Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози тоҷикро барои талоши фирор аз хидмат ду сол зиндонӣ карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе сарбози қаторӣ Отабек Иброҳимовро барои саркашӣ аз адои хизмати ҳатмӣ 2 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Вокуниши Иброҳимов ва наздикони ӯ маълум нест. Вале дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, шароити сангин ва "дедовшина" боис мешавад, ки ҷавонон аз артиш фирор кунанд.

Мақомот мегӯянд, Отабек Иброҳимов 12-уми ноябри соли 2019 ба сафи артиш даъват шуда буд. Ӯ дар қисми ҳарбии Агентии таъминоти амволи махсус хизмат мекард, ки вазифааш таъмини артиш бо маҳсулоти кишоварзӣ аст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Иброҳимов дар охири моҳи декабри соли 2019 бо фурӯ бурдани 17 дона санги майда талош кард, ки дар бемористон бистарӣ шавад ва ба ин тартиб аз адои хизмати сарбозӣ раҳо гардад. Додрас гуфтааст, ки ин Иброҳимов "ба шароити сарбозӣ тоб наовардааст".

Вокуниши наздикони сарбози маҳкумшуда ва худи дастрас нест. Маълум нест, ки Отабек Иброҳимов чаро 17 дона санги майдаро фурӯ бурдааст.

Ин ягона ҳодисаи фирорӣ сарбозон аз сафи артиш нест. Додгоҳи ҳарбӣ-гарнизонии шаҳри Душанбе моҳи май як сарбози дигарро барои саркашӣ аз хизмат ба ду соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо наздикони ин сарбоз аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда буданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бархе ҷавонон дар Тоҷикистон хоҳиши хизмати сарбозиро надоранд ва бо роҳҳои мухталиф аз даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ фирор мекунанд.

Яке аз сабабҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмати сарбозӣ ҳолатҳои латту кӯб ва марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ аст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, аз соли 2014 то 2016 60 ҳолати муроҷиати пайвандони сарбозон сабт шудааст. Дар 11 ҳолат муроҷиати пайвандон ба марги сарбозон рабт доштааст.

XS
SM
MD
LG