Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Мирзоев: Омбудсмен ҳанӯз ба назди генерал нарафтааст


Ғаффор Мирзоев
Ғаффор Мирзоев

Ғаффор Мирзоев, яке аз генералҳои бонуфузи замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки тобистони имсол ба нишони эътироз алайҳи бозбинӣ нашудани парвандааш гуруснанишинӣ эълон карда буд, ҳоло ҳаёти муқаррарӣ дар зиндонро идома медиҳад.

Оиша Ғаффорова, хоҳари генерали зиндонӣ, рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҷое иттилоъ дорад, вазъи бародараш хуб аст ва интизор меравад моҳи ноябр бо ӯ дар зиндон мулоқот кунад.

Ҷамила Комилова, вакили генерали собиқ, гуфт, то ҳол омбудсмен ва намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон барои шунидани даъвоҳои Ғаффор Мирзоев ба наздаш нарафтаанд ва эҳтимол ин кор рӯзҳои наздик сурат бигирад.

Дар аввали моҳи гузашта Омбудсмен ё ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки шикоятҳои Ғаффор Мирзоевро дастрас кардааст. Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик гуфта буд, шикоятҳои Ғаффор Мирзоев тавассути хоҳараш ба онҳо расидааст.

Ғаффор Мирзоеви 61-сола то замони ба зиндон рафтан, дар соли 2006, дар мақоми фармондеҳи пешини Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ хатмкардаи шӯъбаи ғоибонаи риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва як сол пеш аз боздошташ Академияи низомии Русияро низ хатм кард.

XS
SM
MD
LG