Иёлоти Муттаҳида истифодаи фаврӣ аз доруи ремдезивир (remdesivir)-ро барои табобати беморони КОВИД-19 дар шифохонаҳои ин кишвар тасдиқ кард. Қарор аст, дору аз 4-уми май мавриди истифода қарор гирад. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки озмоишҳо нишон додаанд, ремдезивир ба афроди мубтало ба коронавирус кумак мекунад, то зудтар беҳбуд ёбанд.
Танҳо беморони КОВИД-19, ки дар шифохона бистарӣ ҳастанд, метавонанд аз ремдезивир истифода кунанд. Инро Стефан Ҳан, комиссари идораи ғизо ва давои Иёлоти Муттаҳида, рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо президент Доналд Трамп баён дошт.
Ин доруи зидди вирусро ширкати Gilead Sciences истеҳсол мекунад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, тарафдори истифодаи фаврии ремдезивир барои дармони беморони КОВИД-19 аст.
Раиси иҷроии ширкати Gilead Sciences пас аз мулоқот бо Трамп дар Қасри Сафед гуфт, ширкат як миллиону панҷсад ҳазор ампулаи ремдезивирро ба таври ройгон тақсим хоҳад кард, ки барои дастикам 120 ҳазор бемори КОВИД-19 кофист.
Натиҷаи истифодаи озмоишии беш аз ҳазор нафар аз ремдезивир дар ҷаҳон нишон медиҳад, ки ин дору муддати шифоёбии беморонро 11 рӯз камтар мекунад.
Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ремдезивир аз чаҳоруми моҳи май барои бемороне, ки таҳти муолиҷа қарор доранд, тақсим карда хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир чанд кишвар, аз ҷумла Амрико дар масъалаи истеҳсоли ваксинаи зидди коронавирус кор мекунанд.
То кунун беш аз 3 миллиону 300 ҳазор кас дар сартосари ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд ва зиёда аз 238 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
Бештари мавридҳои маргумир аз коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабт шудааст. То кунун дар Амрико беш аз як миллион кас ба ин вирус мубтало шуда, зиёда аз 65 ҳазор нафар ҷон додаанд.
Дар бисёре аз бахшҳои Иёлоти Муттаҳида ба мардум дастур дода шудааст, ки дар хона бимонанд, то аз паҳншавии бештари корнавирус ҷилавгирӣ шавад.