Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC-2020 эҳтимолан лағв хоҳад шуд


Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) созмонҳои миллии футболро, ки бошгоҳҳояшон дар Ҷоми AFC-2020 иштирок мекунанд, дар бораи эҳтимолан бекор кардани мусобиқаи имсола бинобар пандемияи ҷаҳонии Covid-19 ба таври расмӣ огоҳ кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар номаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё гуфта мешавад, ки баъди эълони мавқуф гузоштани мусобиқа дар моҳҳои март ва апрели соли равон, AFC пас аз мубоҳисаҳои васеъ бо созмонҳои миллии ширкаткунанда ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати муайян кардани шакл ва санаҳои нави баргузории мусобиқа ният дошт, ки бозиҳои Ҷоми AFC-2020-ро дубора боз кунад.

Аммо, ҳеҷ таваҷҷӯҳе ба баргузории як мусобиқаи мутамарказ дар гурӯҳҳои F, G ва H (AСEAН) аз ҷониби ягон кишвари Осиё вуҷуд надошт. Инчунин, AFC натавонист кишварҳои мизбони мусобиқаи гурӯҳҳои "D" (Минтақаи марказӣ) ва "E" (Минтақаи шарқӣ) -ро муайян кунад, дар ҳоле ки Ассотсиатсияи футболи Баҳрайн (мизбон дар гурӯҳи "А") хоҳиш кард, ки мусобиқа ба соли 2021 мавқуф гузошта шавад.

Дар асоси масъалаҳои дар боло зикршуда, АFC барои баррасӣ ва тасмимгирӣ ба кумитаҳои дахлдори худ муроҷиат кард ва дар бораи натиҷаҳо ба созмонҳои миллӣ дертар иттилоъ дода хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми AFC-2020 дар Минтақаи марказӣ моҳи марти соли равон як бозӣ бо иштироки ду бошгоҳи Тоҷикистон баргузор шуда буд. "Истиқлол"-и Душанбе дар майдони худ "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2: 0 шикаст дод.

Мусобиқаи марказонидашуда бо иштироки бошгоҳҳои Тоҷикистон, инчунин қаҳрамонҳои Қирғизистон ("Дордой") ва Туркманистон ("Олтин Асир") бояд аз 20-уми октябр то 4-уми ноябр баргузор мешуд.

XS
SM
MD
LG