Мақомоти Эрон мегӯянд, ду нафари дигар бар асари сирояти вируси нав ба ҳалокат расидаанд ва ҳамингуна теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар ба 8 нафар расид. Баъд аз Чин маркази хуруҷи беморӣ, Эрон дуввумин кишвари дунё бо болотарин талафот аз вируси COVID-19 шуд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи 23-уми феврал зимни сӯҳбат бо телевизиони давлатии Эрон гуфт, то ин рӯз 15 мавриди нави сирояти вирусро сабт кардаанд ва дар умум ин вирус 43 нафарро бемор кардааст. Киёнуши Ҷаҳонпур нагуфт, ки қурбониёни беморӣ аз куҷо будаанд ва кай фавтидаанд.
Айни замон матбуоти Эрон аз қавли Аббос Мусавӣ, мудири Донишгоҳи Улуми Тиббӣ дар вилояти Мозандарон навиштаанд, як марде, ки Теҳрон ба Тунакобун яке аз шаҳрҳои вилоят омада буд, аз бемории нав фавтидааст. Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи 22-уми феврал гузориш дод, ки дар саросари кишвар 785 нафар эҳтимолан ба бемории КОВИД -19 гирифтор шудаанд ва мумкин аст, теъдоди онҳо зиёдтар шавад. Аз ин пештар хабаргузории Олмон аз қавли Киёнуши Ҷаҳонпур навишт, ду фарди гирифторшуда ба бемориро дар Теҳрон ва 8 нафари дигарро дар шаҳри Қум 120 километрии ҷануби пойтахт сабт кардаанд.
Аз тарси доман паҳн кардани беморӣ, мақомот дар Эрон равуои мардумро ба маконҳои умумӣ маҳдуд карданд. Як мақоми расмӣ ба хабаргузории нимарасмии “Форс” гуфтааст, ки зиёрати маконҳои муқаддас барои шиаён дар Ироқ манъ шудааст. Вазорати беҳдошт, таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои чанд шаҳрро боздошт ва кинотеатрҳоро низ баст. Барномаҳои ҷашнӣ ва консертҳоро ҳам лағв кардаанд. Бозиҳои футбол ҳамчунон баргузор мешаванд, вале дар майдонҳои беодаму бидуни мухлисони дастаҳо.
Мину Маҳроз, як мақоми расмии вазорати беҳдошти Эрон гуфтааст, беморӣ шояд аз байни коргарони чиние паҳн шудааст, ки дар шаҳри Қум ба сохтмони як нерӯгоҳи барқи хуршедӣ машғуланд. Аввали ҳафта Ироқ, Кувайт ва Арабистони Саудӣ аксари парвозҳо аз Эрон ва баръаксро мамнӯъ карданд. Дар Чин, ки вирус моҳи декабр аз онҷо пайдо шуд, то ҳол 2300 нафар фавтидаанд. Теъдоди гирифторони зиёд ҳамчунин дар Куриёи Ҷанубӣ сабт шудааст. Дар инҷо вирус ба 556 нафар сироят кардааст.
Дар Тоҷикистон, ки ҳамсояи Чин аст, ба гуфтаи мақомот то ҳол касе ба бемории нав гирифтор нашудааст, вале барои эҳтиёт садҳо нафарро баъди бозгашт аз Чин дар шифохонаҳову дигар муассисаҳои муолиҷавӣ барои ду ҳафта нигаҳ дошта ва ҷавоб додаанд. Бемории нав, ки аз ҳайвон ба инсон сироят кардааст, шабеҳи илтиҳоби шуш аст ва то ҳол аксаран афроди куҳансол ва гирифторон ба бемориҳои музминро ҳалок кардааст.