Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони OSCE баҳои ниҳоиро ба интихоботи Тоҷикистон доданд ва гуфтанд ки...


Интихоботи порлумонӣ рӯзи 1-уми март сурат гирифт.
Интихоботи порлумонӣ рӯзи 1-уми март сурат гирифт.

Нозирони байналмилалӣ, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистонро назорат карданд, ба ин натиҷа расидаанд, ки ин корзори сиёсӣ ҳеҷ мутобиқате ба меъёрҳои байналмилалии як интихоботи демократӣ надошт.

Гуруҳе аз нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки моҳи март барои назорати интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ба Тоҷикистон омаданд, рӯзи 27-уми май гузориши ниҳоии хешро аз дидаву шунидаҳо ва таҳқиқи қонунгузории интихоботии Тоҷикистон нашр карданд. Дар ин гузориш аз ҷумла омадааст, интихоботи порлумонӣ дар як муҳите баргузор шуд, ки “нақзи пайвастаи ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои бунёдӣ, фазое барои мубоҳисаҳои гуногунандеши сиёсӣ нагузошт ва мухолифони аслӣ аз саҳнаи сиёсӣ ронда шуданд.”

Дар натиҷа ба гуфтаи муаллифони гузориш, мардуми раъйдиҳанда дар Тоҷикистон алтернатива ва ё гузинаҳои сиёсӣ барои интихоб надоштанд. Интихобот барои 63 курсии Маҷлиси намояндагон рӯзи 1-уми март баргузор шуд. Ин нахустин интихоботе буд, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ва бе ҳузури ин ҳизби умдаи мухолифи давлат сурат гирифт. Ҳизби мазкур яке аз ташаккулҳои умдаи мухолифи ҳукумат буд ва ҳоло раёсати он дар табъид дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Шаффофият дар ягон сатҳ... вуҷуд надошт

Дар гузориши 27 саҳифаӣ нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мудирият ва ташкили интихоботро дуруст номида, вале гуфтаанд, ки кораш мисли солҳои пеш ношаффоф буд. Дар ин гузориш омадааст: «Комиссияи интихоботӣ барои интихобот ба қадри кофӣ омода буд, вале шаффофият дар ягон сатҳи он вуҷуд надошт ва бетарафӣ ва мустақил будани он аз мақомот суолбарангез буд.»

Барои дарёфти курсиҳои палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон беш аз 230 нафар номзад сабти ном шуд. Намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ, Ҳизби кишоварзӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Ҳизби демократӣ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби коммунист ба порлумон роҳ ёфтанд. Мақомот рӯзи эълони натиҷаҳо гуфтанд, Ҳизби сотсиал-демократ, ягона ҳизби мухолифи давлат, фақати 0.32 дар сад раъйи мардумро ба даст овард ва ба порлумон роҳ наёфт.

Он аҳзобе, ки роҳ ёфтанд, ба гуфтаи нозирони байналмилалии интихобот, «сиёсатҳои раиси ҷумҳурро ба чолиш накашиданд, кори ҳукуматро баррасӣ намекарданд ва ба якдигар ҳам мухолиф набуданд.» Мунтақидони ҳукумат ҳам мегӯянд, аҳзобе, ки роҳ ёфтанд, ё дастнигари ҳукумат ҳастанд, ё худи ҳукумат онҳоро таъсис додааст, ки вонамуд созад, дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ ва «гуногунандешӣ» вуҷуд дорад.

Корзори коҳил ва ё беҳоли интихоботӣ

Дар интихоботи моҳи март, аз ҳисоби 63 курсии Маҷлиси намояндагон 47 курсиро Ҳизби халқии демократӣ ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз они худ кард. Бақияро ба гуфтаи мухолифону мунтақидони давлат «ба ҳизбҳои дигар ҳадя карданд.»

Дар гузориши нозирон омадааст, ки инъикоси корзори интихоботӣ дар матбуоти «беҳол» будани ин корзорро нишон дод. Дар гузориш омадааст: «Ҳеҷ гуна мубоҳисаҳои сиёсӣ байни номзадҳо набуд, матбуот ҳам барномаҳои онҳоро арзёбӣ накард. Расонаҳои хусусӣ фақат ба иттилооти хабаргузории давлатӣ такя мекарданд ва инъикоси фаъолиятҳои раиси ҷумҳур дар телевизион зиёд буд.»

Ба гуфтаи муаллифон, фақат расонаҳои хориҷ аз кишвар, гуруҳҳое дар Фейсбук дар ин бора менавиштанд, ҳарчанд мақомот, дастрасии мардум ба вебсайтҳои хабариеро, ки танқид мекарданд маҳдуд сохта ва ба ҳамин васила интихобкунандаро аз ҳаққи раъйдиҳии огоҳона маҳрум мекард.

Нозирони байналмилалӣ мисли солҳои пеш ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои баргузор кардани як интихоботи демократӣ ва одилона, қонунҳои интихоботиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созад, ба кори хабарнигорон мудохила накунад. Натиҷаҳои раъйдиҳӣ дар ҳавзаҳоро шаффоф ва саривақт нашр кунад ва ба раъйдиҳӣ аз номи хонавода, пур кардани қуттиҳо иҷоза надиҳад. Таҷрибае, ки дар интихоботи имсола ҳам дар бисёре аз ноҳияҳо такрор шуд.

Нозирони Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то кунун гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои порлумонӣ ва президентии Тоҷикистон озоду одилона ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст. Ҳукумат баръакси инро гуфтааст ва ҷумлаеро, ки Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот рӯзи 2-уми март ҳангоми эълони натиҷаҳои интихобот такрор кард. Он ҳам ин ки интихобот «шаффофу одилона баргузор шуд ва шикояте дар бораи қонуншиканӣ нагирифтанд.»

XS
SM
MD
LG