Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Ҳарчанд Саидҷаъфар Усмонзода ба интихоботи президентӣ роҳ наёфт, имкон дорад худро таъсиргузортар аз онҳое нишон бидиҳад, ки дар ин сабқат иштирок доранд. Гап сари иддаое нест, ки сабти ном нашудани раҳбари демократҳоро ба фаъолмандии ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ нисбат дода, аз ӯ "қаҳрамон" тарошиданӣ мешаванд.
Дар анҷумани Ҳизби демократ, ки ӯро номзад пешниҳод карданд, яке аз ҳамсафонаш - Мирзо Нуриддинов пешниҳод намуд, ки ба Президенти Тоҷикистон расонад, то бо намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ мулоқоти ҷудогона ташкил намояд.
Воқеан, ин гуна вохӯриро дар маҳфилҳои сиёсии кишвар шояд ба хотир надоранд.
Зимнан, агар интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон як маъракаи ҷолибу пуррақобате мебуд, ки ҳамаи номзадҳо дар мулоқот бо интихобкунандаҳо ҳозир мешуданд, баҳс мекарданд ва зарфиятҳои худро нишон медоданд, шояд зарурати ин гуна мулоқот пайдо намешуд. Аммо интихобкунандаи тоҷик ёд надорад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои интихоботии инак панҷуми худ кай бевосита ҳамчун номзад бо мардум сӯҳбат дошт, ба саволу масъалагузории онҳову рақибонаш посух дод. Имсол ҳам ба ин сӯҳбату мулоқотҳо шахсони боэътимодашро мефиристад.
Ин гуна мавқеъгирӣ, аз як ҷониб ҷаззобияти интихоботро ҳарчӣ камтар намояд, аз сӯи дигар боис ба "сироят шудани" дигарон мегардад. Номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода низ дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо интихобкунандагон дар Данғараву Кӯлоб иштирок накард ва ба ҷои худ шахси боэътимодаш Фирӯз Ҳақназарзодаро фиристод.
Раиси коммунистҳо ҳарчанд дар мулоқоти Бохтар ҳузур дошт, ба ҷои ӯ шахси боэътимодаш ҳарф зад. Дар Кӯлобу Данғара ҳам, тавре аз гузориши шабакаҳои телевизионӣ дидем, Мироҷ Абдуллоев айнан ҳамин корро кард: дар минбар ӯ менишаст, аммо барномаи ҳанӯз дар расонаҳои хабарӣ муаррифинашудаашро намояндаи ҲКТ дар Кӯлоб шарҳ медод.
Ҳоло танҳо Рустам Латифзодаву Абдуҳалим Ғаффорзодаро мебинем, ки дар мулоқоти ташкилнамудаи КМИР шахсан иштирок мекунанд. Намегуфтем, ки бисёр ҷиддӣ масъалагузорӣ мекунанд, вале кӯшишҳое ҳаст ва ин маънои эҳтиром ба мардуму маъракаҳои муҳиме чун интихоботро дорад.
Албатта, аҷиб намебуд, ки рӯзи эълони натиҷаи интихобот ин ду нафар аз "номзадҳои номаълум" камтар овоз бигиранд. Зеро мо интихоботҳои парлумониеро низ бисёр шоҳид будаем, ки маҳз номзадҳое ба вакилӣ пазируфта шудаанд, ки тақрибан бо мардум сӯҳбат надоштаанд. Онҳоро боре инҷониб "фариштаҳои ҳамабин” номида будам, ки ба пеши мардум наомада, аллакай паёми худро мерасонанд...
Хуб, Эмомалӣ Раҳмон метавонад ҳузур надоштанаш дар ин маъракаҳоро ба серкории худ ва сафарҳои кориаш ҳамчун президенти амалкунанда ва маълум аст, ки оянда, нисбат бидиҳад. Қонунгузории Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд маълум накардааст, ки дар сурати номзад буданаш, оё ӯ ҳаққи иҷрои мансаби президентиро дорад ва агар чунин талабот дар қонунгузорӣ нест, ин наметавонад ба ҷараёни интихобот таъсир расонад?
Ба ҳар сурат, масалан хабари №1 -и шабакаҳои телевизионӣ маҳз гузориши муфассали сафару иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон аст. Танҳо пас аз он дар бораи ягон мулоқоти суратгирифтаи номзадҳо ва "омодагиҳои ҳамаҷонибаи қитъаҳои интихоботӣ ба маъракаи муҳим" хоҳанд гуфт.
Ин як масъалаи ҳуқуқист, ки ҳоло баррасӣ нашудааст. Номзадҳо бошанд мегӯянд, ки барои интихобот "ҳамаи шароитҳо муҳайёст".
Вале иштирок накардани номзадҳо дар мулоқот бо мардуми ақаллан ҷамъовардаи ҳавзаҳои интихоботӣ аз чӣ гувоҳӣ медиҳад?
Масалан ҳамин Рустам Раҳматзода кори муҳимтаре аз интихобот дар ин шабу рӯз бояд дошта бошад? Ё ӯ дар ҷои дигар бо мардум сӯҳбат дошт? Оё аз ситоди интихоботии ӯ хабаре ҳамчунин шунидед? Ва аслан дар бораи мавҷудияти ин ситоди интихоботӣ, ки Раҳматзода даъво дорад, ки доранд, бохабаред?
Чунин саволу баррасиҳо ба маъракаи бисёр камранги интихоботии президент дар Тоҷикистон ҳатман асаргузор хоҳад шуд. Масалан нозирони байналхалқӣ, ки ахиран мегӯянд барои мушоҳида меоянд, ҳамаи ин нуктаҳоро пайгирӣ мекунанд.
Барои ҳамин, баргузор намудани як мулоқот бо намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ ё баҳс (дебат) бо рақибони интихоботӣ дар ин шабу рӯз барои Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим ба назар мерасад. Ҳоло бояд баҳси "сатҳи номзадҳо"-ро канор гузошт, агар мехоҳанд то ҷое фазои интихоботӣ ҳоисл шавад.
Бовар дорам ду Рустам - Латифзода ва Раҳматзода дар бахшҳои вобаста ба худ метавонанд дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон ҳарфҳое бигӯянд. Ҳатто Ғаффорзода, ки президент дар дидори аввали худ, вақти оғози даъвати нави парлумон дар соли 2015, барояш хушгӯиҳое намуд, имкон дорад як "комплимент"-и дигар ба ҷаноби Раҳмон намояд. Мироҷ Абдуллоев бигзор ба ин дебат ё мулоқот биёяду хомӯш нишинад. Ҷои аслии сукути ӯ ҳамин ҷост, на назди мардум...
Аслан мавзӯи дидору мулоқот бо Президенти Тоҷикистон нав нест. Соли 2009, дар оғози бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ раиси сотсиал - демократҳо Раҳматилло Зойиров ин гуна пешниҳодро матраҳ кард. Аммо ношунида монд. Масъулини ҳукумат бар ин назаранд, ки доираи Шӯрои ҷамъиятӣ намояндаҳои аҳзоби сиёсӣ иштирок мекунанд ва ин кифоя аст. Вале на дар ҳамаи ҷаласаҳои ин ниҳод президент иштирок мекунад ва масъулини ҳизбҳо мегӯянд аз ҷаласаҳои дигар, ки бе иштироки Эмомалӣ Раҳмон мегузарад, на ҳамаи пешниҳодоти онҳоро барояш манзур мекунанд.
Дар солҳои аввали пас аз Созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон як таҷрибаи нодир буд, ки президент сари чанд вақт бо раҳбари ИНОТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дидору мулоқот анҷом дода, бисёр масоили ҷамъшударо баррасӣ мекарданд ва ин барои рушди ҷомеа хеле муҳим ба назар мерасид.
Абдуҳалим Ғаффорзода дар сӯҳбат бо инҷониб аз тавофуқи ҳосилшудае дар соли 2004 -2005 ёдоварӣ намуд, ки тибқи он гӯё ҳар сол ду маротиба бо Президент ва ду маротиба бо раиси Маҷлиси намояндагон бояд сӯҳбату вохӯриҳои раисони аҳзоб ташкил мешуд. Аммо дар бораи баргузории онҳо чизе нашунидем. Роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, агар иштибоҳ накунам, фақат соли 2006 бо Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат доштанд. Он ҳам пас аз интихобот буд, ки президенти навинтихоб бо рақибони худ мулоқот намуд. Соли 2013 ин гуна иқдом сурат нагирифт.
Вале муҳимияти мавзӯъ ҳоло ҳам мондааст. Дуруст аст, ки аз аҳзоби фаъол ба сифати нерӯҳои тавонманде сӯҳбат намешавад, ки маълумоти кофии зарурӣ аз вазъи ҷомеа дошта бошанд, ё чизи муҳиме ба роҳбари давлат расонанд. Ҳарчанд Муҳиддин Кабирӣ соли 2013 дар мусоҳибае бо инҷониб изҳор намуд, ки тобистони соли 2010 номаи расмие дар бораи мулоқот бо Президент фиристода буд. "Зеро хабарҳое дар бораи эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои Рашт доштам. Фикр мекунам, имкони пешгирии ин ҳаводис вуҷуд дошт. Вале шояд аз серкорӣ буд, ки ин дархости мо сарфи назар гардид" -- гуфта буд ӯ, ки он замон ҳизби зери роҳбариаш расман амал мекард.
Пас, бигзор ҳизбҳои фаъол ҳоло тавонмандиву зарфияти зиёде надошта бошанд, аммо аз онҳо мешавад ба сифати як канали мустақими гуфтугӯ бо ҳукумат истифода намуд. Инро набояд ҳамчун минбари интрига ё ғаразҳои сиёсӣ қабул кард, балки масоили зиёде вуҷуд доранд, ки қобили баррасианд:
- истифодаи зарфияти (потенсиали) ақлӣ ва зеҳнии тамоми миллат. Яъне ҷалб намудани намояндагони тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар сохторҳои давлатӣ, ки онро мешавад ҳамчун шурӯи ҳамкории байни раҳбарияти кишвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул кард. Ин масъала хусусан дар давраи навбатии президентии Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфта мешавад охирин аст, муҳим арзёбӣ мешавад;
- огоҳ гардидани раҳбарияти давлат аз воқеиятҳои ҷомеа. Зеро ба назар мерасад, ки раҳбарияти кишвар на аз ҳама он чизе, ки дар ҷомеа мегузарад, огоҳ аст. Ё, агар огоҳ бошад, тарзе вонамуд мекунад, ки ин мушкили сатҳи поин ва ё миёнаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ аст, на тасмим ва иродаи раҳбарияти кишвар.
ХУЛОСАИ МУҲИМ ДИГАР АСТ:
- ҳукумат бояд эҳсос намояд, ки мардум танҳо бо онҳо нест. Марказҳои қабули қарорро зарур аст ниҳоят эътироф кунанд, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин шояд нерӯ ва шахсиятҳои ҷудогонае ҳастанд, ки мардум ба онҳо эътимод дорад!
Аз ҳамин ҷост, ки фикр мекунам, раиси демократҳои тоҷик Саидҷаъфар Усмонзода, агар барои баргузории мулоқоте ҳамчунин мусоидат карда тавонист, нақши бузургтаре аз номзадҳои дигар ба президентиро иҷро мекунад.
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.