Як комиссияи порлумони Эрон барои амалҳои ҷарроҳии, ба гуфтаи онҳо, ғайримаъмул муҷозоти ҳабс ва шаллоқ муайян кардааст, ки "чашмгурбаӣ" ва "гӯшулоғӣ" аз ҷумлаи онҳост.
"Чашмгурбаӣ" ҳолатест, ки дар пайи амалиёти ҷарроҳӣ гӯшаи чашми инсон бозтар мешавад ва он шакли чашми гурбаро мегирад. Аммо амалиёти ҷарроҳие, ки дар он нӯкҳои гӯшро тез мекунанд ва он шабеҳи гӯши хар мешавад, "гӯшулоғӣ" гуфта мешавад.
Пизишкон қаблан гуфта буданд, ки солона дар ин кишвар аз 20 то 25 ҳазор ҷарроҳии зебоии бинӣ анҷом дода мешавад ва Эрон яке аз се кишвари пешсафи дунё аз назари омори ин гуна ҷарроҳиҳо аст.
Ҳасан Наврӯзӣ, сухангӯи Комиссияи қазоӣ ва ҳуқуқии порлумони Эрон гуфт, анҷоми ҷарроҳии "ғайримаъмул" ҷиноят аст ва онҳое, ки ин корро анҷом медиҳанд ва, ҳамчунин, табибон ба ду сол ҳабс маҳкум шуда ва 74 шаллоқ зада мешаванд.
Изҳори назари вай баъди он матраҳ шуд, ки аз чанд сол ба ин тараф аксҳои зиёде аз анҷоми ин гуна ҷарроҳиҳо дар Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба вижа "Инстаграм" мунташир мешавад. Дар Эрон пеш аз ин ҷарроҳии чеҳра, бахусус бинӣ, лабу даҳон ва пистон анҷом мешуд ва ҷарроҳиҳои нав, ки ба гуфтаи Ҳасани Наврӯзӣ, "ғайримаъмул" ҳастанд, ривоҷ надоштанд.
Ҳасани Наврӯзӣ ҷарроҳиҳои нав, мисли нигин задан дар чашм, тағйири доимии ранги чашм ба рангҳое ҳамчун сурх ва амалҳои ҷарроҳии ғайримаъмулро, "чашмгурбаӣ" ва "гӯшулоғӣ" муаррифӣ кардааст. Ҳамон тавр, ки ӯ гуфтааст, бар пояи моддаи 438-и Қонуни муҷозоти исломии Эрон, ин кор "ҷиноят" буда ва чунин тағйироте, ки дар ҷисми инсон анҷом шуда ва "боиси таҳриф ва гумроҳӣ дар ҷомеа мешавад", мамнӯъ аст.
Сухангӯи Комиссияи қазоӣ ва ҳуқуқии порлумони Эрон дар идома гуфтааст, ки ҷарроҳии тағйири ҷинсият низ дар Эрон ба "дарёфти муҷаввиз" ниёз дорад, аммо вақте "фарде худро ба шакли саг ё гурба даровард, аз амалҳои хатшадор кардани иффат ва покии умумӣ ба шумор меравад."
Вай омореро дар бораи ин гуна ҷарроҳиҳо зикр накардааст, вале қаблан Абулҳасан Имомӣ, раиси Анҷумани ҷарроҳони пластикӣ ва зебоӣ дар Эрон ҳудуди 3 сол қабл гуфт буд, солона аз 20 то 25 ҳазор ҷарроҳии зебоии бинӣ анҷом дода мешавад ва афзуда буд, Эрон яке аз се кишвари пешсафи дунё аз назари омори ин гуна ҷарроҳиҳо аст.
Рӯзномаи эронии "Ормон" қаблан дар гузорише навишта буд, бо онки дар Эрон "дигар касе амали зебоиашро пинҳон намекунад", аммо "ахиран бархе аз ҷавонони пулдори ҷомеа ба ҷарроҳиҳои ваҳшатноке рӯй овардаанд ва аз "гӯшулоғӣ" ба "чашмгурбаӣ" расидаанд ва ба ҷои муроҷиат кардан ба равоншинос, танҳо ҷайби ҷарроҳони пластикиро серпултар мекунанд."
Гузориш аз бойгонӣ:
Ин рӯзнома Эронро "пойтахт"-и амалиёти ҷарроҳии зебоии ҷаҳон муаррифӣ карда ва дар мавриди амалҳои ҷарроҳии навривоҷёфта ба нақл аз як ҷарроҳ навишта буд, "ин афрод мехоҳанд бо анҷоми ин амалҳо дар ҷомеа худнамоӣ кунад ва бигӯянд, ки мо фарқ мекунем, инсонҳои аҷибе ҳастем".