Рӯзи 8-уми май Азим Иброҳим муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Акрам Мадумаров, ҳамтои қирғизи ӯ муноқиша дар марзро баррасӣ карда ва ба зарурати пешгирӣ аз такрори муноқишаҳо ва идомаи музокирот барои таъйину аломатгузории марз таъкид кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти нахуствазири Қирғизистон хабар дод. Айни замон нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, мақомоти расмӣ ва сарҳадбонони тоҷику қирғиз барои роҳ надодан ба такрори муноқиша ва ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишвар гуфтугӯро идома медиҳанд.
Дафтари матбуоти Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 9-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ ҷузъиёти муноқишаи рӯзи 8-уми майро нашр карда ва гуфтааст: “Айни замон, ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид идома дорад.” Рӯзи 8-уми май дар натиҷаи муноқишае, ки ба сангу тирандозӣ печид, ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як афсари қирғиз ҷароҳат бардоштанд.
Дар баёнияи расмӣ нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон эътироф кардаанд, ки аз аслиҳаи оташфишон истифода бурданд, то худрову шаҳрвандонро муҳофизат кунанд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 9-уми май гуфт, ки вазъ дар марзи Ботканду Суғд ором аст. Ҳодиса ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон замоне ба вуқӯъ пайваст, ки шаҳрвандони Қирғизистон “дар ҳудуди деҳаи ба номи Ибодулло Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни иҷозати мақомоти маҳаллӣ кишти зироатро дар масоҳати 4 гектар, оғоз карданд.” Аммо нерӯҳои марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки ҳанӯз ин порчаи замин аломатгузорӣ нашудааст ва дар амал “аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон истифода мешуд.”
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хати марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.