Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Созмони Милал хостанд, парвандаи хабарнигори тоҷикро таҳқиқ кунад


Пайвандони хабарнигори тоҷик аз он изҳори нигаронӣ доранд ки бо гузашти бист рӯз аз ҳукми додгоҳ наметавонанд, нусхаи онро дастрас кунанд. Онҳо мегӯянд, додгоҳ бидуни ҳеҷ асосе аз додани ин санад худдорӣ мекунад.

Дар додгоҳи Шоҳмансури пойтахт аз посух ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора худдорӣ карданд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, бар асоси қонунгузорӣ нусхаи ҳукми додгоҳ бояд то даҳ рӯз ба тарафҳо дода шавад дар акси ҳол метавонад, ин таъхир мавриди баррасӣ қарор бигирад. Дар ҳамин ҳол як созмони байнулмилалии ҳуқуқи инсон парвандаи ин хабарнигарро барои додхоҳӣ ба СММ фиристодааст.

Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик рӯзи 28-уми январи имсол боздошт шуд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел Шарифовро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ як сол аз озодӣ маҳрум кард. Иттиҳоме, ки Далер Шарифов ва наздиконаш онро қабул надоранд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Далер Шарифов аз соли 2013 то соли 2019 "200 матлабу мақола"-е нашр кардааст, ки ба қавли додситонӣ "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" ҳастанд ва "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд".

Саида Қурбонова ҳамсари Далер Шарифов рӯзи 6-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯзи ахир онҳо барои дастрас кардани ҳукм як пой дар боздоштгоҳу пойи дигар дар додгоҳ ҳастанд. “Чизеро шарҳ намедиҳанд. Танҳо мегуянд ки нусхаи ҳукмро ба боздоштгоҳ ирсол кардаанд, аммо инро дар боздоштгоҳ тасдиқ намекунанд” - афзуд ӯ.

Пайвандони хабарнигори тоҷик ҳафтаи пеш аз бад шудани сиҳатии ӯ шикоят карда гуфтанд, Далер аз дарди қалб ранҷ мекашад ва бояд бистарӣ ва табобат шавад. Онҳо мегӯянд, ҳафтаи пеш ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрда, номаеро дар бораи Далер супурданд, то ҳадди имкон ӯро ҷавоб диҳанд ва ҳар 15-20 рӯз рафта худро ба қайд гирад. Ё ин ки Далерро як моҳ дар бемористон бистарӣ кунанд ва баъд аз баромадан ба адои ҷазояш идома диҳад. Аммо бо гузашти як ҳафта посухи номаро нагирифтаанд. Саида Қурбонова гуфт: “Як ҳафта шуд, ягон посухе аз ҷониби ваколатдори ҳуқуқи инсон нест. Бори дуввум аст, ки муроҷиати мо ба ин ниҳод беҷавоб мемонад.”

Муроҷиат барои муолиҷа ва ё озодии муваққат

Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ дар ин маврид ҳеҷ иттиллое надоданд. Ҳоло он чи боиси нигаронии пайвандони ин хабарнигор шудааст, паҳн шудани бемории COVID-19 мебошад. Онҳо мегӯянд, баъд аз он ки масъулини зиндонҳо дар зиндонҳо карантин ҷорӣ карда, мулоқоти зиндониёнро бо пайвандонашон манъ карданд, дигар аз ҳоли Далер хабар надоранд. Саида Қурбонова гуфт: “Дар ин шабӯрузе, ки ҳама медонад, чӣ мушкиле вуҷуд дорад, одам зиёд нигарон мешавад. Дар ҳоле ки вазъи сиҳатии Далер хуб нест ва шояд бо нафарони дигар якҷоя нигаҳдорӣ мешавад”.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бар асоси қонунгузорӣ баъд аз эълони ҳукм, додгоҳ бояд нусхаи онро дар давоми даҳ рӯз ба пайвандони маҳкумшуда дастрас кунад, то онҳо имкони шикоят бурдан аз болои ҳукм ба зинаҳои болоро дошта бошанд. Дар акси ҳол, ба гуфтаи ҳуқуқшинос пайвандону наздикони маҳкумшуда ҳақ доранд, ба Додгоҳи олӣ, ба додситонӣ шикоят кунанд.

Ӯ мегӯяд: “Дар низоми додгоҳӣ олӣ як муассисаи махсус ҳаст, ки маълумотҳои омориро таҳлилу баррасӣ мекунад ва агар чунин ҳолатҳо ҷой дошта бошад, омилу сабабҳои онро омӯхта, баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд ва баъди мавриди баррасӣ қарор доданд метавонанд додрасҳоро муҷозот кунанд”

Аз СММ хостанд, парвандаи Далерро бубинад

Нигаронии хонаводаи хабарнигори тоҷик аз дастрас накардани ҳукм дар ҳолест, ки як созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон барои баррасии боздошт ва зиндонӣ кардани хабарнигори тоҷик ба гуруҳи кории СММ, оид ба боздоштҳои худсарона муроҷиат кардааст. Freedom-Now хулосаҳои парвандаи рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифовро дар як гузориши 17-саҳифагӣ барои додхоҳӣ ба СММ фиристодааст. Дар ин муроҷиат аз ҷумла гуфта шудааст, ки “Тоҷикистон ҳуқуқи хабарнигори тоҷикро барои боздошти “худсарона” ва озод набудан дар марҳилаи пеш аз додгоҳ нақз кардааст. Ҳамчунин ҳуқуқи ин хабарнигор барои баргузор кардани додгоҳи боз, бо баҳонаи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт поймол шудааст”.

Муҳаммадҷон Кабиров, Мудири Фонди Ҳамгироии Фарҳангӣ, ки дар ин кор ба масъулини созмони Freedom Now ба ҳайси ихтиёрӣ кумак кардааст рӯзи сешанбеи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ин муроҷиатнома ба СММ аз натиҷаҳои парвандаи хабарнигори тоҷик омода шудааст. Ба гуфтаи Кабиров, як банди асосии шикоят «беасос будани айбнома нисбат ба хабарнигорӣ тоҷик ва идомаи саркӯби озодандешон аст. «Дар ин шикоят зикри назари чанд коршиноси байнулмиллӣ низ дарҷ шудааст ки онҳо китоби Далерро хондаву хулосаи экспертӣ додаанд» - афзуд ӯ.

Ба таъкиди Муҳаммадҷон Кабиров, дар ҳолати пешниҳоди ин шикоят, СММ онро баррасӣ карда назари ҳукумати Тоҷикистонро хоҳад пурсид: «Тибқи таҷрибаҳое ки дар гузашта буд, эҳтимол натиҷаҳо пеш аз соли нав ниҳоӣ мешаванд. Ин ба унвони як санад метавонад, бегуноҳии Далер Шарифовро эътироф кунад. Дар умум ин натиҷаҳо барои исбот кардани ин ки Далер доғи судӣ надорад ва ин ҳукм дар нисбати ӯ ғайриқонунӣ буда метавонад».

Талабҳои пайваста барои хотима додан ба фишор

Созмони Милал ва дигар созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз Тоҷикистон хостаанд, ки фишор ба озодии сухан ва изҳори ақидаро хотима диҳад. Чанд созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳукми як сол зиндони хабарнигори тоҷик Далер Шарифовро маҳкум карда, аз мақомот озодии ҳарчи зуд ва бе қайду шарти ӯро дархост карда буданд.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо хостори озодии Далер Шарифов шуданд. Ин созмонҳову дигар журналистони мустақил боздошти Далер Шарифовро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Далер Шарифови 32-сола дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина" ва ҳафтаномаи мустақили "Озодагон" ва расонаҳои дигари мустақил кор ва ё ҳамкорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG