Давлати Бритониё гуфтааст, ки бо гузориши ниҳоии нозирони САҲА дар бораи интихоботи порлумонии моҳи март дар Тоҷикистон, ки "дар фазои комилан контролшуда сурат гирифт ва имкон барои баҳсҳои сиёсӣ нагузошт ва мухолифони умда аз саҳнаи сиёсӣ ронда шуданд" ҳамназар аст.
Назари ҷониби Бритониёро рӯзи 4-уми июн дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо сафираш Нейл Буш баён кард. Ҳукумати Тоҷикистон ва нозирони Чину кишварҳои Шӯравии собиқ интихоботи моҳи мартро "шаффофу демократӣ" хонданд.
Дипломати бритониёӣ аз "гузориши комил ва фарогир"-и Гурӯҳи нозирони САҲА дар бораи интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон, қадрдонӣ кард. Чанд рӯз пеш Гурӯҳи нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гузориши худро дар бораи интихобот нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, корзори сиёсӣ ҳеч мутобиқате ба меъёрҳои байналмилалии як интихоботи демократӣ надошт.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор шуд ва ҳудуди 230 номзад барои 63 курсии Маҷлиси Намояндагон рақобат карданд. Ин нахустин интихоботе буд, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ва бе ҳузури ин ҳизби асосии мухолифи ҳукумат баргузор шуд.
Гузориши ниҳоии Гурӯҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мегӯяд, бо вуҷуди тағйироти қонунӣ дар солҳои 2017, 2018 ва 2019, тавсияҳое, ки аз сӯи Гурӯҳи нозирони интихоботии САҲА дода шуданд, чандон пешравие надоштанд. Ин гузориш гуфт, ҳамаи ин камбудҳо, ба раванди интихоботи соли 2020 таъсири вайронгар расонданд.
Дар баёнияи ҷониби Бритониё ба аҳамияти ҳаётии озодии расонаҳо ва рӯзноманигорон ба вижа ҳангоми бозтоби мавзуъҳои сиёсӣ таъкид шудааст. Вазорати корҳои хориҷии Бритониё гуфтааст, матбуоти озод ва мустақилу гуногуншакл барои ҷомеаҳои осоишта ва демократӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.
"Мо, инчунин, ба таври комил аз тавсияҳои амалии гузориш бо ҳадафи сабти номи дуруст дар интихобот, назорати озодонаи интихобот, шеваи шумориши раъйҳо, интишори саривақтии натиҷаҳои интихобот ҳимоят мекунем", - омадааст дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Бритониё.
Ин баёния ҳукумати Тоҷикистонро тарғиб кардааст, то аз пешниҳодҳои ODIHR (Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо) барои беҳбуди ҳарчи бештари раванди интихобот истифода кунад.
Дар интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март, намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Ҳизби кишоварзӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби демократӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби коммунист ба порлумон роҳ ёфтанд. Мақомот рӯзи эълони натиҷаҳо гуфтанд, Ҳизби сотсиал-демократ, ягона ҳизби мухолифи давлат, фақати 0.32 дар сад раъйи мардумро ба даст овард ва ба порлумон роҳ наёфт.
Он аҳзобе, ки роҳ ёфтанд, ба гуфтаи нозирони байналмилалии интихобот, "сиёсатҳои раиси ҷумҳурро ба чолиш накашиданд, кори ҳукуматро баррасӣ намекарданд ва ба якдигар ҳам мухолиф набуданд". Мунтақидони ҳукумат ҳам мегӯянд, аҳзобе, ки роҳ ёфтанд, ё дастнигари ҳукумат ҳастанд, ё худи ҳукумат онҳоро таъсис додааст, ки вонамуд созад, дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ ва "гуногунандешӣ" вуҷуд дорад.
Нозирони Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то кунун гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳои порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон озоду одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст.
Ҳукумат баръакси инро гуфтааст ва Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот рӯзи 2-юми март ҳангоми эълони натиҷаҳои интихобот такрор кард, ки "интихобот шаффофу одилона баргузор шуд ва шикояте дар бораи қонуншиканӣ нагирифтанд".