Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои офаридани давову ваксинаи КОВИД-19 суръат гирифтаанд


Озмоишҳои тиббии ваксина ба зидди бемории КОВИД-19 идома доранд.
Озмоишҳои тиббии ваксина ба зидди бемории КОВИД-19 идома доранд.

Раҳбарони ҷаҳонӣ қавл доданд, ки барои маҳви бемории КОВИД-19 корҳо барои озмоиши даво ва ваксина ба зидди коронавируси навро суръат мебахшанд. Бо афзоиши талошҳо барои офаридани ваксина, Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, барои аз байн бурдани пандемияи беморӣ зарур аст, созмонҳои байналмилалӣ ва раҳбарони ҷаҳонӣ ба муассисаву ширкатҳои хусусӣ кӯмак кунанд. Ӯ дар ин бора рӯзи 24-уми апрел суҳбат кард.

Дар ин рӯз моҳи Рамазон оғоз ёфт ва миллионҳо нафар аз мусулмонон дар саросари ҷаҳон дар хона ибодат мекунанд ва ҳаққи берун омадан аз хона надоранд. Мисли Тоҷикистон дар дигар кишварҳои мусулмоннишин ифтор ва намозҳои дастаҷамъӣ мамнуъ аст ва дари масҷидҳо комилан бастаанд.

Масҷид-ул-Ҳарам дар шаҳри Макка, ки дар рӯзҳои оддӣ дар он дар моҳи Рамазон даҳҳо ҳазор нафар барои ибодат меомаданд, ҳоло холист. Бо вуҷуди тавсияи мақомот барои намозгузорӣ дар хона дар вилояти Ачеҳи Индонезия ҳазорон нафар дар бузургтарин масҷиди вилоят ҷамъ омаданд. Айни саҳна дар бисёре аз манотиқи Покистон дида шуд.

XS
SM
MD
LG