Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА ба футболи тоҷик $500 ҳазор кумак мекунад


Дафтари марказии ФИФА.
Дафтари марказии ФИФА.

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) эълом кард, ки ба ассотсиатсияҳои миллии футбол 150 миллион доллар пардохт хоҳад кард, то ба онҳо дар мубориза бо оқибатҳои паҳншавии сирояти коронавирус, ки мавсимро қатъ кардааст, кумак кунад.

Вазъи паҳншавии пандемияи коронавирус ба ҳамаи ҷомеаи футбол таъсири хеле ҷиддӣ мерасонад. Мусобиқот қариб дар тамоми ҷаҳон қатъ шудааст ва ҳама пулро аз даст медиҳанд.

Буҳрони молӣ ба ҳама намудҳои варзиш таъсир мерасонад. FIFA эълом дошт, ки дар ин лаҳзаи мушкил ба ассотсиатсияҳои миллии футбол кӯмаки молӣ мерасонад.

"Рӯзҳои наздик FIFA тамоми маблағҳои амалиётиро ба ҳисоби ассотсиатсияҳо - аъзои созмон барои солҳои 2019 ва 2020 ҳамчун қадами аввал дар нақшаи кӯмак ба ҷомеаи футболи гирифтори пандемияи COVID-19 пешниҳод мекунад. Ин иқдом маънои онро дорад, ки тақрибан 150 миллион доллар байни 211 мақомоти миллии футболи ҷаҳон тақсим карда хоҳад шуд", - гуфта мешавад дар изҳороти вебсайти расмии FIFA.

Гуфта мешавад, ки 211 федератсия (аз ҷумла Тоҷикистон) маблағи умумии тақрибан 150 миллион доллар дарёфт хоҳанд кард. Ба ҳар як аъзои федератсияи байналмилалӣ барои дастгирии кори онҳо дар давраи карантин 500 ҳазор доллар пардохт хоҳад шуд. FIFA инчунин ваъда додааст, ки дар рӯзҳои наздик тамоми пардохтҳои пешниҳодшударо барои дигар барномаҳо иҷро хоҳад кард.

Кӯмаки молии FIFA бояд дар моҳи июли соли ҷорӣ ба федератсияҳои миллӣ дода мешуд, аммо дар ин маврид ҳамаи маблағҳо фавран дар давоми якчанд рӯз пардохт карда мешавад.

"Пандемия барои тамоми ҷомеаи футбол мушкилоти бесобиқа эҷод кард. Қарзи FIFA дар ин ҳолат кӯмак расонидан ба онҳое аст, ки ба ин кӯмак ниёз доранд. Бо ин мақсад, мо ба ҳамаи аъзои федератсия, ки аксарияти онҳо душвориҳои молиро аз сар мегузаронанд, кӯмаки молӣ мерасонем", - гуфт Ҷанни Инфантино, роҳбари FIFA.

Дар шароити муқаррарӣ, ассотсиатсияҳо - аъзои FIFA танҳо дар сурати риояи меъёрҳои муайян маблағи пурра мегиранд. Ба ҷои ин ҳоло FIFA ин маблағро ҳамчун дастгирии фаъол ҷиҳати кӯмак барои ҳифзи футбол дар тамоми кишварҳо интиқол медиҳад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG