Buddecomm, пойгоҳи тадқиқотии бозори мухобирот, суръати Интернетро дар Тоҷикистон яке аз сусттаринҳо дар ҷаҳон ном бурдааст.
Ин пойгоҳ рӯзи 22-юми июн дар бораи вазъи бозори мухобирот дар Тоҷикистон гузориш нашр кард, ки шакли пурраи он барои обуначиён дастрас аст ва арзиши як нусхааш 750 доллар мебошад.
Себастиян Де Росбо, муаллифи гузориш навиштааст, ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон бо яке аз сусттарин суръати Интернет мубориза мебаранд. Ба гуфтаи муаллиф, зери инҳисор ё монополияи як ширкати давлатии мухобиротӣ қарор гирифтани хатти Интернет боис ба паст шудани суръати он ва рукуди соҳа шудааст.
Муаллиф менависад, бо вуҷуди ҷорӣ шудани меъёрҳои алоқаи 4G/LTE густариши алоқаи собит ва Интернети босуръат дар Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа ночиз аст.
Дар Тоҷикистон 4 ширкати бузурги мобилӣ фаъолият мекунанд. Ба навиштаи Buddecomm, ширкати Tcell саҳми аз ҳама бештари бозорро дар ихтиёр дорад ва баъд аз он Babilon Mobile, Мегафон ва ZET Mobile қарор доранд.
Де Росбо талаби сабти номи ҳатмии ҳама гуна дастгоҳҳои алоқаи барқиро дар Тоҷикистон яке аз ҳодисаҳои муҳим дар соли гузашта номидааст. Вай гуфтааст, ширкати "Мегафон" азм дорад 5G – меъёри нави алоқаро дар Душанбе ҷорӣ кунад, аммо Де Росбо тахмин задааст, хуруҷи COVID-19 густариши 5G-ро дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ба таъхир андозад.