Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифоъ аз ВКД хост, Ғурбатиро зери ҳимояи давлатӣ гирад


Абдулло Ғурбатӣ баъд аз ҳамлаи шаби 11-уми май
Абдулло Ғурбатӣ баъд аз ҳамлаи шаби 11-уми май

Вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ (Авазмад Ғурбатов), хабарнигори "Азия-Плюс", аз мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хостааст, ки ӯро зери ҳимояти давлатӣ гиранд.

Ғурбатӣ шоми 11-уми май ҳангоми рафтан ба хона дар наздикии бозори “Корвон”-и Душанбе аз сӯи ду нафари ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт. Вай бовар дорад, ҳамла ба кори хабарнигориаш рабт дорад.

Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов ба мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, пештар ҳам чанд нафари ношинос телефонӣ Абдуллоҳ Ғурбатиро таҳидид карда буданд ва бояд ҳувияти онҳо ва иртиботашон бо ҳодисаи ахир маълум карда шавад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “то замоне ки он афрод ёфт нашудаанд, ҳаёти ман дар хатар аст ва имкони дубора ҳамла карданашон ҳаст. Аз ҳамин хотир чунин ариза додем”.

Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки дар робита ба латту кӯби хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Мақомот гуфтанд, қазияро бар асоси моддаи авбошӣ таҳқиқ мекунанд.

Амрико, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон, Дидбони ҳуқуқи башар ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо аз латту кӯби Абдулло Ғурбатӣ нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, гунаҳкорони ҳодисаро пайдо ва музоҷот кунанд.

Ҳамла ба хабарнигор дар ҳоле сурат гирифт, ки созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) моҳи апрел дар шохис ё индекси нави озодии матбуот Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, мисли соли гузашта, дар мақоми 161-ум ҷой дод. Тоҷикистон соли 2018 дар ҷойи 149-ум буд. Дар ду соли ахир, ба қавли ин созмон, шароити кори матбуоти мустақил дар Тоҷикистон сангинтар шудааст.

XS
SM
MD
LG