Вакилони Маҷлиси намояндагон гуфтаанд, ки хатари густариши коронавирус яке аз сабабҳои як моҳ пештар аз муҳлати муқарраршуда таъйин кардани санаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст. Қароре, ки Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ онро ғайриқонунӣ медонад.
Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи рӯзи 6-уми август дар Душанбе ду сабаберо пеш овардааст, ки бо назардошти онҳо вакилон пешниҳод кардаанд, интихобот на рӯзи 6-уми ноябр, балки рӯзи 11-уми октябр таъйин карда шавад.
Ӯ гуфтааст, ҳавои муносибтар дар моҳи октябр ва пешгирӣ аз хатари сирояти коронавируси нав, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, аз сабабҳои пеш аз анҷоми ваколатҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъйин кардани санаи интихобот аст.
Вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 6-уми август бо қабули як қарор, санаи интихоботи президентиро ба рӯзи 11-уми октябр таъйин карданд, қароре, ки онро Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ғайриқонунӣ хонд ва аз Додгоҳи конститутсионӣ ва ё Қонуни асосӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хост, ба ин қарор баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд.
Дар нутқи Маҳмадалӣ Ватанзода дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи порлумон, ки Радиои Озодӣ ҳам онро дид, омадааст, барои баргузории интихоботи дурусту комил ва интихоби номзади арзанда, “шароитҳои мувофиқ, аз ҷумла боду ҳавои мусоид зарур аст. Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки моҳҳои сентябр ва аввали октябр дар муқоиса бо моҳи ноябр нисбатан гарму бебориш мебошад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон рафтуомад ба ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ аз сабаби боришоти зиёд ва баъзан баста шудани роҳҳо мушкил мегардад. Дар моҳи октябр таъин намудани интихобот барои озодона гузаронидани чорабиниҳои пешазинтихоботӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба раванди интихобот таъсири мусбат мерасонад."
Маҳмадалӣ Ватанзода, ки дар гузашта намояндаи раиси ҷумҳур дар порлумон буд, ҳамчунин гуфтааст, омили дигаре, ки онҳо барои таъйини санаи интихобот ба инобат гирифтанд, бемории COVID-19 аст. Ба гуфтаи ӯ, пештар овардани санаи интихобот имкон медиҳад, ки пеши роҳи доман задани беморӣ дар Тоҷикистон дар фасли сармо гирифта шавад.
Дар нутқи Маҳмадалӣ Ватанов омадааст: “Ба ақидаи мутахассисон суръати паҳншавии ин беморӣ дар мавсими гармтар суст ва дар мавсими нисбатан хунук бештар мегардад. Ҳарчанд вазъи кунунии эпидемияи COVID-19 дар ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дорад, мувофиқи мақсад аст, ки интихобот дар мавсими гармтар гузаронида шавад. Ин имконият медиҳад, ки чорабиниҳои пешазинтихоботӣ бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ баргузор гарданд ва хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ пешгирӣ карда шавад.”
Коронавируси нав дар Тоҷикистон то кунун ба бештар аз 7700 нафар сироят карда ва 62 касро куштааст.
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 7-уми август дар як баёнияе дар саҳифаи хусусиаш дар Фейсбук гуфт, таъйини интихобот ба рӯзи 11-уми октябр, “яъне як моҳ қабл аз анҷоми муҳлати ваколати президент ғайриқонунӣ аст, чун ҳамаи қонунгузориҳои интихоботиро ақиб меандозад.”
Ӯ дар як суҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ баёнияаашро чунин шарҳ дод.
Ба гуфтаи Раҳматулло Зойиров, қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз рӯзи 6-уми август дар бораи таъйини санаи интихобот “аз рӯзи қабулаш қувваи ҳуқуқӣ надорад”.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин баёния, ки рӯзи 7-уми август нашр кард, гуфтааст: “Амалкарди Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон худсарона аст ва барои ин раисони ҳарду палатаи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҷазо бигиранд.”
Ба қавли Маҳмадалӣ Ватанзода, пеш овардани санаи интихобот мухолифи ҳеҷ муқаррароти Қонуни асосӣ ва қонунҳои дигаре нест, чун: "Қонунгузории амалкунанда дар санаи мушаххас баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ накардааст ва барои дар дигар вақт баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маҳдудият мавҷуд нест."
Ҳар дафъа интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешуд. Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи имсол гуфта мешаванд, вале падару писар ҳанӯз дар бораи иштирокашон дар корзори сиёсӣ ҳарфе нагуфтаанд.
Ҳарчанд мақомоти интихоботии Тоҷикистон ва кишварҳои шарики он гуфтаанд, ки интихоботҳои гузашта шафофу одилона баргузор шудаанд, аммо нозирони ғарбӣ аз ҷумла аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон одилонаву шаффоф ва мутобиқ ба меърёҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд.