпарвози Искандер/КН-23 партофта шуданд,” – афзуд ӯ.
Намояндаи “Барқи тоҷик”: Нерӯи барқ қатъ шуд, ба мо занг назанед
Як намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” аз мардуми кишвар хостааст, дар ҳолати қатъ шудани нерӯи барқ дигар ба онҳо муроҷиат накунанд, балки ба шабакаҳои тақсимоти барқ занг зананд.
Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик”, дар Фейсбук навиштааст, қатъи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он, дигар кори ширкати онҳо нест. Аҳмадзода навиштааст, сарфи назар аз ин, мардум “ҳамоно шикоятҳояшонро ба суроғаи "Барқи тоҷик" равон мекунанд.”
Сухангӯи ин ширкат навиштааст, аҳолӣ ҳангоми қатъ шудани барқ бояд ба сомонаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ворид шуда, рақами заруриро барои тамос онҷо пайдо кунанд.
Мо ба рақами “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки дар сомонааш гузошта шудааст, занг задем ва дар бораи реҷаи интиқоли барқ пурсидем. Намояндагони ин ширкат ба суолҳои мо посухи дақиқ надоданд.
Бо фаро расидани сардӣ шикоятҳо аз қатъи барқ дар кишвар зиёд шудааст. Сокинони шаҳри Душанбе ҳам мегӯянд, ки барқашон зуд-зуд қатъ мешавад. Аз ҷумла, шоми 19-уми декабр дар маркази шаҳри Душанбе барқ барои тақрибан як соат қатъ шуд.
Аз охири моҳи сентябр дар Тоҷикистон лимит ё маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шудааст.
Таҷлили шаби Ялдо, шаби дарозтарини сол
Шаби 20 ба 21-уми декабри имсол ҷашни шаби Ялдо таҷлил мешавад.
Дар Тоҷикистон ин идро дар маҳфилҳои ҷудогона ҷашн мегиранд, на дар сатҳи расмӣ.
Мардуми Эрон ва Афғонистон маъмулан гирди дасторхони идона ҷамъ шуда, шеъру таронахонӣ мекунанд.
Абдуҷалол Сафаров, устоди факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби Ялдо пеш аз ҳама заминаҳои илмӣ дорад.
"Шаби Ялдо ба инқилоби зимистонӣ рост меояд, ки ҳамасола тахминан рӯзҳои 20-21-уми декабр рӯй медиҳад," – гуфт ӯ.
ЮНЕСКО ё Созмони Илмӣ, Омӯзишӣ ва Фарҳангии Милали Муттаҳид соли 2022 бо пешниҳоди Эрону Афғонистон "Шаби Ялдо"-ро ба унвони мероси номалмус (ғайримоддӣ)-и фарҳанги ҷаҳонӣ сабт кард.
"Милисаҳо гуфтанд, дар инҷо намонед." Дару тирезаҳои оҳанин дар Конибодом
Сокинони чанд деҳа дар Конибодом мегӯянд, шабона аз тарс хоби ором надоранд ва бинобар ин дару тирезаҳои хонаашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карданд.
Дар як моҳи охир дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ узви се оила ба таври мармуз кушта шуд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад, вале дар бораи боздошти гумонзадҳо ба таври расмӣ хабар дода нашудааст.
Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми декабр чанд наворе дарёфт кард, ки тибқи он сокинони деҳаҳои Конибодом дару тирезаи хонаашонро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам кардаанд. Яке аз занон мегӯяд, “инро дар ҳаёташ кушода наметавонад”.
“Худо хоҳад, дигар ором ҳастем”, -- изҳори умед кардааст сокини дигари Конибодом. Ӯ ҳам дар навор панҷараи оҳанини хонаашро нишон медиҳад. Дар ҳамин ҳол, дар даромадгоҳи шаҳри Конибодом дидбонгоҳ гузошта шуда, дар деҳаҳо сарбозон мегарданд. Гурӯҳе аз сокинон шабона оташ рӯшан карда, навбатдорӣ мекунанд.
Бархе сокинони деҳаи Ҳисорак (Қӯрғончаи собиқ) дар Конибодом мегӯянд, шабро асосан дар хонаи наздикон дар марказ мегузаронанд. Шаби 15 ба 16-уми декабр дар ин деҳа чор нафар аз ду оила ба таври шубҳабарангез ба ҳалокат расиданд.
“Ҳамаамон ба хонаи хоҳарам рафтем. Милисаҳо гуфтанд, дар рӯшноӣ равед, илтимос, дар инҷо хоб наравед. То замони ёфтани сабабгорони ҳодиса дар инҷо намонед. Ба ҳамсояҳо ҳам гуфтанд, ҳама рафт,” – гуфт Назира, сокини Ҳисорак.
Навор дар Инстаграм:
Дар як моҳи охир дар Конибодом даҳ узви се оила кушта шуд. Шумори умумии кушташудаҳо дар тақрибан як соли охир дар ин минтақа аз 20 нафар гузашт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар пайванд ба кушторҳои пешина дар Конибодом ду нафарро дастгиру зиндонӣ карданд, вале наздиконашон онҳоро бегуноҳ донистанд.
КМИР-и Тоҷикистон шумори интихобкунандагонро эълон кард
Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли ояндаро эълон кард.
Ба ҳисоби Комиссияи интихобот, шумораи эҳтимолии раъйдиҳандагон дар кишвар каме бештар аз 5,5 миллион нафар аст.
Аз 63 вакили порлумони Тоҷикистон 22 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва 41 каси дигар дар ҳавзаҳои якмандатӣ интихобот мешаванд.
Интихоботи порлумонӣ дар кишвар 2-юми марти соли оянда баргузор мешавад. То ин дам танҳо ҳизби ҳокими халқии демократӣ номзадҳои худро эълон кард.
Ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, САҲА шаффоф эътироф нашудаанд.
ВКД аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки ҷавононро латукӯб мекардаанд
Пулиси Душанбе мегӯяд, аъзои як гурӯҳеро боздошт кард, ки ҷавононро барои пул мезадааст.
Дар наворе, ки Раёсати корҳои дохилии пойтахт нашр кард, дида мешавад, ки чанд нафар як ҷавонро кашола карда мезананд ва ӯ илтиҷо мекунад, ки латукӯбро бас кунанд.
Ба иттилои пулиси Душанбе, ҷавоне, ки латукӯб мешавад, Комрон Бобоев, сокини 20-солаи пойтахт аст. Ин ҷавон дар навор мегӯяд, "ба Худо, басай акаи Азиз, мемурам".
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, "Азиз Узбеков, сокини 26-солаи ноҳияи Фархор бо чанд нафар гурӯҳи ҷиноятӣ таъсис дода, барои пул наврасонро латукӯб мекардаанд".
Назари Узбеков ва шарикаш Маъруф Наимов ба қазия маълум нест. Онҳо дар ҳузури кормандони пулис ҳадди ақал аз ду ҳолате нақл мекунанд, ки наврасонро азоб додаанд.
Пулиси Душанбе мегӯяд, нисбати ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо нагуфтанд, ки бо кадом иттиҳом. Мақомот гуфтанд, шарикони дигари онҳоро ҷустуҷӯ доранд.
Ин навор дар шабакаҳои "Фейсбук" ва "Инстаграм" вокунишҳои манфиро ба миён овард ва бисёре аз корбарон талаб карданд, ки афроде, ки ҷавонро латукӯб кардаанд, ҷазо гиранд.
Бори аввал нест, ки навори азоб додани ҷавонон дар шабакаҳо пахш мешавад.
"Сомон Эйр" парвозҳоро ба фурудгоҳи "Внуково" бас кардааст
Дар пайи банд мондани даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Маскав, ширкати “Сомон Эйр” парвози ҳавопаймоҳояшро ба фурудгоҳи “Внуково” бас кардааст.
Корманди нуқтаи билетфурӯшии “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи “Внуково” рӯзи 20-уми декабр дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймоҳои ин ширкат феълан ба “Внуково” парвоз анҷом намедиҳанд.
Дар яке аз ширкатҳои билетфурӯшии Душанбе ҳам ин маълумотро тасдиқ карда, гуфтанд, феълан аз фурудгоҳи Душанбе ба “Внуково” танҳо ширкати русии “ЮтЭйр” парвоз мекунад.
Намояндагони ширкат дар Душанбе расман дар ин бора хабар надодаанд.
Ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ба ду фурудгоҳи дигари Маскав “Домодедово” ва "Жуковский" ва ҳамчунин ба чанд шаҳри дигари Русия мусофир мебарад.
Баъд аз моҳи марти соли 2024 ва ҳамла ба “Крокус” даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзии Русия дармонданд.
Бештари ин шикоятҳо аз фурудгоҳи “Внуково” ба Радиои Озодӣ расид. Муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, онҳоро бидуни далел аз Русия ба Тоҷикистон баргардонданд.
Путин гуфт, муҳоҷиронро сахт бигиред
Владимир Путин, президенти Русия аз ходимони ҳифзи қонун даъват кардааст, ки забондонии муҳоҷиронро бисанҷанд ва назорат кунанд, ки то куҷо онҳо урфу одати мардуми ин кишварро эҳтиром мекунанд.
Ин ҳарф аз забони президенти Русия рӯзи 19-уми декабр ҳангоми суҳбати мустақими телевизионӣ садо дод.
Путин, ки ба саволҳои мардум ва хабарнигорон посух медод, гуфт, “агар муҳоҷират як амри ногузир бошад, мо бояд бо шариконамон дар баъзе кишварҳо, пеш аз ҳама бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, барои омода кардани муҳоҷирон кор кунем.”
Ӯ пешниҳод кард, ки дар он кишварҳо мактаби русӣ сохта, “омӯзиши забони русиро рушд диҳанд” ва мардуме, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд “бо анъанаву фарҳанг ва талаботи қонунҳои Русия ошно шаванд.”
Маълум нест “анъанаву фарҳанги Русия”, ки Путин ба он таъкид мекунад, чӣ аст ва меъёри риояи он ё поймолкунии он кадом аст ва онро кӣ муайян мекунад.
Дар Русияи бисёрмиллату гуногунмазҳаби зери назари Путин, ки наздики 25 сол аст дар сари қудрат мебошад, муҳоҷирон ва коргарони хориҷӣ осебпазиртарин қишр дар баробари беқонуниву худсариҳои полис гардидаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар давраи Путин дар ҷомеаи Русия мушкилоте мисли бегонаситезиву бадбинӣ нисбати муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба авҷи аълояш расид. Ҳарчанд бо заҳмати муҳоҷирони корӣ дар Русия миллиардҳо доллар ба буҷаи давлат ворид мешаванд.
Путин дар суханронии рӯзи панҷшанбеаш мавзӯи муҳоҷиратро “ҳассос ва дарднок” номид. Ӯ иқрор кард, дар Русия садҳо ҳазор дасти корӣ намерасад ва гуфт, барои кам кардани муҳоҷирон маҳсулнокии кор бояд боло бурда шавад ва тамаркуз ба соҳаҳои дорои фанновариҳои пешрафта карда шавад. Ин даъвати гурӯҳҳои нажодпараст аст, ки умуман ба манъ кардани ҳузури "бегонагон" дар Русия даъват мекунанд.
Соли 2024 баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар Маскав, ки дар шароити бисёр суолбарангез рух дод, асосан муҳоҷирони тоҷикро гунаҳкор карданд. Баъди ин Думаи давлатӣ беш аз 30 қонуни нави маҳдудкунандаи ҳузури муҳоҷирон дар ин кишварро қабул кард, ки яке аз охиринҳояш манъи ба мактаб қабул кардани фарзандони муҳоҷирон дар сурати надонистани забони русӣ дониста мешавад. Инро ҳам бисёриҳо чун як намунаи дигари бегонаситезӣ ва поймолкунии ҳуқуқи инсон танқид карданд.
Дар Душанбе тарҳи марз бо Қирғизистон баррасӣ шудааст
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи марзи миёни ду кишварро дар Душанбе баҳс кардаанд.
Ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории маконнигорӣ ва ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатӣ рӯзи 19-уми декабр ба анҷом расидааст.
Хабаргузории давлатии "Ховар" хабар додааст, ки ин ҷаласа нӯҳ рӯз идома кард.
Дар хабар аз номи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки баробар бо ин мулоқот, корҳо дар самти таҳияи тарҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шуд.
Қарор аст ҷаласаи баъдӣ дар Қирғизистон баргузор шавад.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ду ҳафта пеш хабар доданд, ки дар таъини хати сарҳади байни ду кишвар ба мувофиқаи ниҳоӣ даст ёфтаанд ва қадами баъдӣ, имзои санадҳои байнидавлатӣ дар бораи хати марзи муштарак мебошад.
Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки дар ҷараёни ин музокираҳо Душанбе ва Бишкек ба гузаштҳое розӣ шуданд, вале ҷузъиёти мувофиқаҳои бадастомада нашр намешавад. Фақат мақомот гуфтанд, ки баъди анҷоми марҳилаҳои ҳуқуқии омодасозии тамоми тарҳҳои созишномаву нақшаи хати сарҳади мувофиқашуда ин санадҳо аз ҷониби порлумону президентони ду кишвар имзо мешавад.
Дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон солҳои 2021 ва 2022 муноқишаҳои пурқурбониву пурхушунате рух дода буд, ки як сабабаш баҳснок будани қитъаҳои марзии байни деҳоти ду ҳамсоякишвар гуфта мешавад.
Ҳукми марди фаронсавие, ки занашро ҳамроҳ бо даҳҳо мард таҷовуз карда буд, содир шуд
Додгоҳе дар Фаронса имрӯз аз рӯи парвандаи таҷовузи гурӯҳӣ ба номуси як зан қарор қабул кард. Доминик Пелико барои ташкили таҷовузи гурӯҳии ҳамсараш Жизел Пеликои ҳоло 72-сола ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.
Қазияе, ки бисёриҳоро таконзада кард, бозгӯи ваҳшониятҳои зиёде дар давоми даҳ соли зиндагии ин зан мебошад. Парвандае, ки соли 2020 боз шуд, ошкор намуд, ки Доминик Пелико, сокини деҳае дар Авинйони Фаронса дар давоми даҳ сол ҳамсарашро ба таври пинҳонӣ маводи дорувори мадҳушкунанда дода, дар ин муддат камаш 51 мардро барои таҷовуз ба номуси ҳамсараш Жизел Пелико роҳ додааст. Бисёр ҷиноятҳо бар асоси наворҳои видеоии сабткардаи ин мард ошкор гардид.
Мардони дигаре, ки дар ин таҷовузи гурӯҳӣ ширкат доштаанд, аз 5 то 15 сол ҳукми зиндон гирифтаанд.
Дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ Доминик Пелико эътироф кардааст, ки худ ва дигар мардон ба номуси ҳамсари мадҳушаш борҳо таҷовуз кардаанд. Дар курсии айбдоршавандаҳо мардони 22 то 70-солаи дорои касбу кори гуногун мебошанд.
Жизел Пелико, ки дар оғоз аз расонаӣ шудани муҳокимаҳои додгоҳӣ худдорӣ мекард, дар ниҳоят гуфт, баръакс бояд ҳама бидонанд, ки бо ӯ чӣ шуд, то ки пеши роҳи айни чунин ҷиноятҳо дар нисбати дигар қурбониҳо гирифта шавад.
Гуфтугӯ