Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ғамхории ҳукумат дар ҳаққи мардум натиҷа надод? ВИДЕО


Яке аз бозорҳои Душанбе. Ҳангома дар бораи вируси нав сабаби рехтани мардум ба бозору фурӯшгоҳҳо шуд.
Яке аз бозорҳои Душанбе. Ҳангома дар бораи вируси нав сабаби рехтани мардум ба бозору фурӯшгоҳҳо шуд.

Бо вуҷуди талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои хотима додан ба таҳлукаву ҳангома дар бозору мағозаҳо, чунин вазъ рӯзи 5-уми март ҳам идома кард. Зоҳиран даъватҳои пайвастаи мардум ба оромӣ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ таъсири зиёд надоштааст, ки мағозаву бозорҳои Душанбе ва дигар манотиқ назар ба рӯзҳои пешин серодам буд.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар минтақаҳо ва видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, ки мардум барои харидани орд навбат истодаанд ва ғавғо мекунанд. Фӯру нанишастани ҳангома ва камнатиҷа будани даъватҳои мақомотро, коршиносон ба сиёсати иттилоотии ҳукумат ва нобоварии мардум ба ниҳодҳои давлатӣ ва мақомот медонанд, чун ба гуфтаи онҳо, на ҳамеша ҳақиқатро ба мардум мегӯянд.

Музаффар Олимов ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, азбаски мардум ба ғайр аз мақомоти ҳукуматӣ аз манобеи дигар низ иттило мегиранд ва мебинанд, ки вирус дар кишварҳои дигар доман мезананд, биноан ба таҳлука меафтанд. Дар ин ҳолат ба гуфтаи ҷомеашинос, матбуоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ бояд ба мардум иттиллои дуруст бирасонад, то монеи идомаи ҳангомаву таҳлука дар бозорҳо шавад.

Баъди шитоби мардум ба бозорҳо барои хариди орд, вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, сару садои беасос дар бораи сирояти вируси нав ба кишвар сабаби тарси мардум шудааст, ки худро ба бозорҳо задаанд, то маводи ғизоӣ захира кунанд.

Мақомот нархро зери назорат гирифтанд, ҳангомаи хариди орд идома дорад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Вазорат рӯзи 5-уми март гуфт, ки то ҳол дар кишвар касе ба бемории КОВИД-19 гирифтор нашудааст ва тамоми чораҳое, ки андешидаанд, фақат бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти вирус ба Тоҷикистон будааст. Рӯзе пештар рӯҳониён дар кишвар аз мардуми намозгузор хостанд, барои намози ҷамоат ба масҷидҳо наоянд. Мақомот гуфтанд, ки раҳпаймоиҳои донишҷӯён барои омодагӣ ба таҷлили Наврӯз ҳамроҳ бо худи идро лағв карданд.

Азиз Нақибзод, хабарнигори тоҷик мегӯяд, чунин, маҳз тадобири якбораи мақомот сабаби таҳлука дар байни аҳолӣ шудааст: “Якбора намоз дар масҷидҳоро манъ карданд ва мардум фикр кард, ки мушкил пеш омадааст.” Ӯ ба ҳангомаву таҳлука афтодани мардумро ба тафаккури ҷомеа рабт медиҳад, ки ба қавли ӯ фикр мекунанд, ки “дар асри 21 ҳам бе орд” мемонанд. Айни замон ба қавли Азиз Нақибзод, мардум ба мақомот бовар надоранд ва ба бисёре аз баёниҳои онҳо бо шубҳа менигаранд.

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори дигари тоҷик низ ба ҳамин назар аст ва мегӯяд, дар Тоҷикистон умдатан иттилои расмӣ аз воқеият фарқ мекунад: “Дар масоили сиёсӣ ва ҳуқуқи сиёсии худ, шояд мардум фаъол набошад, вале бо назардошти хадамоти сусти тиббӣ медонад, ки бояд дар андешаи сиҳатиаш бошад. Сабаби дигари ҳангома ин аст, ки қиматҳо мумкин аст, боз ҳам боло равад, аз ин рӯ мардум мекӯшад, пештар ва бо қимати муносибтар бихарад. Онҳо бовар надоранд, ки мақомот қиматҳоро нигаҳ медоранд ва ё ба назм медароранд.”

Тавсияи вазорати тандурустӣ ба сокинони Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

Ба ақидаи Рамзия Мирзобекова, тадобире, ки ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз сирояти беморӣ ба Тоҷикистон андешид дар воқеъ зарурӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст, вале ҳайратангез он аст, ки мардум ба он бовар намекунад. То кунун дар кишвар сафар ба Чинро манъ карданд, дар фурудгоҳҳо таби мусофиронро месанҷанд ва сипас роҳ медиҳанд ва онҳоеро, ки аз Чин баргаштаанд, баъди муониаи ҳатмии 15 рӯза ҷавоб додаанд.

Соҳибёри Толиб, хабарнигори дигари тоҷик, корбаронеро танқид кардааст, ки мардуми оддиро барои ба таҳлука афтодану ғавғо барои харидани орду рӯған масхара кардаанд. Ба андешаи ӯ, сабаби чунин рафтори омма дар Тоҷикистонро бояд дар гузашта ҷуст ва рафторашон ҳам мантиқист. Соҳибёри Толиб дар Фейсбук навиштааст: Чаро мардум орд захира мекунад? Ба адолати иҷтимоӣ ва дурнамои иқтисодии кишвар бовар надорад. Бовар карда, пешпо хӯрд. Замоне ба сиёсати Бонки миллӣ бовар карда, пулҳояшро дар бонкҳо нигоҳ дошт. Сандуқҳо холӣ шуд ва пушти дари бонкҳо доду вой. То имрӯз бонкҳо аз мардум қарздор ва барои таъхиру ноӯҳдабароӣ ҷуброн ҳам намепардозанд. Барои аз нав ба қайд гирифтани симкортаке рӯзҳо паси дари ширкати мобилӣ навбат пойидан анҷом наёфтааст. Имрӯз мардум талош мекунад, то аз хатаре ҷони кӯдаконашро ҳифз кунад. Орд харидани мардум аз нодонӣ аст? Дар ин вазъ чаро мардум ба “корҳои фаҳмондаДиҳӣ” ва ояндаи бозорҳои инҳисоршуда бовар кунад?”

Дар гузашта коршиносон ва нозирон ҳукумати Тоҷикистонро барои нашри иттиллои номукаммал дар бораи қазияҳои пурсарусадо танқид кардаанд. Аз ҷумла сукути ҳукумат дар бораи ошӯбҳо дар зиндонҳои шаҳри Ваҳдат ва Хуҷанд, ҳамла ба посгоҳи “Ишқобод” ва ҳам баргузор кардани муҳокимаҳои пурсарусадо паси дарҳои баста.

Ҳукумат ба ин танқидҳо посух нагуфтааст, вале рӯзи 5-уми март баъд аз ғавғову ҳангомаҳо ва холӣ шудани рафи мағозаву бозорҳо, якбора чанд вазорату ниҳодҳои давлатӣ, баёнияву изҳорот доданд, ки мардум ором бошад, зеро “ҳама чиз кофист ва ба ҳама мерасад.” Аммо ин баёнияҳо баъди он буд, ки қимати маводи ғизоӣ ва бахусус орд дар баъзе минтақаҳо то 25 дар сад боло рафт.

XS
SM
MD
LG