Бино ба хабарҳо, як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон дар дохили бинои сафорати кишвар дар Маскав ду нафарро задааст. Ҳодиса рӯзи 24-уми сентябр рух додааст. Мақомоти Тоҷикистон қазияро шарҳ надоданд. Хабаргузории ТАСС рӯзи 25-уми сентябр бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ҳамлавар дастгир шудааст ва ӯро ба вайрон кардани қоидаи будубош дар ҳудуди Русия муттаҳам мекунанд. Оҷонси хабарии Маскав навишт, мутахассиси пешбари сафорат ва ронандаи ӯ, ки масунияти дипломатӣ надоштанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа ангушт ва бинии мутахассиси сафорат шикаста, сараш осеб дидааст. Гуфта мешавад, ронанда ҷароҳати сахт набардоштааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ҳодисаро шарҳ надодааст. Тайи ду моҳи охир талабгорони бозгашт ба Тоҷикистн бо ҳадафи номнавис кардани худ дар назди бинои сафорат дар Маскав ҷамъ мешаванд. Онҳо аз шеваи номнавис ва дарёфти билети бозгашт норозиянд, ҳарчанд мақомот онро дурусту одилона хондаанд.