Мақомоти Чин се рӯзи пайиҳам аз коҳиши сирояти вируси нав гузориш медиҳанд, вале Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, аз ҳоло дар бораи чӣ гуна идома ёфтани бӯҳрон чизе гуфтан зуд аст.
Мақомоти Чин рӯзи 16-уми феврал гуфтанд, ки вирус 142 нафари дигарро куштааст ва дар умум теъдоди ҳалокшудагон дар худи Чин ба 1665 расидааст.
Ми Фенг, сухангуи вазорати тандурустии Чин рӯзи 16-уми феврал гуфт, тадбирҳои андешидаи кишвар барои роҳ надодан ба густариши вируси COVID-19 натиҷа дод. Дар рӯзи 16-уми феврал теъдоди гирифторон 2009 нафарро ташкил додааст, ки назар ба рӯзҳои гузашта камтар аст. Дар маҷмуъ вируси наве, ки аз ҳайвонот ба инсон сироят кардааст, дар Чин 68500 нафарро бемор кард. Се рӯз пештар Чин эълон кард, ки баъди истифода аз василаҳои нави муоинаву ҳисоби беморон дар вилояти Ҳубей маркази аслии хуруҷи беморӣ 15 ҳазор мавриди нави сироятро сабт кардаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Чин, то кунун бештар аз 9400 нафарро ҳам муолиҷа карда ва аз шифохонаҳо ҷавоб додаанд. Вируси нав дар саросари ҷаҳон 69 000 нафарро бемор кард вале дар хориҷ аз Чин фақат 4 нафар ҷон додаанд. Яке дар Ҳонк Конг, як нафар дар Ҷопон ва як нафарӣ дар Филлипину Фаронса.
Тафтиши чораҳои пешгирӣ аз доман задани беморӣ
Бо вуҷуди коҳиши сирояти беморӣ, Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, пешбинӣ дар бораи ояндаи беморӣ бисёр зуд аст. Гуруҳе аз мутахассисони байналмилалӣ аз ин муассисаи Созмони Милал охири ҳафта ба Чин рафтанд, то ба гуруҳи мутахассисони чинӣ бипайванданд. Ба гуфтаи вазорати тандурустии Чин, онҳо се вилояту шаҳрро тафтиш мекунанд, ки барои пешгирӣ ва назорати беморӣ чӣ гуна чора андешидаанд.
Вируси нав моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳон, маркази вилояти Ҳубей пайдо шуд ва аксарияти беморон аз ҳамин шаҳр ҳастанд. Аз он замон то кунун вирус дар 24 кишвар паҳн шуд ва мақомоти Чинро маҷбур кард, барои пешгирӣ аз доман задани он чораҳои зиёде биандешанд ва аз ҷумла дарҳои равуои шаҳре бо аҳолии 60 миллион нафарро бубандад.
Кишварҳои хориҷӣ ҳам барои роҳ надодани беморӣ маҳдудияти сафар барои мусофирон аз Чинро эълон карданд. Чандин мусобиқаҳои бузурги варзишӣ ва конфронсҳои муҳими байналмилалӣ ҳам лағв шуд. Дар Тоҷикистон садҳо нафарро, ки аз Чин баргаштаанд, барои ду ҳафта муоина карда, сипас аз шифохона ҷавоб додаанд. Мақомоти вазорати тандурустӣ гуфтанд, ки то кунун ҳеҷ мавриди сирояти вируси нав дар Тоҷикистон сабт нашудааст.