Қатъи назар аз тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки маъракаи асосии ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Пештар Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дода буд, ки аз баргузории ҳамагуна маъракаҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.
Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт, маъракаи расмии Наврӯз 22-юми март дар варзишгоҳи марказии Хуҷанд мегузарад.
Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” гунҷоиши то 25 ҳазор нафарро дорад, аммо мақомот феълан намегӯянд, ки барои ҷашни Наврӯз чӣ қадар аз шаҳрвандон ба инҷо даъват шудаанд.
Қаблан гуфта мешуд, ин ҷашн бо иштироки беш аз 7 ҳазор нафар баргузор мешавад. Тайи моҳҳои охир садҳо хонандаву донишҷӯ низ роҳпаймоӣ дар ин маъракаро тамрин мекарданд, ҳарчанд Вазорати маориф ва илм расман рӯзи 4-уми март бо ҳадафи пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирус онро манъ карда буд.
Худдорӣ накардани мақомот аз таҷлили Наврӯз бо интиқодҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд, чун ба қавли мунтақидон, ҳангоми ҷашн мардуми зиёд ҷамъ мешаванд ва эҳтимоли сироятёбӣ ба бемориҳо зиёд аст. Мақомот ин интиқодҳоро рад карда мегӯянд, дар кишвар то ҳол сироятёбӣ ба ин беморӣ сабт нашудааст ва ба ин хотир монеи баргузории ҷашни Наврӯз намешаванд.
Галина Перфилева, масъули Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, онҳо ҳаққи маҷбурӣ манъ кардани баргузории чорабиниву ҷашнеро дар як кишвар надоранд, аммо аз паёмадҳои чунин иқдом кишварҳоро огоҳ мекунанд.
"Манъи чунин маъракаҳо кори мо нест, ин тасмимро худи кишвар мегирад, вале вазифаи мо ҳамкорӣ ва арзёбии хатар ва пешниҳоди кумак ба Вазорати тандурустӣ барои омодагӣ аст. Ҳар кишвар вобаста ба шароиту имконияти худ тасмим мегирад. Ҳоло кишварҳое кам мондаанд, ки ба ин вирус олуда нашудаанд. Аз кишварҳои ҳамсоя танҳо Туркманистон ва Тоҷикистон мондаанд, ки дар онҳо ягон маврид ошкор нашудааст", -- афзуд ӯ.
Имсол сирояти коронавирус дар ҷаҳон барномаҳои таҷлил аз онро дар аксар кишварҳо бекор ва ё маҳдуд кардааст, аз ҷумла дар Эрону Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Узбекистон, ки шомили ҳавзаи Наврӯзанд.
Ба муносибати ин ид дар Тоҷикистон чаҳор рӯз истироҳат муқаррар шудааст.