Вазорати мудофиаи Русия 50 довталабро аз шумори низомиён барои санҷиши ваксинаи зидди COVID-19 интихоб кард. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар доданд.
Вазорат мехоҳад, ваксинаеро санҷиш кунад, ки бо иштироки Донишкадаи марказии илмиву таҳқиқотии Вазорати мудофиаи Русия сохта шудааст. Нахустин гуруҳи довталабон рӯзи 3-юми июн ваксина хоҳанд гирифт.
Ҳанӯз дар ибтидои моҳи апрел хабар расида буд, ки Вазорати мудофиаи Русия дар сохтани ваксинаи зидди вируси корона ширкат мекунад. Қарор аст, озмоиши клиникии ваксина то охири моҳи июли соли ҷорӣ ба поён расад.
Александр Гинтсбург, академики Академияи илмҳои Русия рӯзи 22-юми май хабар дод, кормандони марказ ваксинаи зидди коронавирусро дар ҷисми худ санҷиш карданд ва "ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд".
Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав ахиран гуфт, то замони сохтани ваксинаи зидди коронавирус тадбирҳои беҳдоштии пешгирӣ аз ин вирус комилан бекор намешаванд.