Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мард дар Хатлон ба иттиҳоми дастдарозӣ ба духтараш 25 сол зиндонӣ шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мардеро бо гуноҳи таҷовузи духтараш 25 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Ҳукмро Додгоҳи вилояти Хатлон содир намудааст.

Бино ба итиллои Додистонии кулли Тоҷикистон, А.А. тобистони соли 2017 ба номуси он замон духтари 16-солааш дастдарозӣ кардааст. Тафсилоти ҳодисаро маълум нест. Ҳамин гуна рӯшан нест, ки духтар дар чӣ вазъ қарор дорад ва чаро ҳукм баъд аз се соли ҳодиса эълон шудааст.

Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номуси хурдсолону ноболиғон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Дар оғози моҳи август Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Юсуф Зиёев, сокини Душанберо бо гуноҳи таҷовуз ба номуси як тифли сесола ба ҳабси абад маҳкум кардаанд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи июл гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG