Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Назрӣ, донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик даргузашт. ВИДЕО


Ҷӯрабек Назрӣ
Ҷӯрабек Назрӣ

Ҷӯрабек Назрӣ (Назриев), донишманд ва овозхони маъруфи тоҷик, рӯзи 24-уми май дар 74-солагӣ даргузашт. Ӯ ва чанд узви хонаводааш чанд рӯз ба ин тараф дар шифохонаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бистарӣ буданд. Наздиконаш гуфтанд, Ҷӯрабек Назрӣ солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мебурд. Маросими дафнаш баъд аз зуҳри якшанбе дар оромгоҳи Лучоб доир мешавад.​

Ҷӯрабек Назрӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, дар мавзӯи ҷойгоҳ ва мақоми Мактабии Шерозӣ дар адабиёти форсу тоҷик рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Чандин сол раёсати Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт. Се соли ахир мудири Маркази мероси хаттӣ буд.

Муддате ҳам дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кору зиндагӣ кардааст. Аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди маъруфи Афғонистон будааст. Бар изофаи корҳои илмиву тадқиқотӣ яке аз овозхонҳои шинохтаи кишвар буд. Ба қавли ҳунарманди шинохта Ҷӯрабеки Мурод, "дар як китфаш ҳунар ва дар китфи дигараш илм ҷавонмардона ва тоҷикона илму ҳунарро пеш мебурд".

Дар зер бахше аз мусоҳибаи ӯро бо Радиои Озодӣ нашр мекунем, ки ҳанӯз нӯҳ сол пеш анҷом шудааст:

Пурсиш: Шумо чанд сол роҳбари Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ будед. Он замон овозаҳо шуда буд, ки дастнависҳо нопадид шуданд, ин овозаҳо дуруст аст?

Посух: Ман ин сарусадоҳоро шунида будам. Мутаассифона, як гурӯҳ пайдо шуда буданд,ки оромиву пешравӣ ва муҳити хуби илмии Институти шарқшиносиро қабул надоштанд. Аз ин рӯ дурӯғи бисёреро дар ҳар куҷо паҳн карданд. Ин дурӯғпароканиҳо дар дохили худи институт ба вуҷуд омада буд. Маҳалгароӣ ҳам хеле боло рафта буд. Сипас ревизияи махсус ташкил кардем. Намояндаҳои баъзе аз идороти қудратиро ҳам даъват кардем. Раиси ин комиссия муовини раиси Институт устод Амрияздон Алимардон баргузида шуданд. Хуллас, ин комиссияи мӯътабар ҳамаро санҷиду бозрасиву тафтиш кард, ки ҳама чиз дар ҷояш аст.Сад дар сад дурӯғ будани ин овозаҳо маълум шуд. Вагарна онҳо маро маҳкум мекарданд. Аз ҳама муҳим диданд, ки ман чанд ҳазор нусхаи чопи муосир, чанд ҳазор дастхат ва чопи сангӣ вориди хазинаи институт кардам. Барои чӣ садои ман баланд буду забонам дарозу дурушт ҳарф мезадам? Барои онки дуздӣ ва ба ҳаққи мардум хиёнат накардам.

Пурсиш: Бисёре аз афрод аз институти шарқшиносӣ ба мансабҳои боло аз ҷумла ба корҳои дипломативу давлатӣ ҷалб шуданд, вале чаро Шумо не?

Посух: Ман камбуди худро дар он мебинам, ки бисёр рост мегуфтам, талаби бисёр мекардам ва ба онҳое, ки дар мақоми болотар буданд, хушомад намегуфтам, имрӯз ҳам намегӯям. Хуб карданд ва ё накарданд ҳаволаи инсофи онҳо. Лекин як ҳарф аст, ки мегӯянд, гарчи амал кори хирадманд нест, ҷуз ба хирадманд мафармо амал. Ман аз як чиз ифтихор мекунам, ки аз ин даргоҳ бо бадӣ нарафтам. Ман нарафтам, балки равонданд. Маро гирифтанду канор гузоштанд ва ба ҷойи ман як нафареро аз боло оварданд, ки ҳеҷ кас тасаввур намекард. Ҳамин десант партофтанҳо расм шуд. Ҳам ба ҳоли ӯ механдиданд ва ҳам гиря мекарданд, худо шоҳид. Назди институт мерафтам ҳамкорон оғӯш мегирифтанду гиря мекарданд. Аммо баъди рафтани ман ин қадар фитнаҳо барангехтанд.

Ҷӯрабек Назрӣ
Ҷӯрабек Назрӣ

Тамоми нусхаҳоро аз сари нав ревизия карданд. Марҳум Амрияздони Алимардон худо биёмурзадаш гуфтааст ин корро накунед, ки Ҷӯрабек ба як саҳифаи китоб хиёнат накардааст. Бо кормандони институт на раису раият, балки ҳама бародар будем. Аз онки вазифа доданд ва ё надоданд, бародари азиз, ба қавли мардум рул дар дасти капитани киштӣ аст, агар дод хайр ва агар, ки надод ҳаволааш ба худо.

Пурсиш: Шумо дар Афғонистон низ маъмурият доштед, вале мегӯянд, ки он маъмуриятро ба анҷом нарасонида пеш аз мӯҳлат баргаштед?

Посух: Сабаб боз ҳам ҳамин ростгӯӣ, аммо гуноҳ ё ҷурм Аҳмад Зоҳир буд. Мо дар як маҳфил бо Аҳмад Зоҳир ошноӣ пайдо кардем. Чун ӯ дид, ки як ҷавони боҳунар астам ва аз шеъру адабиёт бохабар дӯст шуд. Ӯ худаш ба суроғи ман ба манзилам омад. Мо дигар хеле наздик шудем. Вақте дар муҳити Кобул сайругашт мекардем баъзе ҳарфҳову сӯҳбатҳое аз тарафи афғонҳо ба гӯш мерасид. Масалан афғонҳо мепурсиданд, ки чаро аз миллати тоҷик, узбек умуман қавмҳои Осиёи Миёнаву Қафқоз ба сифати тарҷумон меоянд, аммо аврупоиҳо ба ҳайси мутахассис. Аз он ҷиҳат мепурсиданд, ки мақоми мутахассис болотар буд. Ман ҳам ба сифати тарҷумон дар Афғонистон фаъолият мекардам. Баъзан ин ҳарфҳоро мерафтам ба калонҳо мерасонидам, ки мардуми афғон чунин назар доранд. Намешавад як коре бикунем, ки андешаашон чунин набуда бошад. Дигар инки баъди як соли хидмат ба рухсатӣ омадам. Аммо ба ростӣ бо Аҳмад Зоҳир хеле қарин шуда ва гоҳо якҷоя суруд низ мехондем. Он замон дар бораи мо ҳар гуна ҳарфҳоро бофтаву пароканда карда буданд, ки ину он мекардем, ба назди духтарҳо мерафтем. Худо шоҳид, ки ин ҳама ҳарфҳо ботил буд. Он вақт Тоҷикистонро камтар мешинохтанд. Ман ҳарҷо, ки мерафтам фарҳангу маданияти мардум ва адабиёти тоҷикро таблиғ мекардам. Падари Аҳмад Зоҳир як замон нахуствазир буд. Вақте ҷамъ меомаданду медиданд, ки як ҷавоне аз Иттиҳоди Шӯравӣ, ки адабиётро аз онҳо камтар намедонад шеър мехонад эҳтиромаш карданд. Аммо дар онҷо ҳам ман дертар фаҳмидам, ки як- ду бародари хуби тоҷики ман пайдо шудаасту рафта гуфтаанд, ки агар маро пас нагардонанд ман шаҳрвандии кишвари бегонаро қабул мекунам.Дар бораи Аҳмад Зоҳир гуфтаанд, ки ӯ ҷосуси Амрико асту фалон асту беҳмадон асту метавонанд, ки маро маҷбур кунад шаҳрвандиро пазирам ва аз кишвари худ даст бикашам. Ҳол он ки ман кишвари худро, хокашро ба зару зевари кишвари дигар баробар намекунам ва нахоҳам кард.

Пурсиш: Гуфтанд, ки ба шумо мӯҳлат додаанд дар 24 соат кишварро тарк кунед, дуруст аст?

Посух: На, ҳеҷ чунин ҳарфҳо набуд. 15 рӯз пеш маро огоҳ карданд, ки метавонӣ ба рухсатӣ биравӣ. Ман омодагӣ гирифтам, тӯҳфаҳоро харидам, ҳама корҳоро анҷом дода, бо хонумам ва фарзандҳо омадем. Омадам инҷо ва баъд рафтам Маскав, ки ба ман гуфтанд қарордоди Шумо ихтисор шуд. Онҷо се далел пеш оварданд. «Не владеет язик дарӣ», яъне забони форсиро намедонам-яке аз гуноҳҳо, «политический неграмотний» - дуввум гуноҳ ва «встречался с людми сомнителними репутатсиями». Гуфтам "кого ви имеете виду". Гуфтанд: "Ахмад Захир. Ви знаете Ахмад Захир?" Гуфтам, Шумо аз ман пурсед, ки Аҳмад Зоҳирро кӣ намешиносад. Ӯ як ҳунарманди маъруфу машҳур аст, ки бо забони ман суруд мехонад. Дар Тоҷикистон маҳбубият дорад. Ман ҳам ҳунармандам ва шиносоии мо ба хотири ҳамин аст. Дӯстҳо диданд, ки он ҷурм ва баҳонаҳое, ки пеш оварданд, ягонтоаш асос надорад. Қарордоди ман нимҳарбӣ буд. Ҷамъ карданд ҳамарову сӯҳбат карданд ва гуфтанд язик дарӣ он знает ва совершенстве,отпадает, дуюм масъалаи сиёсат буд, ки гуфтанд аз сиёсат пурра бохабар аст ва дар бораи сеюмаш тӯҳматҳо карданд, ки ранҷидам. Дигар омадам. Боз имкони рафтан пеш омад, пешниҳод карданд, вале гуфтам, ки дигар намеравам.

Пурсиш: Бо Аҳмад Зоҳир бештар дар бораи чи сӯҳбат мекардед?

Посух: Ман Аҳмад Зоҳирро бо ҳунари хуби тоҷикӣ ошно кардам. Аз инҷо сабтҳои зиёде бурдам. Ӯ аз куҷо медонист, ки Акашариф Ҷӯраев кӣ аст? Ё Одина Ҳошим кӣ аст? Ӯ орзу мекард, ки як бор ба Тоҷикистон ояд. Ҳатто як субҳ дар занг зад. Хестам боз кардам, ки Аҳмад Зоҳир бо як дӯсташ паси даранд. Гуфт Ҷӯрабекҷон як хонуми ҳунарманд хеле хуб хонд, хонуми тоҷикӣ, хушам омад аз хонданаш. Дар ҳақиқат ҳунармандони шумо хуб мехонанд. Гуфтам ӯ кӣ будааст. Гуфт, ки Мағфират Қулқулова. Гуфтам бале ҳаст, Мағфират Ҳамроқулова. Як рӯз Аҳмад Зоҳирро ҳамроҳ гирифтам ва рафтем хонаи Шаҳбоз Кабиров, хонаи шоира Меҳринисо. Онҳо маро меҳмонӣ даъват карда буданд. Соати даҳ рафтем то яки шаб нишастем. Аз меҳмондории тоҷикон, аз ҳунардӯстии мардуми мо ба ваҷд омад.Дар Ҷангалак будем. Тамоми мардуми хориҷӣ ҷамъ шуда буданд. Аҳмад Зоҳир омад аз ман пурсид, ки чаро ин қадар мардум зиёд омадааст?

Ҷӯрабек Назрӣ, моҳи феврали 2011
Ҷӯрабек Назрӣ, моҳи феврали 2011

Гуфтам фаҳмиданд, ки ту омадӣ ҷамъ шуданд, мехоҳанд ту суруд бихонӣ. Баъд рафт бо ҳамроҳии Шаҳбоз ва асбобашро овард. Аз соати 10 то якуними шаб мо нишастему суруд хондем. Худо шоҳид, ки инҷо дар атрофи ман баҳсҳо хеле бисёр шуд. Ман чанд дафъа гуфтамаш, ки наояд. Ман шӯравиаму ту афғон. Мегуфт дар қиссааш набош, хунамон якест.

Посух: Дар бораи зиндагии шахсиатон чи метавонед бигӯед?

Посух: Мегӯянд, ки ба худододагон ситеза макун, ки худодаро худо додааст. Як маркази фарҳангиеро бо номи «Мерос» таъсис додаам. Ба корҳои илмӣ машғулам ва кори ду китоб дар ҳоли тамом шудан аст ва ҳам оҳанг эҷод мекунам. Шогирдҳо ҷамъ мешаванд, сурудхонӣ мекунем. Яъне ки аз муҳити илмиву ҳунарӣ дур нашудаам. Шукри парвардигор, ки ойилаи хуб дорам.Фарзандон ҳама соҳибмаълумот. Як писарам дар Чехия хонда соҳиби маълумоти олӣ шуд.

Пурсиш: Ба ҳар сурат тиҷорат надоред? Мегӯянд, ки як қисми осоишгоҳи Шоҳамбарӣ аз шумост.

Посух: Ман худам ба ин корҳоро машғул нестам. Шоҳамбарӣ аз писари акаам аст. Писаронам кам-кам тиҷорат мекунанд. Аз назари иқтисодӣ бениёзам.

Ҷӯрабек Назрӣ - марди илм ва ҳунар 70-сола шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00
XS
SM
MD
LG