Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падар барои шиканҷаи кӯдакон дар Хуҷанд ду сол зиндонӣ шуд


Фирдавс Иномзодаро ба латукӯби фарзандони хурдсолаш айбдор карданд
Фирдавс Иномзодаро ба латукӯби фарзандони хурдсолаш айбдор карданд

Додгоҳе дар вилояти Суғд як сокини шаҳри Хуҷандро бо гуноҳи латукӯби фарзандонаш ду сол аз озодӣ маҳрум кард.

Боздошту муҳокимаи Фирдавс Иномзодаи 34-сола баъд аз нашри навори шиканҷаи кӯдакон дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифт.

Корбарон ӯро барои чунин рафтораш маҳкум карда, аз мақомот хостанд, ки ба ҷавобгарӣ кашанд. Пайвандони Фирдавс Иномзода мегӯянд, қазия он тавре аст, ки аҳли ҷомеа фикр мекунанд.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 21-уми август дар хабарномае гуфт, Фирдавс Иномзодаро бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” маҳкум карданд. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Иномзода ду солро дар маҳбаси низомаш сахт паси сар хоҳад кард.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, Фирдавс Иномзода падари ду кӯдак аст ва “фарзандоншро мавриди зарбу лат қарор дода, нисбат ба онҳо муомилаи бераҳмона, сангдилона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсониро раво дидааст.”

Пайвандони Фирдавс Иномзода бо чунин хулосаи додрас розӣ нестанд ва пешниҳод доранд, ки падари наврасон аз маҳбас озод карда шавад, то фарзандонашро нигоҳбин кунад. Башорат Маннонова, модари Фирдавс Иномзода, рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писараш танҳо ба хотири аз Русия баргардондани модари кӯдакон дар наворе “гӯё кӯдаконро азоб додааст”.

“Писарам дар додгоҳ гуфт, аз кори кардааш пушаймон аст, фарзандонашро дӯст медорад ва онҳоро хуб нигоҳбин мекунад. Вақти рафтан гиря кард. Гуфт, барои модарашон ин корро кардааст”, -- афзуд ӯ.

Модари наврасон дар навбати худ ба ин гуфтаи Башорат Маннонова розӣ нест. Мавлудахон Иномова, модари кӯдакони латукӯбшуда, иддао дорад, шавҳараш барои он ки ӯ аз Русия пули бештар фиристад, фарзандонашонро азият додааст.

М.И. ва М.М. яке 7 ва дигаре 6 сол доранд. Навори латукӯби онҳо моҳи майи имсол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва бо вокунишҳои тунди корбарон рӯбарӯ шуд. Дар он видео дида мешуд, ки бо вуҷуди илтиҷои кӯдак падар ӯро мезанад ва пояшро дар гулӯяш мондаву фишор медиҳад.

Наврасон дар замони тафтиши парванда ва муҳокимаи падари худ дар тарбияи бибиашон буданд ва акнун дар назди модарашон ҳастанд. Мавлудахон Иномова, модари наврасон ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ рӯз пеш аз Русия баргашт ва фарзандонро ба тарбияи худ гирифт.

Иномова мегӯяд, намехоҳад бо фарзандон ба хонаи шавҳар раванд, чун ба гуфтаи ӯ метарсанд, ки дубора азобу шиканҷа мешаванд. Ин дар ҳолест, ки манзил надоранд ва хонаеро дар Хуҷанд муваққатан ба иҷора гирифтаанд.

Пайвандони Фирдавс Иномазода мегӯянд, арӯси хонавода метавонад бо фарзандон ба хонаи шавҳар баргардад. Башорат Маннонова гуфт, “азоб намекашид. Ман ангушт нарасондаам, шароити хонаам хуб аст, марҳамат, омада зиндагӣ кунад.”

Ҳодисаи мазкур мавзӯи шиканҷаи наврасонро аз сӯи волидон дар Тоҷикистон дубора доғ кардааст. Бархе аз равоншиносон мегӯянд, наврасон бештар замоне ба хушунат дар оила дучор мешаванд, ки падару модар миёни ҳам муноқиша доранд. Ба таъкиди равоншиносон, зану шавҳар набояд дар ҳолати нофаҳмиҳо дар оила аз фарзандон ҳамчун василаи фишор ба якдигар истифода баранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG