Дар Қазоқистон, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ҳарчи бештари вируси хатарноки КОВИД-19, вазъи фавқулода эълон шуд.
Сомонаи расмии президенти Қазоқистон рӯзи якшанбе хабар дод, ки қарори нав аз 16-уми март ба иҷро медарояд ва то 15-уми апрел идома хоҳад кард.
То кунун дар Қазоқистон ҳашт мавриди гирифтор шудани сокинон ба вируси нав сабт шудааст. Панҷ нафари онҳо дар Алмато ва дуи дигар дар шаҳри Нурсултон ҳастанд, аммо дар бораи дар куҷо будани як нафари дигар иттилоъ дода намешавад.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар замони вазъи фавқулода кори марказҳои бузури тиҷоратӣ маҳдуд шуда, фаъолияти марказҳои дилхушӣ, театру намоишгоҳҳо, бозиҳои варзишӣ ва маросими ёдбуд муваққатан манъ мегардад. Ҳамчунин равуо ба ин кишвар маҳдуд карда мешавад.
Коронавирус, ки охири соли гузашта дар Чин кашф шуд, то кунун беш аз 156 ҳазор нафарро гирифтор карда, боис ба марги тақрибан 6 ҳазор нафар дар ҷаҳон шудааст. Узбекистон кишвари дувуми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 15-уми март мубтало шудани як шаҳрванди ин кишварро ба вируси нав тасдиқ кард.