Наздикони Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонӣ мегӯянд, ӯ аз бемории қалб ранҷ мебарад ва аз мақомот талаб доранд, ки Шарифовро ба бемористон интиқол диҳанд ё иҷозат диҳанд, ки давраи ҷазои худро дар ҳабси хонагӣ сипарӣ кунад. Далер Шарифов даҳ рӯз пеш аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба як сол зиндон маҳкум шуда буд.
Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов рӯзи 28-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ду рӯз қабл бо писараш аз наздик мулоқот дошт ва ӯ шикоят кардааст, ки аз дарди дил ранҷ мебарад.
Падари Далер Шарифов гуфт, ҳоло талош дорад бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрда, номаи худро дар бораи писараш ба ӯ супорад. "Агар имконият бошад, ҷавобаш диҳанд, ҳар 15-20 рӯз рафта худро ба қайд гирад, ҳамчун ҳабси хонагӣ. Ё вайро як моҳ дар бемористон бистарӣ кунанд ва баъд аз баромадан ба адои ҷазояш идома диҳад,"-афзуд Абдуманнон Шарифов.
Ба гуфтаи Шарифов, писараш аз қабл низ аз ин беморӣ ранҷ мебурд, вале аз онҳо инро пинҳон медошт ва ҳоло ба хотире, ки бемории Далер авҷ нагирад, мехоҳанд ӯро дар бемористон бистарӣ кунанд.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 16-уми апрел Далер Шарифовро бо гуноҳи барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ (қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятӣ) як сол аз озодӣ маҳрум кард. Иттиҳоме, ки Далер Шарифов ва наздиконаш онро қабул надоранд.
Далер Шарифов, хабарнигори 32-солаи тоҷик, рӯзи 28-уми январи имсол аз ҷониби маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастгир шуда буд. Боздошти журналисти мунтақиди ҳукумат мавриди интиқоди ҷомеаи журналистӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон гардид.