Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон 29 нафар ба иттиҳоми узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" боздошт шудаанд


Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохила дар Хатлон.
Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохила дар Хатлон.

Мақомот дар Хатлон мегӯянд, ки 29 нафарро дар ин вилоят барои узвият дар созмони "Ихвон-ул-муслимин", боздошт кардаанд. Мавҷи боздоштҳои афроди муттаҳам ба пайравӣ "Ихвон-ул-муслимин" дар авоили моҳи гузашта оғоз шуд ва чанд рӯз қабл Додситонии кулл гуфт, ки дар маҷмӯъ дар саросари кишвар 113 нафар боздошт шудаанд.

Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар миёни боздоштшудаҳо дар Хатлон, ҳуқуқшиносон низ ҳастанд. "Онҳо сиёсати ҳукуматро ба шеваи дигар барои мардум мерасонидаанд",-афзуд вай. Генерал-лейтенант Солеҳзода дар идома гуфт, ки баъди боздошти афроди муттаҳам ба узвият дар ин созмон, дар Додситонии кулл ситод таъсис шудааст ва мақомоти интизомӣ дар ҳамоҳангӣ кор мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони баъзе аз боздоштшудаҳо аз Додситонии кулли Тоҷикистон дархост доранд, ки қазияро одилона таҳқиқ кунад. Онҳо иртиботи наздиконашонро бо созмонҳои мамнуъ дар кишвар рад мекунанд.

Созмони "Ихвон-ул-муслимин", ки номаш дар пайванд ба боздошти чанд нафар дар сархатти расонаҳои Тоҷикистон қарор дорад, аз соли 2006 боз дар кишвар манъ аст. Соли 2016 чанд имомхатиб дар вилояти Суғд бо ҷурми узвият дар ин созмони мамнуъ ба зиндон маҳкум шуда буданд.

XS
SM
MD
LG