Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бемористони Данғара беш аз 1100 нафарро ҷарроҳии пластикӣ кардаанд. ВИДЕО


Дар чаҳор соли ахир дар бемористони ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара беш аз 1100 ҷарроҳии пластикӣ анҷом додаанд. Пизишкон мегӯянд, ҷарроҳӣ бепул аст ва довталабон бештар биниву рӯй, пӯст ва бахшҳои дигари бадани худро тағйир додан мехоҳанд.

Тарафдорон ин навъи ҷарроҳиро замонавӣ шудани ҷомеа ва роҳи халосӣ аз баъзе нуқсҳои модарзодӣ медонанд, вале мухолифон мегӯянд, агар сабабҳои узрноке набошад, танҳо ба хотири зебоӣ ҷарроҳӣ кардан нашояд.

Шодмон Аҳмадов, муовини раиси Донишгоҳи тиббии Хатлон, қароргоҳаш дар Данғара, гуфт, дар шаш моҳи гузашта мутахассисони онҳо 136 ҷарроҳӣ анҷом доданд.

"Соли гузашта дар ҳамин давра 160 ҷарроҳӣ сурат гирифта буд, имсол камтар аст. Чунки давоми чаҳор моҳи охир ректори донишгоҳ бо аъзои ситод ва пизишкони дигар дар бемористони марказӣ ба ташхис ва муолиҷа машғул буданд", -- гуфт ӯ чанд рӯз пеш дар як нишасти хабарӣ дар ноҳияи Данғара.

Мақомот то ҳол сабаби бепул будани ин навъи ҷарроҳиро дар ноҳияи Данғара шарҳ надодаанд, аммо арзиши ин навъ ҷарроҳӣ дар бемористонҳои дигар ва хориҷи кишвар ба садҳо доллар мерасад.

Қаҳрамон Камолов, сартабиби Бемористони ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара гуфт, довталабони ҷарроҳии пластикӣ муваззафанд, ки харҷи бемористонро пардозанд. "Бештар дар инҷо бинии шикаста ё каҷшуда, ожангҳои рӯй ва амсоли онро ҷарроҳӣ мекунанд", -- афзуд ӯ.

Вобаста ба афзоиши таваҷҷуҳи сокинон, Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара тасмим гирифтааст, 20 донишҷӯйро дар бахши ҷарроҳии пластикӣ омода кунад.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Ҷарроҳии пластикии бепул дар бемористони Данғара
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Агар дар гузашта танҳо Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии барқароркунӣ дар Тоҷикистон чунин ҷарроҳиҳоро анҷом медод, ҳоло бемористонҳои дигар низ ба онҳое, ки аз симои зоҳирияшон розӣ нестанд, имкон фароҳам овардаанд, то ҷавону зебо бишаванд.

Райҳон, як сокини Душанбе, мегӯяд, ду сол пеш биниашро, ки “гӯшт гирифта буд”, ҷарроҳӣ кард, аммо пушаймон нест: “Аз ночорӣ ба ин кор рафтам ва ҳоло роҳат ҳастам. Агар касе чунин зарурат дорад, ҷарроҳии пластикӣ муҳим аст. Мо набояд ба дигарон хандем. Баъзеҳо комилан зебо будан ва бархеи дигар аз нуқсҳо халос шудан мехоҳанд."

Аммо бархе аз мухолифони ин навъи ҷарроҳӣ онро бештар "назарфиребӣ" тавсиф мекунанд. Чун, ба бовари онҳо, на танҳо занони солдида ё афроди нуқсдор, балки ҷавондухтарон зиёд мехоҳанд зоҳири худро "таҳрир" кунанд, то ба диле роҳ ёбанд.

Дар ҳоле ки талабгорони ҷарроҳии пластикӣ дар Тоҷикистон зиёд мешвад, ин масъала дар баъзе аз кишварҳои минтақа боис ба эҷоди баҳсҳои мазҳабӣ шудааст. Идораи мусалмонҳои Қирғизистон соли гузашта фатво дода буд, ки мусалмонҳо наметавонанд тавассути ҷарроҳӣ тарҳи чеҳраашонро дигар накунанд, агар нуқси модарзодӣ надоранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG