Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Русияро ба дурӯғпароканӣ дар бораи вируси нав муттаҳам кард


Корманди чинӣ, як истгоҳи роҳи оҳанро дар шаҳри Нанчанг безарар мекунад. Акс аз рӯзи 22-уми январи соли 2020
Корманди чинӣ, як истгоҳи роҳи оҳанро дар шаҳри Нанчанг безарар мекунад. Акс аз рӯзи 22-уми январи соли 2020

Мақомоти Амрико гуфтаанд, ҳазорон саҳифаҳои марбут ба Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба густариши бемории нави КОВИД-19 воҳима бармеангезанд ва ба дурӯғпароканӣ машғуланд.

Мақомоти вазорати умури хориҷии Амрико, ки дар муқобила бо дурӯғпарокании Русия саҳм доранд рӯзи 22-уми феврал гуфтанд, ки саҳифаҳои тақаллубии зиёде дар Твиттер, Фейсбук, Инстаграм ба забонҳои гуногун хабарҳои дурӯғ паҳн мекунанд. Филлип Рикер, дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури Аврупо ва Авруосиё гуфтааст: “Нияти Русия коштани ихтилоф, ба хатар андохтани ниҳодҳои Амрико ва аз дохил хароб кардани эътилофҳо аст ва ин нияташро аз ҷумла ба василаи маъракаҳои бадномсозӣ ва таъсиргузорӣ амалӣ мекунад.”

Ба гуфтаи Рикер, саҳифаҳои марбут ба Русия “таваҷҷӯҳ ба вокуниши байналмилалиро ба дигар самт бурда ва дигарбора сиҳати оммаро ба хатар меандозанд.” Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 22-уми феврал дар посух ба иддаоҳои Амрико, онҳоро “дурӯғи амдӣ” номид.

Мақомоти Амрико гуфтаанд, Русия бо маъракаи дурӯғпароканӣ чунин иттиллои беасос нашр кардааст, ки вируси КОВИД -19 аслиҳаи биологиест, ки Хадамоти Ҷосусии Амрико барои пеш бурдани “ҷанги иқтисодӣ бо Чин офаридааст” ва ё талоши кишварҳои Ғарб барои расонидани паёмҳоест, ки ба зидди Чин равона шудаанд.

"Ихтиёри том" барои ҷанги иттиллоотӣ

Бар асоси гузорише, ки як маркази вазорати умури хориҷии Амрико нашр кард, чанд ҳазор саҳифа дар Интернет, ки қаблан дар бораи “нақши мусбати Русия” дар ҷанги Сурия ва тазоҳуроти коргарон дар Фаронса паём нашр мекарданд, “айни паёмҳоро ” дар бораи вируси КОВИД-19 паҳн мекунанд. Паёмҳо ба забонҳои англисӣ, испониёӣ, итолиёӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ дар вақтҳои гуногун нашр мешаванд ва бино ба гузориши вазорати умури хориҷии Амрико аз шабакаҳое меоянд, ки сарчашмаҳояшон дар Русия аст. Паёмҳо низ мисли гузоришҳоест, ки расонаҳои Русия, ба мисли телевизиони Russia Today ва ё Спутник нашр мекунанд.

Хабаргузории “Франс Пресс” аз қавли як мақоми вазорати умури хориҷии Амрико навиштааст, зоҳиран ба маъмурони Русия “ихтиёри том” додаанд, ки ба Амрико ҳамла кунанд. Ба бовари мақомоти Амрико, маъракаи дурӯғпароканӣ аз ҳоло расидагӣ барои рафъи бӯҳрони беҳдоштиро мушкил сохтааст, бахусус дар Африқову Осиё, ки нисбат ба чораҳои андешидаи кишварҳои ғарбӣ шубҳа пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG