Мулоқоти маҳбусон бо наздиконашон дар зиндонҳои Тоҷикистон муваққатан манъ шудааст. Мақомот гуфтанд, тартиби нав бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус аз 31-уми март ба иҷро медарояд ва маҳбусон наметавонанд вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ё дарозмуддат дошта бошанд. Пайвандони бархе аз маҳбусон тасмимро саривақтӣ хонданд. Бархеи дигар гуфтанд, ин вазъият нигаронии онҳоро дар бораи шароити наздикони зиндонияшон бештар мекунад.
Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, рӯзи 31-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷуз аз манъи вохӯриҳо, маҳбусон ва кормандони зиндонҳо бо ниқобҳои махсус таъмин шудаанд.
"Инчунин, дар даромадгоҳҳо моддаҳои безараркунанда гузоштем. Дар тамоми зиндонҳо истеҳсоли ниқобҳои махсусро ба роҳ мондем ва барои тамоми маҳбусон ва кормандони зиндонҳо ниқобҳои махсус додем", - гуфт ӯ.
Мақомот мегӯянд, дар дохили зиндонҳо ҷойҳои махсус омода кардаанд, ки дар ҳолати пайдо шудани бемории ҳамагири КОВИД-19, гирифторонро ба онҷо интиқол медиҳанд.
То замони иҷрои қонуни афви соли 2019 шумори маҳбусон дар Тоҷикистон ҳудуди 13 ҳазор нафар буд. Бар асоси ваъдаи мақомот бояд 7 ҳазори онҳо озод мешуданд. Баъди ба иҷро даромадани қонуни афв маълум нест, шумораи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон чӣ қадар аст.
Хабари манъи зиёрати зиндониён бархе аз наздикони маҳбусонро хурсанд, вале бархеи дигарро нигарон кардааст.
Давлат Каримов, сокини вилояти Суғд, мегӯяд, бародараш дар яке аз зиндонҳои Душанбе аст ва баъди даҳ рӯз бояд бо ӯ мулоқот мекарданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, онҳо давоми се моҳ як дафъа ҳақ доштанд бо бародари маҳбусаш мулоқот кунанд ва аз ҳолу аҳволаш бипурсанд.
"Дар се моҳ ҳамсар ва фарзандони бародарам метавонистанд то се рӯз ҳамроҳи ӯ бошанд. Ҷиянҳоям чанд рӯз боз хурсандӣ доштанд, ки падарамро мебинем. Аз ҳама зиёд онҳо зиқ мешаванд. Акнун чӣ хел ба онҳо вазъиятро мефаҳмонӣ", - мегӯяд Давлат Каримов.
Мақомот дар ҳоле вохӯрии зиндониён бо наздиконашонро манъ мекунад, ки дар бархе аз кишварҳо барои пешгирӣ аз вируси нави корона маҳбусонро муваққатан ба хона ҷавоб доданд.
Аз ҷумла, ҳукумати Эрон беш аз 80 ҳазор зиндониро муваққатан аз маҳбас раҳо кард. Мақомоти Афғонистон низ 10 ҳазор зиндониро дар пайи хуруҷи коронавирус дар ин кишвар афв карданд.
Масъулини идораи зиндонҳои Тоҷикистон мегӯянд, феълан масъалаи озод кардани зиндониён мавриди баррасӣ нест.
Ҳомиёни ҳуқуқ фавт ва бемориҳои сироятиро аз мушкилиҳо умдаи зиндонҳои Тоҷикистон медонанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон моҳи марти соли гузашта дар гузориши худ гуфта буд, ҳарчанд барои беҳтар кардани ҳолати зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ чораҳо андешида шудааст, вазъи нигаҳдории зиндониён беҳбудӣ металабад.
Дар Тоҷикистон то ба ҳол хуруҷи коронавирус, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, ба қайд гирифта нашудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз ин, чораҳои пешгирикунанда тақвият бахшида шудааст. Аз ҷумла, ҳамаи парвозҳои байналмилалӣ манъ шуда, афроде, ки аз берун меоянд барои ду ҳафта ба карантин фиристода мешавад.