Табибон дар Покистон аз ҳукумат ва рӯҳониёни бонуфуз даъват карданд, ки қарори намозгузорӣ дар масҷидҳо ба хотири хатари афзоиши мавҷи ибтило ба коронавирусро бозбинӣ кунанд. Рӯзҳои истироҳати гузашта дар остонаи фарорасии моҳи Рамазон, ки 24 апрел шурӯъ мешавад, ҳукумати Покистон таҳти фишори рӯҳоният маҳдудияти намозгузорӣ дар масҷидҳоро сабуктар кард. Рӯзи 22 апрел дар номаи Анҷумани тиббии Покистон ба номи нахуствазир Имрон Хон ва рӯҳоният таъкид шудааст, ки маҳдудият ба хотири пешгирӣ аз босуръат паҳншавии вируси нав хеле зарур аст. Онҳо гуфтанд, ки низоми беҳдошт аллакай имрӯз аз шумори зиёди беморон дар ҳолати мушкил қарор дорад. Дар Покистон, ки беш аз 220 миллион ҷамъият дорад, шумори мубталоён ба вирус аз 10 ҳазор нафар бештар шуда 212 нафар ҷон додааст. Вале омори воқеӣ метавонад аз ин ҳам бештар бошад. Табибон ҳушдор додаанд, ки каме бештар аз 3 ҳазор дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ доранд ва кормандони тиб аз камбуди сарулибоси ҳифозатӣ азият мешаванд