Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳои Чин сабаби марги Шоира Бузруковаро "пневмонияи коронаӣ" номиданд


Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 4-уми июл даргузашт
Шоира Бузрукова, сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд рӯзи 4-уми июл даргузашт

Расонаи чинии "Садои Осиё" ба нақл аз манбаъҳои худ хабар додааст, ки сардухтури таваллудхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд Шоира Бузрукова аз сирояти коронавирус фавтидааст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон то ҳоло сабаби марги сардухтури зоишгоҳи вилоятиро расман шарҳ надодаанд.

Шоира Бузрукова рӯзи 4-уми июл дар Беморхонаи касалиҳои сироятӣ даргузашт. Навбатдори Раёсати тандурустии Суғд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 5 июл гуфт, хонум Бузрукова аз рӯзи 30 юми июн то то рӯзи маргаш дар беморхонаи сироятии вилоятӣ бистарӣ буд ва дар ҳамон ҷо вафот кард. Вай аз гуфтани сабаби марг худдорӣ намуд. Дар ҳоле ки дар беморхонаи сироятии Суғд, ки ин пизишк бистарӣ буд, асосан беморони гирифтори вируси COVID-19 табобат мешаванд.

"Садои Осиё" менависад, Шоира Бузрукова ба коронавируси нав мубтало шуда, он диабети ӯро вазнинтар кард ва ҳам сабаби илтиҳоби шуш гардад, ки ҳамаи ин ба маргаш боис гаштанд. Хабари "Садои Осиё"-ро ҳамчунин нашрияи дигари чинӣ "Нигоҳи нав ба Тоҷикистон" бознашр кардааст. Ҳарду расона ҳамчунин карантин шудани Беморхонаи касалиҳои сироятии Хуҷандро пас аз марги Бузрукова рад кардаанд.

Шоира Бузрукова, арӯси хонаводаи Муҳиддин Хоҷазод, адиби тоҷик аст. Моҳи апрел хабар нашр шуда буд, ки ин адиби тоҷик бо нишонаҳои “илтиҳоби шуш” ҳамроҳи як писараш дар бемористони шаҳрии рақами 2-и Хуҷанд таҳти табобат қарор доранд. Муҳайё Музаффарова, ҳамсари Муҳиддин Хоҷазод, ки синнаш аз 70 боло буд, 28 апрел даргузашт. Мақомот ҳамаи онҳоро гирифтори бемории илтиҳоби шуш меноманд. "Садои Осиё" ба матлаби худ "Марги сардухтури тоҷик аз пневмонияи коронаӣ" унвон ниҳодааст.

XS
SM
MD
LG