Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши гуштигирони тоҷик барои роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020


Искандари Рустам, паҳлавони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.
Искандари Рустам, паҳлавони тоҷик. Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, ки рӯзҳои 18-24-уми феврал дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи гуштии Тоҷикистон, дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии варзишӣ (гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва гуштии озод миёни занон) 275 варзишгар аз 24 кишвар иштирок хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 15 варзишгар – ҳафтнафарӣ аз рӯи гуштии озод ва юнониву румӣ, як нафар оид ба гуштии занона намояндагӣ мекунанд:

Гуштии юнониву румӣ
1. Фирӯз Мирзораҷабов (60 кг)
2. Мубинҷон Аҳмадов (63 кг)
3. Зайниддин Қамаров (67 кг)
4. Лоиқ Амирхонзода (72 кг)
5. Муслиҳиддин Уроқов (77 кг)
6. Суҳроб Абдулҳаев (87 кг)
7. Мирзоамин Сафаров (97 кг)

Сармураббӣ – Фаррух Беков

Гуштии озод
1. Ҳикматулло Воҳидов (57 кг)
2. Муҳаммад Икромов (61 кг)
3. Ҷамшед Шарифов (65 кг)
4. Ғуломҷон Шарифов (74 кг)
5. Баҳодур Қодиров (86 кг)
6. Искандари Рустам (97 кг)
7. Фарҳод Анақулов (125 кг)

Сармураббӣ – Абдурозиқ Олимов

Гуштии озод миёни занон
1. Ватансултон Шакаршоева (53 кг)

Бояд гуфт, ки қаҳрамонии Осиё мусобиқаи литсензионӣ оид ба гуштии варзишӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар минтақаи «Осиё» ба шумор меравад.

Дар аввалин рӯзи рақобатҳо, 18-уми феврал, варзишгарон дар риштаи гуштии юнониву румӣ дар вазнҳои 55, 63, 77, 87 ва 130 кг қувваозмоӣ мекунанд. Рӯзи 19-уми феврал гуштигирони вазнашон 60, 67, 72, 82 ва 97 кг ба рақобат мепардозанд.

Рӯзҳои 20-21-уми феврал мусобиқа оид ба гуштии озод миёни занон доир мегардад. Ширкаткунандагон нахуст дар вазнҳои 50, 55, 59, 68, 76 кг ва баъдан дар вазнҳои 53, 57, 62, 65, 72 кг барои ҷоизаҳо мубориза хоҳанд бурд.

Рӯзҳои 22-23-юми феврал мардон дар намуди гуштии озод рақобат мекунанд. Аввал гуштигирон дар вазнҳои 57, 65, 70, 79, 97 кг, сипас дар вазнҳои 61, 74, 86, 92, 125 кг қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Федератсияи байналмилалии гуштӣ (UWW) ба Олимпиадаи Токио 288 роҳхат тақсим менамояд. Варзишгарон дар мусобиқаҳо барои 18 маҷмуи медалҳо – 6-тоӣ оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ ва 6-то оид ба гуштии озод миёни занон – мубориза мебаранд. Дар ҳар як вазн дар Олимпиада 16 варзишгар иштирок мекунад.

Мусобиқоти литсензионӣ оид ба гуштии варзишӣ ҳанӯз соли 2019 шуруъ шуда буд. Аввалин роҳхатҳоро ба Токио гуштигирон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Нурсултон (Қазоқистон) ба даст оварданд. Вале варзишгарони тоҷик аз роҳхатҳои олимпӣ бенасиб монданд. Ҳамакнун онҳо имконият доранд, ки дар ду мусобиқаи литсензионӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио талош варзанд. Мусобиқаи литсензионии ҷаҳонӣ рӯзҳои 30-юми апрел - 3-юми май дар Софияи Булғористон баргузор мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG