Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 15000 сомонӣ -- ба ҳар метри бозори "Корвон". Тоҷирон шикоят доранд


Яке аз даромадгоҳҳои бозори Корвон
Яке аз даромадгоҳҳои бозори Корвон

Тоҷирони "Корвон", бозори бузургтарин дар Тоҷикистон, шикоят доранд, ки маъмурияти бозор ба ҳар метри мураббаъ фурӯшгоҳи онҳо 15 ҳазор сомонӣ (қариб 1,5 ҳазор доллар) талаб дорад. Бархе аз ин тоҷирон гуфтанд, тавони пардохти чунин маблағро надоранд ва маҷбуранд, тарки пеша кунанд. Маъмурияти бозор мегӯяд, то ҳол аз касе пул нагирифтааст, аммо барои навсозии бозор, воқеан, ба пули зиёд эҳтиёҷ доранд.

Зариф, тоҷири бозори "Корвон", 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ба мо мегӯянд, касе ҳамин миқдор пулро диҳад, баъд аз навсозӣ ба ӯ иҷора медиҳем, агар нахоҳед, баромада равед. Ҳоло он ки соли 2010 бо пули худам ин фурӯшгоҳро сохтам. Ман ба онҳо бояд 60 ҳазор сомонӣ диҳам. Аз куҷо ин маблағро меёбам? Ин хел фоида надидаам".

Як мояи нигаронии соҳибкорон ин аст, ки баъд аз анҷоми навсози бозор онҳо ба мағозаҳои худ ҳеч гуна ҳақ нахоҳанд дошт ва танҳо чун иҷорагир метавонанд истифода кунанд.

Ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ аз шумори соҳибкорони бозори "Корвон" гуфт, аз фурӯшгоҳи ӯ маъмурияти бозор 35 ҳазор доллар талаб дорад, ки на ӯ ва на ҳампешагони дигараш имкони пардохти ин маблағро надоранд.

"Мо танҳо либос мефурӯшем. Ҳоло асосан моли Узбекистонро. Аз куҷо чунин даромад дорем? Аз соли 2015 инҷониб савдо суст шудааст. Мардум пули зиёд надорад ва мисли пешин либос намехарад", -- афзуд ӯ.

Айни чунин шикоятро ба камияш се тоҷири бозори "Корвон" ба Радиои Озодӣ баён карданд. Тоҷирон мегӯянд, бо фурӯши либос, ҷиҳози хона ва молҳои ниёзи мардум зиндагии миёнҳолонаи оилаашонро таъмин мекунанд ва тасмими нави маъмурияти бозор барои онҳо "шонсе барои идомаи тиҷорат намегузорад". Онҳо мегӯянд, маҷбуранд, тарки пеша кунанд ва рӯ ба Русия оранд.

Дар ҳамин ҳол, маъмурияти бозор гуфт, шаҳрдории Душанбе дастур додааст, ки бозори "Корвон" навсозӣ шавад ва онҳо барои иҷрои ин кор ба пули зиёд ниёз доранд.

Як гӯшаи бозори Корвон баъд аз сӯхтор. Тобистони соли 2017
Як гӯшаи бозори Корвон баъд аз сӯхтор. Тобистони соли 2017

Ҳалима Мавлонова, мудири бозори "Корвон", рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори раиси шаҳр бозор бояд навсозӣ шавад ва аз чанд тараф роҳу таваққуфгоҳҳо бунёд гардад.

Ӯ афзуд: "Аз ҷониби дарвозаи 17-ум 18 адад ва аз тарафи боло 72 хонаи истиқоматиро мехарем. Дар ҷойи 72 хона роҳу кабудизор ва таваққуфгоҳи 5-ошёна месозем. Ҷойи хонаҳои ҷониби дигар таҳхона ва таваққуфгоҳ мешавад. Баъдан ба ҳар як соҳибкор “чип” дода мешавад, ки бо он даромадаву баромада тавонад. Бозор замонавӣ мешавад. Ин барои соҳибмулки бозор хеле гарон меафтад. Инҷо касе манфиати кисаи худашро фикр накарда истодааст."

Ба ширкати "Бозори Корвон", ба гуфтаи маъмурон, танҳо растаҳои қисмати чапи роҳ тааллуқ дорад ва то кунун бештари даромадро моликони фурӯшгоҳҳо мегиранд. Пас аз навсозӣ молики бозор ният дорад, ки ҳамаи фурӯшгоҳҳоро ба ихтиёри худ бигирад ва ба тоҷирон танҳо ба иҷора диҳад.

Мавлонова мегӯяд, "маъмурияти бозор ягон касро маҷбур накардааст, ки пул диҳад. Дар вақташ бозор якбора кушода шуда буд, чандон тайёр набуд. Ҳар як гӯшаи бозор ба худаш соҳиб пайдо кард. Баъзе афрод дӯконро ба каси дигар ба иҷора дода, пули бисёр мегиранд, аммо маъмурияти бозор аз ҳар метр ҳамагӣ 30 сомонӣ мегирад".

Молики бозори "Корвон" Нуршед Машрабов, писари Хол Машрабов, раиси собиқи Кумитаи андоз аст. Хол Машрабов ҳоло дар қайди ҳаёт нест.

"Корвон" дар оғози бунёдаш бо 27 гектар масоҳат калонтарин бозори Тоҷикистон буд. Дар гузашта ин бозор чанд бор оташ гирифта, молу колои тоҷирон дар садҳо дӯкон ба коми оташ рафтааст.

Сӯхтори аз ҳама бузург соли 2012 рух дода буд, ки мақомоти интизомӣ сабаби сар задани онро "оташ задан" унвон карданд ва дар он ҳодиса 2250 дӯкон ва 8 ҳазор метри мураббаъ қаламрави бозор ба коми оташ рафт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG