Рӯҳулло Ҳакимзода, раиси пешини бонки давлатии "Амонатбонк", рӯзи 11-уми май фавтидааст. Як рӯз пеш писараш Кароматулло даргузашта буд.
Масъулони бемористони марказии Хатлон сабаби расмии фавти падару писарро илтиҳоби шуш ё пневмония гуфтанд, вале марги пайиҳами онҳо хулосаи расмиро зери шубҳа гузоштааст. Табибони вилояти Хатлон мегӯянд, Рӯҳулло Ҳакимзода бемории қанд ҳам дошт.
Сомонаи "Ахбор" рӯзи 11-уми май бо такя ба манобеаш навишт, ки раиси собиқи "Амонатбонк" ва писараш аз коронавирус фавтиданд. Ба навиштаи сомона, "Рӯҳулло Ҳакимзода ва фарзандаш ду ҳафта боз бо аломатҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус дар беморхонаи Қараболои шаҳри Бохтар таҳти табобат қарор доштаанд."
Алихон Нурализода, сардухтури бемористони вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар, ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, "ҷасади марҳум бо риояи тамоми талаботи эпидемиологӣ бароварда, дафн карда мешавад".
Рӯҳулло Ҳакимзода зодаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон буда, дар гузашта ба ҳайси муовини раиси вилоят ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кор кардааст.
Аз соли 2012 то 2013 муовини вазири молияи Тоҷикистон, баъдан то соли 2014 раиси Оҷонси ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва аз соли 2015 то моҳи январи соли 2019 раиси "Амонатбонк" буд, вале дар ҷаласаи солонаи ҳукумат раисҷумҳур ӯ ва раиси собиқи "Тоҷик Эйр"-ро барои камбуд дар корашон аз толори ҷаласа ҷавоб дод.
Баъд аз барканорӣ маълум набуд, ки Ҳакимзода ба чӣ кор машғул буд.