Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ба мақомоти тоҷик: Асрориддин Розиқов озод шавад


Асрориддин Розиқов рӯзи 26 июн бо сабабҳои номаълум боздошт шуд ва то ҳанӯз далели ин боздошт маълум нест.
Асрориддин Розиқов рӯзи 26 июн бо сабабҳои номаълум боздошт шуд ва то ҳанӯз далели ин боздошт маълум нест.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch аз Тоҷикистон хост, ки “Асрориддин Розиқов билофосила аз боздошт озод шавад” ва дар заминаи боздошти “худсарона таҳқиқот анҷом шуда, масъулон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд”. Изҳороти созмони байналмилалӣ рӯзи 10 июл дар вебсайти он нашр шуд. Асрориддин Розиқови 38-сола писари узви собиқи раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Зубайдуллоҳи Розиқ аст, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Ба иддаои наздикон, Асрориддин Розиқов то замони боздошти мармузаш дар бозори "Корвон" ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул буд ва рӯзи 26-уми июн дар роҳ ба сӯи бозор аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) боздошт шудааст.

Бо гузашти ду ҳафта аз боздошти Розиқов то ҳол ин ниҳод дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ шарҳе надодааст. Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба иттилои онҳо бародараш дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад ва ҳанӯз маълум нест, ки ӯ дар чӣ гумонбар мешавад.

Human Rights Watch дар изҳороти худ мегӯяд, боздошти Розиқов аз ҷониби мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон “худсарона” буда, “мақомот ҳеҷ далеле барои боздошти ӯ пеш нагузоштанд” ва ҳам “хешовандонаш аз вазъи сиҳҳативу ҳоли ӯ бехабаранд”. Ҳю Виллиамсон, раиси барномаҳои Аврупову Осиёи Марказии Human Rights Watch мегӯяд, “боздошти худсаронаи Асрориддин Розиқов бахше аз талошҳои афзояндаи мақомоти тоҷик барои эҷоди тарс дар миёни мунаққидони ҳукумат ва дигарандешони сулҳомез” мебошад.

Ӯ мегӯяд, ки аз миёнаҳои соли 2015 мақомои тоҷик беш аз 150 нафарро бар асоси ангезаҳои сиёсӣ боздошт кардаанд ва дар миёни онҳо ҳуқуқшиносон, мунаққидон ва аъзои созмонҳои сиёсӣ мебошанд. Мақомот дар Тоҷикистон боздоштҳо бар асоси ангезаҳои сиёсиро рад карда гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон зиндониҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд.

XS
SM
MD
LG