Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Вакилони анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамон тавре шабакаҳои телевизионӣ нишон доданд, дар тан аксаран либосҳои якхела Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод карданд. Дар технологияи хабарсозии идеологҳои ҳукумат "либоси ягона" гӯё танҳо маънии ваҳдати зоҳириро надорад ва ин ба он маъно ҳам бояд фаҳмида шавад, ки ҳамаи ҷавонон аз пешниҳоди ин номзад ҷонибдоранд.
Воқеан, то ин анҷуман фарзияҳое вуҷуд дошт, ки номзади онҳо Рустами Эмомалӣ бошад ва ба ин васила дар интихоботи натиҷааш аз қабл маълум, интригае боқӣ монад. Ҳукумат ва аҳзоби дигар, ки номзад пешниҳод мекунанд, мехоҳанд, ё не, дар ҷомеаи дохилу хориҷ ҷиддӣ пазируфта намешаванд.
Зимнан, агар чунин итттифоқ пеш меомаду Рустами Эмомалӣ номзад мешуд, ба ғайр аз як маъракаи барои ҷомеа то охир номаълум, аммо шавқовар, ки интихоботҳо бояд чунин бошанд, ҳамчунин ҳукумат барои худ ҳадди ақалл ду сабақ мебардошт:
- Ба ҷомеаи дохилу хориҷ расман паём медод, ки пас аз Эмомалӣ Раҳмон элитаи ҳукмрон маҳз ба кӣ такя карданист;
- Зарфиятҳои Рустами Эмомалӣ ва шахсу гурӯҳҳои вобаста ба ӯро ба намоиш мегузошт.
Дуруст аст, ки аз соли 2017, ки ӯро шаҳрдори Душанбе ва имсол, ки расман шахси дувуми давлат намуданд, гӯё фаҳмонида шуд, ки масъала ниҳоӣ шудааст. Таҳлилҳое дар бораи сенарияи "масъалаи соли 2022" низ вуҷуд дошт, ки тибқи он дар интихоботи соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон ширкат намудаву ғолиб меояд ва як сол пас аз таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар соли 2021, истеъфо дода, қудрат ба Рустами Эмомалӣ мерасад.
Аммо иштироки ворис дар маъракаи интихоботии соли 2020 на ба сифати рақобат ё мухолифат бо элитаи ҳукмрон, ки шояд чунин фаҳмидаанд, балки ба ҳайси муаррифии "насли нави мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон" маънидод мегашт. Ин нуктаи бисёр муҳим аст. Зеро, ҳарчанд “Душанбеи дигар”-и пас аз соли 2017-ро ба тавонмандиҳои "шаҳрдори ҷавон" нисбат медиҳанд, дар доираҳои огоҳу таҳлилӣ медонанд, ки амалан он кори дастҷамъонаи тамоми ҳукумат аст. Дар ин замина ӯ ба имиҷи нав зарурат дошту дорад.
Бахши асосии хабарҳои худ кардани фаъолиятҳои шаҳрдору спикери қабати болоии парлумон ва дар паҳлӯи падари президенташ нишон додани Рустами Эмомалӣ аз ҷониби расонаҳои давлатӣ, намешавад гуфт мувофиқу муносиб бо технологияҳои хабарсозии муосир аст.
Барои Рустами Эмомалӣ иштирок дар интихоботи президентӣ метавонист маҳз ба сифати ана ҳамин имиҷ кумак намояд, ки бо командаи нав, истифодаи технологияҳои тозаи сиёсӣ рӯи кор омаданист. Дар натиҷа, бигзор дар интихоботи соли 2020 ғолиб намеомад, балки ҷои “ифтихории дуюм”-ро соҳиб мегашт, аммо барои амалисозии “масъалаи 2022” асосу заминаи мантиқӣ ба вуҷуд меовард.
Аз ҷониби дигар, ин посухи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба мавҷи таҳаввулоти нави дунё пазируфта мешуд, ки бо шаклҳои мухталиф дар давлатҳои гуногун рӯ мезананд. Ин воқеият аст, ки таҳаввулоте, ки ҳудуди даҳ сол қабл аз мамолики Шарқи Наздик оғоз гардид, тамоми ҷаҳонро аз як ҷониб ба ҳайрат овардааст, аз сӯи дигар кишварҳои авторитариву диктаториро ба тадбирандешиҳо водор менамояд. Дигар хел шуданаш мумкин нест. Зеро имкони пайовардҳои ҳаммонанд дар ҳар кадоми онҳо вуҷуд дорад. Аз ин ҷост, ки ҳар яке ба таври худ, ё то андозаи фаҳмишу дарк ислоҳот ё бо ном ислоҳот роҳандозӣ мекунанд.
Ҳатто он вақт дар Чин сахт мушавваш шуданд. Пекин аз рӯзҳои аввали ин ҳодисаҳо ба тамоми сохторҳои низомии худ ҳушдор дод, ки "ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед". Дертари ҳамон рӯзҳо дар интернет хабарҳое паҳн гардид, ки дар майдони марказии пойтахти Хитой гирдиҳамоӣ сурат мегирад. Дуруст аст, ки дар вақту соати эълонгардида касе ҳозир нашуд, вале ҳукумат медонад, ки таркиши иҷтимоиро ҳар лаҳза интизор шудан мумкин аст ва танҳо умед аз низомиён ҳам илоҷи кор нест.
Ин дар назари аввал менамояд, ки сатҳи беҳтари иҷтимоии мардум одамонро аз мавҷи эътирозҳо бозмедорад. Ҳолати феълии ҷаҳон талаботи худро дорад. Насле ба миён омадааст, ки онҳоро вазъи мавҷуда қонеъ намегардонад.
Ба истиллоҳ "насли google". Барои ин насл бад мерасад, ки доим ба гӯшашон "афсона" мехонанд, онҳоро танҳо ба сифати асбоби тарғиботӣ истифода мекунанд. "Идеологияи шукргузорӣ" барои онҳо кӯҳна аст. Эшон дигар ислоҳоти ҷиддӣ мехоҳанд. Ислоҳоти системавӣ. Ин насл шояд ба ин назар аст, ки ҳокимони феълӣ ин ислоҳотро анҷом дода наметавонанд. Ин нуктаро бархе аз раҳбарони билоиваз ба хубӣ дарк кардаанд. Аз ин рӯ, дар баробари иҷрои бархе аз талаботи мардум барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, акнун ваъда ҳам додаанд, ки дар интихоботи навбатӣ худ ва пайвандонашон ширкат намекунанд. Суботи нисбии бавуҷудомада дар ин кишварҳо аз ҳамин ҷост.
Вале дар бархе аз мамолик ислоҳот гуфта, ҳукуматҳо ислоҳи иштибоҳотеро фаҳмидаанд, ки дар гузашта худу мақомоташон содир кардаанд. Ҳамон гуна, ки агар ба фаъолияти парлумони Тоҷикистон ҷиддӣ назар кунем, дар ҳамин чанд соли ахир гӯё танҳо ба тағйирот ворид кардан дар қонунҳои қаблан қабулкардаи худ машғуланду бас. Яъне, қонунҳои қабулкардаи пешиниён ё худашонро бо чанд тағйири ҷузъӣ ҳамчун "фаъолияти пурсамар" нишон додан мехоҳанд.
Ё дар сатҳи ҳукумат, тасвиби қарорҳое мисли баланд бардоштани арзиши интернет, иваз кардани шиносномаҳо ва баъдан мавқуф гузоштани онҳо...
Пас аз он дастгоҳҳои иттилоотиву идеологӣ тарғиботи худро дар ин шакл идома додан мехоҳанд, ки аз ин корҳо дар ҳукумати марказӣ хабар надоштанд ва ниҳоят фаҳмидаву аз онҳо пешгирӣ шуд. Қолаби дар чанд ҳолат бе тағйир.
Агар шеваи таблиғоти бахши идеологиву иттилоотии ҳукуматро аз ин дидгоҳ ҷиддӣ баррасӣ намоем, зуд дарк кардан имкон дорад, ки онҳо ё намедонанд чӣ кор карда истодаанд, ё коре дигар карда наметавонанд. Ҳатто бархе аз кормандону раҳбарони Маркази тадқиқоти стратегии назди президент ба гунае изҳори назар, ё хулосабарорӣ карданӣ мешаванд, ки аз изҳоротҳои ба шӯхӣ монанди Бег Сабур – раиси Хадамоти алоқа кам фарқ доранд. Ҳол он ки ин марказ бояд ба таҳқиқоти ҷиддии ҷомеашиносӣ машғул бошад ва ба марказҳои қабули қарор хулосаҳои хеле санҷидашуда пешниҳод намояд.
Пас, хулоса кардан имкон дорад, ки иқдомҳои ҳукумат бештари вақт хислати тақлидӣ (имитатсионӣ) доранд. Дар асл ҳукумат бояд фаҳм кунад, ки ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст, одамон ва тафаккуру хостаи онҳо аз 30 сол пеш сахт фарқ мекунанд. Ҳоло насли дигаре бо тафаккури креативӣ пайдо мешавад.
Маълум аст, ки онҳо бо андешаву тафаккури нав хостаҳои дигар низ доранд. Фазои нав мехоҳанд, то хостаҳояшонро дар амал татбиқ кунанд. Агар ҳукумат ба пешвозашон баромаду дар замина худу ҷомеаро низ тағйир дод, гапи дигар, вале агар аз ҳузури онҳо чашмпӯшӣ кард, пас, гуфтан мумкин, ки мо ба роҳи номаълум ва ояндаи номушаххас қадам ниҳода истодаем.
Ба ҳар сурат, бубинед, дар баҳсҳои интернетӣ бархе аз ҷавонон чӣ гуна дағалона изҳори назар мекунанд ва ин ҳукуматро ба шӯр меорад. Аммо ҳукумат набояд ба шӯр ояд, балки сабабҳои ин ҷараёнро таҳқиқ ва хулоса намояд. Зеро дар баъзе паҳлӯҳои ин баҳсҳои дағал мо андешаҳои хеле ҷиддии таҳқиқу хулосанашударо низ дармеёбем. Бештар аз ин, бояд мақомоти ҳукумат аз рухдодҳои ахири мамолики дунё фаҳмида бошанд, ки иқдомҳои дағали онҳоро мардум чӣ қадар дағалтар қабул мекунанду ҳамон гуна посух медиҳанд.
Яъне, ҳукумат ва институтҳои давлатиаш бояд худро аз чунин тасаввур халос кунанд, ки онҳо бо одамони 30 сол пеш сару кор доранд. "Замоне буд, ки шумо танҳо сулҳу нон мехостед" фикр накунам шиори муваффақе дар рӯзгори мост. Албатта, оромиву субот дар ҳама шакл хуб аст, аммо дар навбати худ бояд дарк кард, ки ин мафҳумҳо низ акнун маънову хислати дигар касб кардаанд ва насли нав ҳатто амалӣ нашудани хостаҳояшонро барои худ нооромӣ мепиндоранд...
Воқеан, дар ибтидои матлаб аз пешбарии номзад ба президентӣ гуфтем. Анҷумани ҳизби ҳукмрон ба рӯзи 3-юми сентябр гузошта шудааст. Пешопеши анҷуман масъулини он гуфтанд, ки ҳузури раисашон номаълум аст. Онро як навъ интрига қабул кардем, аммо баъд аҷиб буд, ки маҳз созмони бадахшонии ҲХДТ ӯро вакил интихоб намуд.
Ин шояд иртибот дорад ба сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба ин вилояти “мушкилзо”. Сафари ахир ба назар исбот намуд, ки мушкиле дар ВМКБ намондааст ва пешниҳоди онҳоро шояд дар посух ба ин арзёбӣ карданӣ шаванд.
Аммо, агар дар анҷумани ҳизб тасмим бигиранд, ки номзадашон Рустами Эмомалӣ бошад, чӣ?
Иттифоқи ҷавонон ба ҳар ҳол, худро аз ҷумлаи пешкорони ба майдони сиёсӣ ворид кардани президенти феълӣ дар соли 1994 медонад. Он замон ҲХДТ вуҷуд надошт ва маҳз Иттифоқи ҷавонон ӯро номзад намуд.
Пас, шояд эстафетаро ҳизби ҳоким ба даст гирифтанист, ки онҳо ҳам метавонанд ба арсаи сиёсӣ "сиёсатмадори муваффақ" ворид намоянд?
Ин барои баргардонидани интригаи интихобот ҳам мусоидат мекунад.
Пас, интизор бояд шуд...
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!